Ба табъ расидани нахустин нашрияҳо – «Бухорои шариф» ва «Овози тоҷики камбағал» аз ҷумлаи мероси бузурги зеҳнии Осиёи Марказӣ мебошанд.
Рӯзномаи дувумӣ нашрияи расмии Кумитаи фирқаи коммунистии вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд аст, ки бо унвони «Овози тоҷики камбағал» ба нашр расида, аз шумораи 10 (7 ноябри соли 1924) ба «Овози тоҷик» табдили ном кардааст.
Ҳар ду нашрия ба таъсис ва ташаккули мактаби журналистикаи касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон асос гузошта, дар ташаккули маорифу илм, маҳви бесаводӣ, омӯзиши мероси ниёгон хидмати шоиста карданд.
Дар баробари ин, набояд аз саҳми «Овози тоҷик» дар рушди мактабу маориф, илм, бахусус саросар саводноккунии омма, тарғиби донишомӯзӣ сарфи назар кард. Нашрия ба китоби дарсии мардум табдил ёфта буд. Ҳанӯз ҳам дар бойгонӣ шумораҳои «Овози тоҷик», ки чун китоби дарсӣ истифода мешуданд, маҳфуз мебошад.
Дар дарозои фаъолият нашрия чандин маротиба табдили ном кард. Аз ҷумла, солҳои 80-ум бо номи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» нашр шуда, дар тарбияи насли созанда ҳиссагузорӣ кардааст. Нашрия дар ин давра ба минбари мубодилаи эҷодии ду миллати бародар мубаддал гашт.
Дар замони истиқлоли давлатӣ бо иқдоми ду сарвари хирадманд – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамаи чаҳорчӯбаҳои тангназарӣ ва маҳдудтафаккурӣ шикаста шуданд. Ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла ҳамкории воситаҳои ахбори умум ривоҷ ёфтанд.
Ҳамчунин, дар ин муддат баробари тарғиби илму маърифат ва забони тоҷикӣ, нашрия ба мактаби бузурги тарбияи кадрҳои журналистӣ низ табдил ёфт.
Ба арзи садоқати самимӣ аҳли эҷод ва хонандагони сершумори «Овози тоҷик»- ро бо ҷашни бузурги 100-солагии ба нашр расидани рӯзнома табрик гуфта, барояшон парвози баланди мурғи илҳом ва пирӯзиҳои эҷодӣ таманно дорем. Орзу мекунем боз садсолаҳои дигар ин нашрия барои расонидани иттилоъ ба мардум хидмати шоиста анҷом диҳад!
Мубораку фархунда бод, ҷашни якасраи нашрияи маҳбуб – «Овози тоҷик»!
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
раиси Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон.