Фабрикаи мебелсозии Шаҳрисабз яке аз коргоҳҳои бузурги минтақа ба ҳисоб меравад, ки маҳсулоти он дар хориҷ низ харидорони худро пайдо кардааст.
Дар ин авохир Президент аз кулли раҳбарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дархост намуда буд, ки ҳаҷми воридоти сармояҳои хориҷиро дар ҳудуди минтақаи худ биафзоянд ва аз ҳисоби ин маблағ корхонаҳои нави ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд кунанд. Ба гуфтаи раҳбари давлат, сохта шудани чунин коргоҳҳои замонавӣ ба салоҳияти содиротии кишвар афзуда, боиси фаровонии рӯзгори мардум хоҳанд гашт. Пеш аз ҳама, ҷойҳои нави кор ба вуҷуд меоянд ва қишри бекори аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Дархости Президент дар вилояти Қашқадарё ба таври бояду шояд дар амал иҷро мегардад.
Сохта ба истифода дода шудани фабрикаи мебелсозии Шаҳрисабз далели гуфтаҳои болост. Ин коргоҳ аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҳисорак гидро қурилиш» сохтаву кунун пурра ба кор шурӯъ кардааст. Барои сохтани фабрикаи мазкур аз ҳисоби маблағи сармояҳои хориҷӣ 3 миллион доллар сарф шудааст. Корхона бо ҳамкории мутахассисони соҳаи мебелсозии Туркия бунёд гардида, иқтидори истеҳсоли солонааш 162 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.
Ҳоло корхона бо се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бобати хариду фурӯши маҳсулоти мебел қарордоде ба имзо расонд, ки ба ин кишварҳо то охири сол ба миқдори 2 миллион доллар маҳсулоти тайёр содир намояд. Назар ба таъкиди мутахассисони соҳа, соли оянда ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба 4 миллион доллар расонда хоҳад шуд.
Мебелсозони шаҳрисабзӣ ният доранд, ки талаботи рӯзафзуни бозори дохиливу хориҷиро бо маҳсулоти хушсифати худ қонеъ гардонда, дар байни коргоҳҳои истеҳсолкунандаи мебел яке аз пешгомҳои минтақа шаванд. Ҳоло дар коргоҳи мазкур 180 кас бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, бо тавсиа ёфтани корхона ва ҳаҷми кори он ҷойҳои иловагии шуғл ба вуҷуд хоҳанд омад.
Шариф ХАЛИЛ,
мухбири
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.