Солҳои охир сафари сайёҳон ба Бухоро беш аз пеш меафзояд.
Агар соли гузашта ба вилоят 1 миллиону 387 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ омада бошад, дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз хориҷа 455 ҳазору 220 нафар сайёҳ омадааст. Дар низоми сайёҳии Бухоро саҳми сайёҳии зиёратӣ мақоми махсус дорад. Ҳафт соли охир дар ин равия қариб 12 баробар афзудани миқдори сайёҳон тасбити ин гуфтаҳост.
Аз ҷониби дигар салоҳияти сайёҳии шаҳри куҳнаро намояндагони кишварҳои Индонезия, Малайзия, Сингапур, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ғайра эътироф кардаанд. Ба мақсади инкишоф додани ҳамкориҳои соҳа ва иштирок дар анҷумани байналмилалии «Halal In Travel-Global Summit – 2024» намояндагони Бухоро бо сарварии ҷонишини ҳокими вилоят Ботурҷон Шаҳриёров ба Сингапур сафар карданд. Дар ҳамоише, ки 30 май аз ҷониби Созмони байналмилалии «Cregcent Rating»-и Сингапур баргузор гардид, қариб аз 30 давлат беш аз 80 нафар намоянда иштирок кард. Дар ин маросим, ки таҳти шиори «Баргардондани зоирони мусалмон ба мероси ислом» баргузор шуд, рӯнамоии сайёҳӣ дар Ӯзбекистон: дигаргуниҳои муҳими мусбати равияи сайёҳии зиёратӣ сурат гирифт. Дар анҷуман ҷонишини ҳокими вилояти Бухоро маърӯза карда, ҳозиронро бо иншооти мероси исломии вилоят, аз ҷумла Имом ал-Бухорӣ, Ҳафт пир, силсилаи Баҳоуддини Нақшбанд, инчунин мусоидати фароҳамовардашуда ошно намуд. Роҳбари созмон Фазал Бахараддин андешаҳои вакили бухороиро бобати дигаргуниҳои азими исломӣ тақвият дод. Ҳамин тариқ, шаҳри Бухоро барои намоиши мероси исломӣ ва мавқеи таърихиаш дар олами ислом бо ҷоизаи «Шаҳри Бухоро – мавзеи мероси исломии сол» ва сертификат тақдир ёфт. Ба ин муносибат дар ҳамоиш ислоҳоти соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон эътироф ва мукофоти солонаи «Halal In Travel-Global Summit – 2024» ба вилояти Бухоро супорида шуд.
Сарвари созмон Фазал Бахараддин, ҳангоми гузориши худ имкониятҳои дар мамлакати мо фароҳамовардашуда, аз ҷумла нисбати соли 2021 ба ҷойи 7-ум баромадану мувофиқи рейтинги нави соли 2022 ҷойи 9-умро ишғол кардан ва дар қатори давлатҳои Сингапуру Баҳрайн аз сафи 10 давлати беҳтарин мақом гирифтани Ӯзбекистонро таъкид намуд.
Дар ҳамоиш намояндагони вилоят бобати инкишоф додани ҳамкориҳои судманд бо роҳбарони якчанд ширкат ва ташкилоти хориҷӣ мулоқот карданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.