Баъди хонаву ҷойдор кардани фарзандон ва ба нафақа баромадан шахс аз кору бори зиндагӣ каме фориғ мешудааст.
Баъди хонаву ҷойдор кардани фарзандон ва ба нафақа баромадан шахс аз кору бори зиндагӣ каме фориғ мешудааст. Ман рӯзҳои холии худро ба саёҳати шаҳру минтақаҳои мухталиф сарф карданро дӯст медорам. Ба бисёр шаҳрҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар масканҳо саёҳат кардаам. Дар шаҳрҳои Хева, Урганҷ ва Нуқуси Қароқалпоқистон шудам. Урфу одат, анъана, либоспӯшиву таомҳои миллии минтақаҳо мухталифанд.
Солҳои 80-90-уми асри гузашта бо баҳонаи коре бо мошини худ ба Хуҷанд зуд-зуд рафта меомадам. Кӯчаҳои шаҳр тор, чангу лой, боми хонаҳо паст, зиндагии мардумаш хоксорона буд. Ба қарибӣ аз ин шаҳри куҳану қадима бори дигар боздид намудам. Ба автобуси дуошёнаи барои мусофирон қулай “Тошканд – Хуҷанд” нишастам. Баъди ба Хуҷанд расидан ба чашмонам бовар накардам. Аз он кӯчаҳои тангу тор, чангу лойолуд, хонаҳои пасту назарногир нишоне намонда буд. Шаҳр тамоман намои дигар гирифта буд. Кӯчаҳои васеъ, равон, хонаҳои бисёрошёнаи замонавӣ, хиёбонҳои хушманзара дили касро равшан мегардонд. Ба бозори “Панҷшанбе” даромадам. Чи хеле ки мегӯянд, фаровонии шаҳр аз бозораш аён, бозор пур аз меваю сабзавот, гӯшту панир, нону фатирҳои равғанини миллӣ буд. Маданияти либоспӯшӣ, муомилаву муносибати мардум маро шод гардонд. Дар ошхонае хӯроки нисфирӯзӣ тановул кардем. Хидматгорон низ бо самимият “хуш омадед, меҳмон” гуфта хизмат расонданд.
Дар кӯчаҳои шаҳр автомобилҳои тамғаи хориҷӣ равуо доштанд.
– Ба шарофати истиқлолият ва роҳнамоии хирадмандонаи роҳбари давлатамон шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон ободу зебо мегарданд. Гузаргоҳҳои байни давлатҳоямон, ки солҳои тӯлонӣ баста буданд, кушода шуданд, яхҳои чандинсола об шуданд. Дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбекро мо дар симои бузургони хирад – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ хуб медонем ва бешак, муносибати имрӯзаи мо идомаи ҳамон дӯстиву бародарии ду мутафаккири бузург мебошад, – мегӯяд ронандаи таксӣ, ки Аъзамҷон ном дошт.
Дарҳақиқат, урфу одат, арзишҳои миллӣ, мақсаду орзуву ниятҳои ин ду халқ муштараканд. Дар пештоқи донишкадаву донишгоҳҳо ва биноҳои сар ба осмони Хуҷанд сурати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷо дошт, ки халқи худро ба роҳи рост, ба роҳи адолат, ба дӯстию ҳамраъйӣ даъват мекард.
Зиёвиддин ЗАЙНИДДИНОВ,
сокини шаҳри Тошканд.