Инсон зиндагиро дӯст медорад.
Инсон зиндагиро дӯст медорад. Вай мехоҳад, ки боз зиндагии аз ин ҳам ширинро аз сар гузаронад. Мехоҳад ба қуллаҳои баланди ҳаёт парвоз намуда, аз лаҳзаҳои беғубори он баҳраманд шавад. Барои он ки зиндагиаш рангинтар ва ширинтар бошад, дар назди худ мақсад мегузорад, ки дорои илму заковати писандида шавад.
Яке аз чунин инсонҳо омӯзгори пуртаҷрибаи мактаби таълимоти умумии рақами 12-уми ноҳияи Сӯх Эркинҷон Ҷамолов мебошад. Вай аз даврони мактабхонӣ ба қиблагоҳи худ, яъне падари азизаш ихлос ва ҳавасмандӣ зоҳир менамуд ва кӯшиш мекард, ки илму адаб омӯзад ва пайрави падар шавад. Инак, чанд сол мешавад, ки ба кӯдакони даврони истиқлол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.
Эркинҷон Ҷамолов хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд дар бахши суханшиносӣ мебошад. Дар баробари мутолиаи китобҳои дарсӣ ба хондани адабиёти бадеӣ таваҷҷӯҳи беандоза дорад.
Муаллим касби худро хеле дӯст медорад ва шогирдонро дар рӯҳияи садоқат ба халқу ватан тарбият менамояд. Падараш Саҳобиддин Ҷамолов дар гузашта яке аз омӯзгорони пешқадами мактабе буд, ки ҳоло писар он ҷо фаъолият мекунад. Домулло Саҳобиддин ба фарзандони мардуми деҳаи Қизилқиёқ навиштану хонданро омӯзонидааст ва ба онҳо аз одаму одамгарӣ сабақ додааст. Имрӯз вай давлати пирӣ меронад.
Эркинҷон Ҷамолов давомдиҳандаи кори падари худ буда, дар кори таълиму тадриси фарзандони мардум масъулият ҳис мекунад, то ки онҳо инсонҳои баору номуси диёри худ шуда ба воя расанд.
– Омӯзгор ҳамеша дар баҳри илму адаб ғӯтавар аст, зеро аввал худаш дарси одобу ахлоқро аз Рӯдакию Саъдӣ, Ҳофизу Аттори Нишопурӣ, Мавлои Руму Ҷомӣ, Навоиву Мирзо Бедил, Аҳмади Донишу устод Айнӣ, Турсунзодаву Лоҳутӣ ва Лоиқу Бозор меомӯзад. Баъд онро ба шогирдон интиқол медиҳад, – мегӯяд омӯзгори соҳибтаҷриба.
Тавре ки вай меафзояд, дарси муаллими забон ва адабиёти тоҷик бояд ҳамеша обуранги тару тозаро касб намояд, он ба забони шево ба ҳар як шогирд бирасад.
Ҳар як дарси Эркинҷон Ҷамолов бо тайёрии ҳамаҷониба мегузарад. Вай зуд-зуд дарси кушод ташкил мекунад.
Боре ҳамроҳи директори мактаб И. Мамасолиев,ҷонишинони ӯ оид ба таълим М.Юлдошмаҳмадов ва оид ба маънавият ва маърифат А. Ашӯров вориди синфи 6-ум шудем. Мавзӯи дарс «Ситоиши ҳунар аз нигоҳи Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ» буд. Мавзӯи дарс дар тахтаи синф бо хати зебо навишта шуд. Ба воситаи видеопроектор дар экран суратҳои Низомӣ, Саъдӣ ва Ҷомӣ акс ёфта буд. Дар гӯшаи дигар зарбулмасалу мақол ва панду ҳикматҳо аз осори се бузургони адабиёт оиди меҳнат ва касбу ҳунар ҳусни ин дарсро афзоиш медод ва диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекард.
Дарси кушоди муаллим ба таври ноанъанавӣ ва усули «ҳуҷуми ақлӣ» гузашт. Албатта, он ба ҳар як шогирд таъсири мусбии худро гузошт. Дар ин бахши дарс шогирдон дарк намуданд, ки бархурдор будан аз фазилатҳои хуби инсонӣ, ҳунару ҳунармандӣ дар оянда барояшон манфиати зиёд меоварад.
Хонандагони фаъоли ин синф Ё. Баҳориддинов, М. Узоқбоев, Ҳ. Асадуллоев, Ф. Муродҷонова, М. Муҳаммадҷонова, С. Хайриддинова ва дигарон дар ҷараёни дарс намунаҳо аз ашъори ин бузургон қироат карданд.
– Дар дарс муаллим боис шуд, ки аксари шогирдон хеле фаъолнокӣ нишон диҳанд. Маълум шуд,ки Эркинҷон тавонистааст шавқу ҳаваси толибилмонро нисбат ба мероси бузургони адабиёт бедор кунад. Дарс бо асбобҳои айёнӣ ва ҳам бо таҷҳизоти гуногун оро дода шуд. Хонандагони синф зимни таҳлили панду андарзҳо ба умқи он сарфаҳм рафтанд, ки ин хеле комёбии калон аст, – гуфт Исроилҷон Мамасолиев.
Шогирдони Эркинҷон Ҷамолов дар озмунҳои фаннӣ фаъол иштирок намуда, шаъну шарафи мактабашонро баланд мебардоранд. Ҳамчунин маҳфили “Китобхони ҷавон” таҳти сарварии ӯ мегузарад. Хонандаи синфи 8-ум Ҷаҳонгир Алиҷонов аз рӯйи озмуни «Китобхонони ҷавон» дар ноҳия ғолиб дониста шуд ва роҳхат ба даври сеюми онро ба даст овард. Э.Ҷамолов роҳбарии маҳфили « Нури адаб»-ро низ ба ӯҳда дорад. Вай дар ин маҳфил хонандагонро бо навгониҳои фанни забон ва адабиёти тоҷик ошно мекунад, таваҷҷӯҳи онҳоро ба шеъру адаб меафзояд.
Ҳувайдост, ки шогирдонаш аз дарсҳои ӯ ҷиҳатҳои инсондӯстӣ, накӯкорӣ, поктинатӣ, ҳалимӣ, меҳру муҳаббат ва фазилатҳои дигари одамиятро меомӯзанд. Вай ба онҳо падарвор ғамхорӣ намуда, дар тарбияву ба камол расидани шогирдон заҳмати зиёд мекашад.
Шоир фармудааст:
Азизу муътабар бошад
муаллим,
Ба ҳар кӯдак падар
бошад муаллим.
Мӯъмин МАҲМАДИЕВ,
ноҳияи Сӯхи
вилояти Фарғона.