БА БАЧАГОН «ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ» СУПОРИДА ШУД

Ҳар сол дар иди Соли нав ба бачагоне, ки аз парастории волидон маҳрум гардидаанд, кӯдаконе, ки падар ё модарашон ҳангоми ҳифзи сарҳадҳои Ватан вафот кардаанд ва тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ «Туҳфаи Президент» супорида мешавад.

Ҳар сол дар иди Соли нав ба бачагоне, ки аз парастории волидон маҳрум гардидаанд, кӯдаконе, ки падар ё модарашон ҳангоми ҳифзи сарҳадҳои Ватан вафот кардаанд ва тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ «Туҳфаи Президент» супорида мешавад. Соли ҷорӣ ба 9 070 нафар бачагон супоридани «Туҳфаи Президент» дар назар аст.
Дар Аэропорти байналмилалии Самарқанд чунин туҳфаҳоро ҷонишини ҳокими вилоят Х. Очилов якҷоя бо мутасаддиёни масъул пешвоз гирифтанд.
– Соли ҷорӣ барои тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ ва маҳаллаҳои бачагонаи «SOS», инчунин, фарзандони хидматчиёни ҳарбие, ки дар роҳи таъмини осоиштагии Ватан ва бехавфии сарҳадҳо ҳалок гардидаанд, кормандони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бачагони аз парастории волидон маҳрум 795-то «Туҳфаи Президент» омад, – гуфт ҷонишини сарвари Садорати таълими халқи вилоят О. Ҷангиров. – Ин туҳфаҳо, ки барои бачагони синнашон то 12-сола пешбинӣ шудааст ва аз ширинӣ, асбоби хониш, қомуси бачагона ва 21 намуди туҳфа иборатанд, дар доираи тадбирҳои солинавӣ ба бачагон супорида мешаванд. Инчунин, соли ҷорӣ барои як гурӯҳ тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ, шаҳракҳои бачагон, Хонаҳои бачагонаи оилавӣ ва маҳаллаҳои бачагонаи «SOS» планшетҳои замонавӣ низ туҳфа карда мешаванд.
Дирӯз ба бачаҳо туҳфаҳои солинавии Президент супурда шуданд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат дар Хонаи меҳрубонии рақами якуми шаҳри Самарқанд доир гардид, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок намуда, кӯдаконро аз номи Президент табрик кард. Ҳоким дар бораи ислоҳоте, ки дар мамлакат бобати тарбияи бачаҳо амалӣ мешаванд, имконият ва имтиёзҳои барои онҳо муҳайёгардида сухан ронд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: