БА АЪЗОИ ҲАЙАТИ ВАРЗИШИИ ӮЗБЕКИСТОН — ИШТИРОККУНАНДАГОНИ БОЗИҲОИ V ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ ДАР ШАҲРИ КУНИЯ (ТУРКИЯ)

Варзишгарон ва мураббиёни муҳтарам!

Ҳамватанони азиз!

Шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми моро бо иштироки шоиста ва натиҷаҳои баланд дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Кунияи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, аз самими қалб табрик мегӯям.

Дар ин рӯзҳо, ки баҳри омодагӣ ба санаи пуршараф – 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ватан корҳои зиёде анҷом дода мешавад, комёбиҳои дар муборизаи тезу оштинопазир ба даст овардаатон туҳфаи арзанда ба ҷашни кишвару халқи мо гардиданд.

Ҳар як баромади шуморо дар анҷумани бонуфузи варзишӣ, ки дар чор сол як маротиба баргузор мегардад, ҳамватанони мо дар ВАО ва интернет бо таваҷҷуҳ ва ҳаяҷони зиёд пайгирӣ карданд. Тамоми Ӯзбекистон шуморо дастгирӣ намуда, ба шумо муваффақият ва ғалабаҳо орзу намуд.

Дар мусобиқоте, ки 4 200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, аъзои дастаи мунтахаби мо маҳорати баланд, тавоноӣ, матонат, ирода ва хоҳиши ғолибиятро нишон дода, соҳиби 51 медали тилло, 42 нуқра ва 65 медали биринҷӣ гардиданд, ки албатта шоёни таъриф аст.

Хусусан он, ки намояндагони Ӯзбекистон дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои дуюмро ишғол намуда, аз кишварҳои дорои соҳаи варзиши пешрафта, ба мисли Эрон, Озарбойҷон, Индонезия, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт пеш гузашта, танҳо ба Туркия бохт, боз як саҳифаи дурахшони солномаи варзиши ватанӣ гардид.

Руслан Нуриддинов, Акбар Ҷӯраев, Сарварбек Зафарҷонов, Турсуной Ҷабборова, ки ифтихори варзиши Ӯзбекистон мебошанд, дар сабқати вазнабардорӣ ва Олга Забелинская дар мусобиқаи велосипедронӣ соҳиби се медали тилло шуданд – ин дар таърих ҳодисаи хеле камёб аст.

Улуғбек Рашидов, Адҳамҷон Эргашев, Сафина Саъдуллоева, Диёра Келдиёрова, Шарифа Давронова ва дигар варзишгарони мо бо истеъдод ва маҳорати худ бори дигар сазовори эътирофи дӯстдорони варзиш гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқаҳо варзишгарони паралимпии Ӯзбекистон низ намунаи мардонагӣ ва матонати бузург нишон доданд. Азизбек Бойназаров, Омадбек Ҳасанов, Султонбек Нуриддинов, Бахтиёр Ортиқов, Расул Отамуратов барин варзишгарон дар ба даст овардани комёбиҳои баланди дастаи миллиамон фидокории ҳақиқӣ нишон дода, ҳиссаи калон гузоштанд.

Ҷавонписарону духтарони мақсадноки мо собит карданд, ки дар вазнабардорӣ ва дзюдо  ҳамто надоранд ва дар шамшербозӣ, таэквондо, гуштингирӣ ва шиноварӣ ба қатори пешсафон дохил мешаванд.

Чунин ғалабаи барҷастае, ки дар сарзамини бостонии Куния ба даст оварда шуд, барои мо аҳамияти калон дорад, зеро шумо мактаби миллии спортии моро шуҳратманд кардед, ба тамоми ҷаҳон нишон додед, ки ҷавонони Ӯзбекистон ба чӣ гуна корнамоиҳои бузург қодир аст.

Бешубҳа, дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ парчами Ватанамонро баланд бардошта, дар шоҳсуфаҳои ифтихор ҷойҳои муносиб ишғол намудани шумо, мардуми сермиллати моро шод намуда, қалбҳои моро аз шодӣ лабрез гардонд ва боз як натиҷаи амалии ислоҳоти васеъмиқёс оид ба тарбияи насли навраси ҷисмонан солим ва маънан баркамол, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гардид.

Бо истифода аз фурсат, аз номи тамоми халқи мо ва шахсан аз номи худам ба падару модари шумо, ки ватандӯсти асил, ба Ватани худ содиқ ва дорои нерӯи баланд тарбия кардаанд ва ба доварону мураббиёни фидокори шумо, ки ҳамеша дар канори шумо қарор дошта, дар таъмини комёбиҳои спортӣ ҳиссаи калон мегузоранд, изҳори сипос менамоям.

Бори дигар шуморо бо натиҷаҳои воқеан таърихӣ, ки дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ – Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба даст овардаед, самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, пирӯзиҳои бештари варзишӣ, бахту саодати хонадонатонро орзумандам.

Бигузор муваффақият ҳамеша ҳамроҳатон бошад, азизонам!

 

Шавкат МИРЗИЁЕВ,

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: