БА БУҶАИ ОИЛАВӢ - 40 МИЛЛИОН

Ба саҳроҳои вилояти Намангон аввалбаҳор бо нияти нек чигит кориданд.

Бинобар дар вақташ ва сифатнок гузаронда шудани тадбирҳои агротехникӣ ҳосил хуб шуд.
Кишоварзон барои бунёди хирмани вилоят ва ба ватан супурдани 222 ҳазор тонна пахта камари ҳиммат бастаанд. Саъю ҳаракатҳо бинобар ғунучини беталаф самара мабахшад. Кластерҳои пахтапарварӣ ва ихтиёриён аз маҳаллаҳо барои мададкори деҳқонон шудан ҳашарҳо ташкил менамоянд. 
Роҳбари идораи дастгирии маҳалла ва нурониёни вилоят А. Аълохӯҷаев дар саҳроҳо шуда, ҳамин гуна фидокоронро муносиб рағбатнок мекунад.
Ғайрати Аминҷонота Ҳошимов, ки дар саҳроҳои хоҷагии фермерии «Чуст Зарафшон Файз»-и ноҳияи Чуст чинакчӣ аст, меҳмононро ба ҳайрат гузошт.
– Бо аъзои оилаамон ҳар рӯз ба саҳро мебароем, – мегӯяд мӯйсафед, – 6-7 нафар шуда, аз аввали мавсим то имрӯз бештар аз 15 тонна пахта чидем. Ба буҷаи оила зиёда аз 40 миллион сӯм даромад ворид сохтем. Ғайр аз ин роҳбари хоҷагии фермерӣ ва ҳомиён туҳфаҳо  месупоранд. Албатта, дар рағбат гап калон. Он ба қувва қувваи нав зам мекунад.78-солаам. Амин гаштаам меҳнат ба инсон нерӯ мебахшад. 
Шукр, норасоӣ нест. Вале мехоҳам ҳосили пахта дар вақташ беталаф ғунучин гардад.
Ш. ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: