“БА АМОНАТ ХИЁНАТ НАБОЯД КАРД...”

Дар давраи ташаккули ахбори глобалӣ маданияти мутолиа ва китобхонӣ аз пештара ҳам муҳимтар ба шумор меравад.

Солҳои охир дар қатори дигар давлатҳо ба ҳаёти ҷомеаи мо низ дохил шудани технологияи ахбор, интернет ва гаджетҳои гуногун ба паст шудани маданияти мутолиа ва китобхонӣ оварда расонд. 
То худро мешинохтем, то солҳои 1970-80-уми асри гузашта ба нашрҳои чопӣ, ки воситаи асосии паҳнкунии ахбор ба шумор мерафт, талаб ниҳоят баланд буд. Бахусус, инсонҳои илмдӯст, олимон, ходимони илмӣ мунтазам китоб мутолиа мекарданд. Имрӯз коҳиш ёфтани ин самт ба ҳама аён. 
Мутолиа инсонро бо меъёрҳои ҳаёт, қадрият ва арзишҳои миллӣ, ки барои ҷамъият зарур аст, ошно месозад. Ба ташаккули дониш ва фазилати инсон, саводхонӣ, маданият ва дар ҷамъият ёфтани мавқеи худ кумак мерасонад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароите, ки барои сарф кардани вақти холии одамон роҳҳои муқобили мухталиф пайдо шудаанд, бояд фаъолият ва формати корбарии ин сохторро дигаргун кард. Дониш, муносибат ва маданияти роҳбар, китобдор ва китобхонро ташаккул дод.
Ба ҳамин муносибат дар Китобхонаи миллии ба номи Алишери Навоии Ӯзбекистон бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи шарқшиносии Тошканд, Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ, журналистони фахрӣ ва ходимони ВАО чорабинии маънавию маърифатӣ баргузор шуд. 
Директори китобхона Умеда Тешабоева ҳозиронро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки баланд бардоштани маданияти мутолиа ва китобхонӣ, ҳифз ва қадр намудани китоб ба ҳар яки мо вобаста аст. 
Назар ба гуфтаи ӯ, Китобхонаи миллии Ӯзбекистон моҳи майи соли 1870 ба сифати китобхонаи оммавии Тошканд ба фаъолият оғоз намудааст. Пойгоҳи аввалини он аз 1200 номгӯй 2200 нусха китоб иборат будааст. Соли 1920 ба мақоми Китобхонаи давлатӣ соҳиб гашта, аз оғози ҳамон сол дар он нусхаҳои нашрияҳое, ки дар сарзамини Туркистон чоп  шудаанд, нигоҳ дошта мешуданд. Соли 1948 китобхона ба номи Алишер Навоӣ гузошта шуда, ба бинои сеқабатаи дорои толори 350 нафара кӯчонда шудааст. Соли 2002 китобхона ба номи Навоӣ гузошта шуд ва соли 2012 бо ташаббуси Президент дар маркази пойтахт – маҷмӯи Маркази маърифат ҷой гирифт. Имрӯз пойгоҳи умумии китобхона аз 7 миллиону 579 ҳазору 233 иборат буда, аз он 6 миллиону 877 ҳазору 484 нашрҳои чопӣ, 701 ҳазору 749-торо захираҳои электронӣ ташкил медиҳад. 
Бино ба қарори Президент “Дар бораи боз ҳам ташаккул додани хидмати ахбору китобхона ба аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, аз 7 июни соли 2019, дар 14 вилоят ва 186 ноҳияву шаҳр – ҷамъ 200 маркази ахбору китобхона ташкил карда шуд. 
– Дар бахши “Нашрияҳо ва дастхатҳои ноёб” дастхат, нашрия, китобҳои ноёб на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба эътибори алоҳида сазовор ҳастанд. Дар фонди китобхона зиёда аз 28 ҳазор китобҳои ноёб нигоҳ дошта шудаанд. Аз ҷумла, дастхат ва навиштаҷоти чописангии асрҳои XIII-XIX сарзамини Мовароуннаҳр, Хуросон ва Туркистон, китобҳои ноёби асрҳои XVII-XVIII Аврупои Ғарбӣ чун манбаи маълумоти бетакрор аҳамияти муҳим доранд,– гуфт У. Тешабоева.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки имрӯз аз ҷониби баъзе китобхонони кутоҳандеш ба чунин маскани маърифат, ба манбаи маънавияти инсонӣ – китоб хунукназарона муносибат менамоянд. 
– Ба қарибӣ дар рӯзномае (номаш пинҳон дошта шуд) мақолае бо номи “Китобхонами ё қамоқхонами?” чоп шудааст ва он дар саҳифаҳои иҷтимоӣ низ боиси баҳсу мунозира гаштааст. Дар мақола муаллиф менависад: “Вақте барои мутолиа ва ё шиносоӣ ба китобу дигар мавод вориди китобхона мешавем, посбонҳо аз сар то пойи корафтодаро месанҷанд. Дар дарун низ тамоми ҳаракати китобхонро назорат мекунанд, баъзан ходимони он ба мавод “даст нарасон” гуфта муомилаи дурушт ҳам мекунанд. Озодона, бо хоҳиши худ дар он ҷо нишаста мутолиа карда наметавонем”.
– Дар ҳама ҷо камера ва назорат қатъӣ бошад ҳам, ба ҳолатҳои дилхиракунанда дучор мешавем, – гуфт роҳбари китобхона, – миҷоз саҳифаҳои ба худ даркориро канда мегирад, факту рақам ё ҷумлаҳои алоҳидаи онро бо лезва бурида мегирад. Боре ҷавоне китоби даркориро аз муқовааш канда гирифтааст ва дар рафи китоб танҳо муқоваашро гузоштааст. Вақте дар баромадгоҳ ӯро санҷиданд, китоб азони худам гуфта зиддият нишон додааст. Ҳол он ки дар варақаҳои китоб номер ва чипҳо гузошта шудаанд. Ба ҳар як хонанда мефаҳмонем, ки ба чунин корҳои ғайриқонунӣ даст назананд. Ҳоло китобхона пурра бо технологияи замонавӣ: сканер, аудио ва дигар воситаҳо ҷиҳозонида шудааст, ба китобхон иҷозат дода мешавад, ки бепул аз онҳо истифода барад.
– Китобхона маскани маънавияту маърифат, маскани зиё, илму дониш мебошад. Дар он ҷо бо маълумоти ноёб, дастхатҳои бетакрори асрина ошно мегардем. Ба ҷавононе, ки ба чунин корҳои зишт даст мезананд, гуфтаниам, ки “ба амонат хиёнат” накунед. Чунки ин китобҳои ноёбро аҷдодонамон ба мо амонат гузоштаанд. Мо – насли куҳансол замоне шумо барин ҷавон будем, ташнаи илм будем. Як китобро аз даст ба даст гирифта, дар хонаҳои торик мехондем, кори илмӣ, мақолаву рисолаҳо менавиштем. Чунин шароитро орзу мекардему халос. Дирӯз дар саҳифаҳои иҷтимоӣ чашмам ба ҳодисаи дилхиракунанда афтид. Муаллимаи мактаби рақами 1-уми ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд аз қабати дуюми бино ба мактаббачагони хурдсол китобҳоро мисле, ки ба чуҷаи мурғ дон мепошанд, пош дода истодааст ва хурдтаракон бо талош китобҳоро чида истодаанд. Худ қазоват намоед, оё чунин ҳаракат аз инсони зиёӣ бетартибию муносибати дурушт ба китоб нест? Албатта, ба чунин шахсон ҷазо муқаррар, – ба ҷавонон рӯ оварда гуфт журналисти фахрӣ Шароф Убайдуллоев. 
Журналисти собиқадор Солеҳ Ёқубов таъкид намуд, ки чунин давраҳои ибратбахш, гирдиҳамоиҳои маънавию маърифатиро зуд-зуд бояд ташкил намуд, доир ба китоб, ҳифз ва қадр намудани он теленамоишу лавҳаҳо бояд офарид. Китобхона даргоҳи муқаддас, ба остонаи он бо нияти пок, бо дилу дидаи тоза бояд қадам гузошт. Бе адабиёт ояндаи миллатро тасаввур кардан душвор, дар китобхонаҳо аз маълумотҳое, ки доир ба таҷрибаи асринаи ҳаёти аҷдодамон ҳикоя мекунанд, баҳраманд шудан мумкин аст.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.
Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: