Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи баргузор намудани Ҷашнвораи байналхалқии санъати мақом» аз 6 апрели соли 2018, 6-10 сентябри соли ҷорӣ дар Шаҳрисабз Ҷашнвораи байналхалқии санъати мақом гузаронда мешавад.
Дар ин чорабинии бонуфуз тамоми шукӯҳ ва зебогии санъати миллии классикии мо намоиш дода мешавад, мусиқишиносони ватанӣ ва хориҷӣ, олимон, мусиқинавозон ва иҷрокунандагон мубодилаи афкор мекунанд, конфронси илмиву амалии «Санъати мусиқии мақом ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» гузаронда мешавад.
Бинобар маълумоти Маркази санъати мақоми миллии ӯзбек, ғолибони озмун, ки дар доираи ҷашнвора баргузор мегардад, аз ҷониби кумитаи ташкилӣ бо диплом, ҳайкалча ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонда мешаванд.
Инак, соҳиби Гран-при ба миқдори 15 ҳазор доллари ИМА мукофоти пулӣ, соҳиби ҷойи якум – яккахон (мусиқор ё ки сароянда) ва даста 10 ҳазор доллари ИМА мегиранд.
Соҳибони ҷойҳои дуюм дар самти мазкур ба сифати ҷоиза 7 ҳазор, ҷойи сеюм 5 ҳазор доллари ИМА мегиранд.
Дар доираи ҷашнвора ғолибон дар номинатсияи «Иҷрокунандаи беҳтарини мақом», «Мусиқинавози беҳтарини мақом», «Мураббии беҳтарини мақом», «Беҳтарин тарғибгари мақом», «Беҳтарин иҷрокунандаи ҷавони мақом», «Беҳтарин композитори мақом» муносиб рағбатнок гардонда мешаванд.
ӮзА.