АЗНАВКОРКАРДИ МЕВАВУ САБЗАВОТ ВА АНГУР

Ба ҳама маълум аст, ки анборҳои махсусе, ки то замони истиқлолият барои нигоҳ доштани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, пахта ва ғалла бунёд гардида буданд, имрӯз куҳна ва корношоям шудаанд.

Ба ҳама маълум аст, ки анборҳои махсусе, ки то замони истиқлолият барои нигоҳ доштани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, пахта ва ғалла бунёд гардида буданд, имрӯз куҳна ва корношоям шудаанд. 
Солҳои охир аз ҷониби ҳукумати кишвар ба соҳаи ангурпарварӣ, боғдорӣ ва маҳсулоти полизӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва ба ин самт аз тарафи бонкҳо ҷудо гардидани кредиту субсидияҳо низ сир нест. Дар ин бора аз ҷониби давлат на фақат нақшаҳои зиёд намудани маҳсулоти боғу токпарварӣ ва полизӣ, балки нигоҳ доштан ва ба истеъмолгарон расонда додани онҳо низ тасдиқ шудааст. Чунин корҳо аз тарафи вазоратҳои махсус, ташкилот ва иттиҳодияҳо, хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва шӯрои соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигии Ӯзбекистон ба амал бароварда мешаванд. 
Алҳол дар минтақаҳои мамлакат беш аз 300 корхонаи азнавкоркард (саракунӣ, хушккунӣ, брикетсозӣ...) фаъолият мебаранд ва маҳсулотҳояшонро содир менамоянд. Аммо имрӯз низ мушкилоти ба истеъмолгар расонда додани маҳсулоти полизӣ, ангур ва мева, ки ба ивази меҳнати сангин ба даст меояду дар муддати кӯтоҳ сифаташро гум мекунад, ба назар мерасад. Зеро 20 фоизи ин гуна маҳсулот ҳам дар баъзе корхонаҳои азнавкоркарди мамлакат аз нав кор карда намешаванд ва сифати онҳо ба талаботи рӯз пурра ҷавобгӯ нестанд. Дар ин самт корҳои амалӣ бояд идома ёбанд. 
Дар корхонаҳои азнавкоркард асосан аз усули шамолдиҳии фаъол (колорифер), гармидиҳӣ, хушконидан, дар яхдонҳо нигоҳ доштан истифода бурда мешавад. Бо ин усул маҳсулот ҳарчанд то 40 фоизи микроэлемент ва витаминҳои  фоиданоки худро гум кунад, то расидан ба истеъмолгар сифаташро нигоҳ медорад. Дар кишварамон усулҳои ба муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани маҳсулоти коркардшуда (ҳимоя аз мағор бастан, кирм хӯрдан...) ба роҳ монда шудааст. Ин усул бо кӯмаки якчанд яхдон то 100 фоиз кашида гирифтани намии маҳсулот анҷом дода мешавад. Дар мамлакатамон 2 корхонаи азнавкоркарди ҳаҷмаш хурд фаъолият дорад. Аз ҳисоби сармояи хориҷӣ сохтани 10 корхонаи ҳаҷмаш калон ба нақша гирифта шудааст.               

З. ФАЙЗУЛЛОЕВ, 
сармутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ,
деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: