БА АЪЗОИ ҶАМЪИЯТИ НОШУНАВОЁНИ ӮЗБЕКИСТОН ТУҲФАҲОИ ПРЕЗИДЕНТ СУПУРДА ШУДАНД

Тавре ки пештар хабар дода будем, Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни боздидаш аз ноҳияи Олмазор ба Маркази мадании ношунавоёну гунгҳои Ҷамъияти ношунавоёни Ӯзбекистон низ рафта, бо корҳое, ки дар ин ҷо бино бар дастгирии иҷтимоии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ татбиқ мешаванд, шинос шуд, ҳамчунин ба марказ ду автобус, ба се нафар узви Ҷамъияти ношунавоён дар Тошканд хона туҳфа кард.

1 июл дар Ҷамъияти ношунавоёни Ӯзбекистон маросими тантанавии супурдани ин туҳафҳо ба амал омад.
Дар чорабиние, ки бино бар ин воқеа ташкил карда шуд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, арбобони маданият ва санъат, намояндагони ҳокимияти шаҳри Тошканд ва аъзои Ҷамъияти ношунавоёни Ӯзбекистон ширкат ҷустанд.
Муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н. Отаҷонов, А. Абдуҳакимов, ҳокими ноҳияи Олмазор Б. Раҳмонов, ки дар чорабинӣ ба сухан баромаданд, зикр карданд, ки дар мамлакати мо ба масъалаи дастгирии иҷтимоии ногироён ва беҳтар кардани шароити ҳаёти онҳо эътибори махсус дода мешавад.
Дар асоси Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми дастгирии давлатии ногироён» аз 1 декабри соли 2017, ҳамчунин қарор «Дар бораи ба роҳ мондани чорабиниҳо бобати рағбатноксозии бошуғл таъминкунии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ» аз 11 июни соли равон бино бар пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии ногироён, бо манзил таъмин кардани онҳо, ҳамчунин имтиёзҳо ҳангоми истифода аз хизматҳои тиббӣ вазифаҳои нав муайян гардиданд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур бинои Маркази мадании ношунавоёну гунгони Ҷамъияти ношунавоёни Ӯзбекистон, ки барои 450 нафар пешбинӣ шудааст, куллан таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд. Ҳудуди шашгектараи он ба боғи истироҳат табдил ёфт. Хобгоҳи чаҳорошёнае, ки дар он аъзои ҷамъият зисту зиндагӣ мекунанд, таъмир гардида, ба оилаҳо плитаҳои газ ва дигар техникаҳои зарурии маишӣ супурда шуданд. Дар ҳудуд корхонаи бофандагӣ барои 600 ҷой ташкил шуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар духтарону занон соҳиби кор гардиданд.
Президенти мамлакат дар ҷараёни суҳбаташ бо аъзои ҷамъият ба шароити буду боши онҳо, таълими кӯдакон, саломатиашон рағбат зоҳир намуд, таъкид кард, ки масъалаҳои мазкур ҳамеша дар маркази эътибори давлат қарор доранд, барои дар муҳлатҳои кӯтоҳ тайёр кардани қарори махсус, ки ба баланд бардоштани саводнокӣ, беҳтар намудани шароити тарбия, меҳнат ва табобати ношунавоёну гунгҳо нигаронида шудааст, супоришҳо дод.
Роҳбари давлат ваъда дод, ки ба чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба шоҳмот Сироҷиддин Зайниддинов, ҷоизадори чемпионати Осиё оид ба таэквондо Даврон Хидиров ва роҳбари маҳфили рақс, ғолиби озмунҳои байналхалқӣ Олег Ошепков хона, барои сафарҳои эҷодии аъзои Маркази мадании ношунавоёну гунгон ду автобус туҳфа мекунад.
Дар чорабинӣ туҳфаҳои мазкур супурда шуданд. Ба Маркази мадании  ношунавоёну гунгони шаҳри Тошканд ва Федератсияи варзиши ношунавоёну гунгони Ӯзбекистон автобусҳо пешкаш гардиданд.
– Суханони роҳбари кишвари мо дар бораи он ки ҳар як сокини Ӯзбекистон барои вай бақадр мебошад, дар қалби ҳар як модар амиқ ҷой пайдо карданд. Чунин эътибор ва ғамхории сарвари давлат ба падару модароне, ки ин гуна фарзандони ногироро тарбия мекунанд, эътимод мебахшад, – гуфт Гулнора Хидирова, модари ҷоизадори чемпионати Осиё оид ба таэквондо Даврон Хидиров. – Ман ду писар ва ду духтар дорам. Мо Давронро бо муҳаббати махсус тарбия мекунем. Вай бино бар саъю кӯшиш ва ғайрату ҷустуҷӯҳояш ба узви комилҳуқуқи ҷамъият табдил ёфта, сазовори чунин комёбиҳо гардид. Умедворем ва бовар дорем, ки шогирдонаш низ дар мусобиқаҳо сазовори ҷойҳои баланд мешаванд ва барои дар тамоми ҷаҳон обрӯманд шудани кишвари мо саҳм мегузоранд.
Барномаи тантанавии консертӣ, ҳамчунин суҳбатҳои самимӣ дар атрофи дастархони сернеъмат ба аъзои ҷамъият кайфияти дучандон бахшид.

М. ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: