АЪЗОИ ШӮРОИ ДОИМИИ САҲА ӮЗБЕКИСТОНРО БО БАРГУЗОРИИ БОМУВАФФАҚИЯТ ВА САМАРАБАХШИ ҲАМОИШИ СҲШ ДАР САМАРҚАНД МУБОРАКБОД КАРДАНД

22-23 сентябр дар пойтахти Австрия ҷамъомади навбатии Шӯрои доимии Созмони амният ба ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баругзор шуд.

Дар ҷамъомад роҳбарон ва вакилони намояндагиҳои 57 давлати иштирокдор ва 11 кишвари шарики мулоқот, ҳайати роҳбарии Котибияти САҲА ширкат ҷустанд. 
Бо ташаббуси намояндагии доимии Ӯзбекистон дар САҲА ба рӯзномаи маҷлис боби махсус бахшида ба натиҷаҳои ҳамоиши СҲШ, ки 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд баругзор гардид, дохил карда шуд. 
Ҳайати Ӯзбекистон ба иштирокдорони ҷамъомад дар бораи натиҷаҳои ҳамоиши дар сатҳи олӣ баргузоршудаи СҲШ маълумоти муфассал дод. 
Қайд гардид, ки барои дар ҳамоиш иштирок кардан ба Самарқанд тақрибан 20 нафар роҳбар ва меҳмонони олимартабаи давлатҳои аъзо, кишварҳои мушоҳид ва шарикони даъватшуда, ҳамчунин 10 нафар сарони созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ҳузур доштанд. Мувофиқи рӯзномаи ҷамъомад роҳбарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва пешомади ҳамкориҳоро дар доираи СҲШ баррасӣ намуданд, вобаста ба мушкилоти рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ дар мавриди рушди вазъиятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ табодули афкор карданд. 
Таъкид шуд, ки ҳамоиши Самарқанд бобати вусъати доираи давлатҳои шарики СҲШ бемисл буд. Ҳамин таъриқ, Эрон барои дастрас намудани мақоми давлати узви СҲШ қадами муҳим гузошт, Миср ва Қатар бошанд, шарикони мулоқот гардиданд. Давлатҳои аъзо ҳамчунин қарор доданд, ки тартиботи ба Белорус пешниҳод намудани узвияти комилҳуқуқ ба СҲШ, ба кишварҳои Баҳрайн, Кувайт, Ҷазираҳои Молдив, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Мянма додани ҳуқуқи мақоми шарик бобати мулоқот ба роҳ монда шавад.
Эътибори иштирокдорони ҷамъомад ба миқдори рекордии ҳуҷҷатҳое, ки бинобар натиҷаи ҳамоиш имзо гардиданд, ҷалб гардид. Таъкид шуд, ки дар ҳуҷҷатҳои мазкур муносибатҳои умумии давлатҳои СҲШ ба ҳамкории тарафайн бобати пешбинӣ ва зарурати самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла пурзӯр намудани робитаҳои тарафайн, кооператсияи саноатӣ, иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ, савдо ва ғайра инъикос ёфтаанд. 
Бинобар натиҷаи маърӯзаи Ӯзбекистон изҳороти ҷавобии намояндагони  ҳайатҳои дипломатии давлатҳои аъзои САҲА садо дод. Тамоми кишварҳои нотиқ созмондиҳандагони ҳамоишро бо комёбӣ ва натиҷаҳои хуби нишасти СҲШ дар Самарқанд муборакбод карда, сатҳи ташкили олии чорабиниро дар Ӯзбекистон зикр намуданд.
Дар поёни ҷамъомади Шӯрои доимии САҲА матни маърӯзаи ҳайати Ӯзбекистон дар байни идора ва кишварҳои иштирокдор дар доираи коркарди расмии ҳуҷҷатҳои САҲА тақсим карда шуд. 
Шӯрои доимӣ мақомоти асосии директивӣ барои мунтазам гузарондани машваратҳои сиёсӣ ва идораи фаъолияти рӯзмарраву таъҷилии САҲА дар давраҳои байни вохӯриҳои ҳарсолаи Шӯрои вазирон ба шумор меравад.

АИ «Дунё»,
ВЕНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: