БА ЧИН ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА ФИРИСТОДА ШУД

Ӯзбекистон ба амалҳои Чин дар мубориза бар зидди коронавирус баҳои баланд медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади дастгирии саъю кӯшишҳо дар роҳи барҳам додани ин вируси хатарнок 11 феврали соли равон ба фармоиш дар бораи фиристодани ёрии башардӯстона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо кард.
Чин яке аз шарикони наздики Ӯзбекистон аст. Бо шарофати иродаи қавӣ ва ташаббусҳои сарони ду давлат муносибатҳои кишварҳои мо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин муроҷиат карда,  изҳор дошт, ки мардуми Ӯзбекистон бо Чин ҳамраъй аст ва дар ҳама ҳолатҳо кӯмак хоҳад расонд. Ҳамчун далел, сарвари давлатамон 12 феврал ба музофоти Ҳубей ёрии башардӯстона фиристод. 
Аз рӯзҳои аввали ошкор шудани коронавирус дар музофоти Хубэй ҳукумати ин кишвар ва мардум таҳти роҳбарии Президент Си Сзинпин ба андешидани чораҳои мақсаднок оид ба мубориза бо ин беморӣ шурӯъ карданд. То имрӯз натиҷаҳои муайян ба даст омаданд. Инчунин бояд қайд кард, ки дар айни замон вазъ ба марҳилаи ҳалкунанда ворид шудааст.
— Расондани кӯмаки башардӯстона бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ба мардуми Чин  дар ин рӯзҳои душвор барои ҳар яки мо рӯҳ мебахшад, — мегӯяд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Чин дар кишвари мо Цзян Ян. — Хитоиҳо мегӯянд: «Дӯстон бояд дар рӯзҳои душвор ба ҳамдигар кӯмак кунанд». Ин суханон ба мақоли «Дӯстро дар тангӣ мешиносад» мувофиқанд. Мо кӯмаки ройгонеро, ки ҳукумат ва мардуми Ӯзбекистон мерасонанд, эҳсос мекунем. Чин чунин муносибати гармро қадр мекунад. Мо мефаҳмем, ки ин на танҳо кӯмак, балки ифодаи ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ аст. 
Дар таркиби ёрии башардӯстона  дастпӯшҳои якдафъаинаи тамъизшуда, пӯшоки муҳофизатӣ, ниқобҳои филтр ва дигар маҳсулот ҳаст.
— Ӯзбекистон ва Чин дӯстони қадимианд, —  мегӯяд муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилшод Аҳатов. — Байни кишварҳои мо муносибатҳои шарикии стратегӣ бо суръат рушд мекунанд. Борҳои башардӯстонае, ки аз Ӯзбекистон ба Чин фиристода шуданд, сатҳи баланди ҳамкориҳои имрӯзаи моро инъикос мекунанд.
Бо назардошти вазъи вобаста ба паҳншавии коронавирус Президент фармоиши дахлдор қабул кард. Тибқи фармоиш   оид ба пешгирии ворид шудани ин бемории хатарнок ба Ӯзбекистон чораҳои зарурӣ муайян шудаанд. Аз ҷумла, дар кишвар нуқтаҳои карантини санитарӣ таъсис дода, навбатдории табибон, эпидемиологҳо ва кормандони тиббӣ ҷорӣ карда шудааст. Ҳамватанони аз Хитой омада аз нуқтаҳои карантини санитарӣ мегузаранд ва таҳти назорати ҷиддии тиббӣ қарор доранд.
— То ба имрӯз 584 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Ухан ва Пекин омадаанд, — мегӯяд муовини аввали вазири нигаҳдории тандурустӣ Баҳодур Юсупалиев. — Онҳо ба муҳлати 14 рӯз ба муассисаҳои махсуси тиббӣ ҷойгир карда шуданд, чунки айнан давраи инкубатсияи коронавирус 14 рӯз мебошад. Дар ин рӯзҳо,  шаҳрвандон таҳти назорати доимӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар муассисаҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда, захираи доруворӣ ва назорати табибон таъмин карда шудааст.
Дар айни ҳол Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ба ташаккули марҳилаи дувуми кӯмаки башардӯстона шурӯъ кардааст.

Ғ. ХОННАЗАРОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: