БА ДАСТ ОВАРДАНИ БАРТАРИҲОИ БАРНОМАИ «GSP+» – АЗ ҶОНИБИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ЭЪТИРОФ ГАРДИДАНИ РУШДИ УСТУВОР ВА ИДОРАИ ЗАРУРИ ӮЗБЕКИСТОНРО НАМОИШ МЕДИҲАД

Дар кишварҳои Аврупо аз ҷониби Ӯзбекистон дарёфти мақоми кишвари бенефисиари Барномаи генералии бартариҳои «GSP+»-и Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ мегардад.

Дар кишварҳои Аврупо аз ҷониби Ӯзбекистон дарёфти мақоми кишвари бенефисиари Барномаи генералии бартариҳои «GSP+»-и Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ мегардад.
«GSP» – ин барномаест, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои рағбатноксозии фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва кӯмакрасонӣ ба кишварҳо барои инкишофи иқтисодиёт аз ҳисоби озодкунии якҷонибаи савдои байналхалқӣ амалӣ мегардад. Барои ин Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои ҳамҷиҳат бобати савдои бартаринок муоҳида мебанданд, ки мувофиқи он кишвар барои ба содирот баровардани молҳои худ ба Иттиҳоди Аврупо бо тарифҳои кам кардашуда ва ё бекоргардида имконият пайдо мекунад. Мувофиқи мақоми «GSP» истеҳсолгарони Ӯзбекистон метавонистанд беш аз 3 ҳазор хелҳои молро бидуни боҷҳои гумрукӣ, ҳамчунин боз 3 ҳазор номгӯйи молҳоро бинобар тарифҳои камкардашуда ба содирот бароваранд. Баъди дарёфти режими «GSP+» аз 10 апрел Ӯзбекистон метавонад ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо 6200 намуди молҳоро бидуни боҷҳои гумрукӣ  ба фурӯш барорад.
Роҳбари ширкати «Сuirde-Lagny», намояндаи клуби корчаллонҳои ӯзбекистониву фаронсавӣ Франк БУВРЭН (Фаронса):
– Иҷозат диҳед Ӯзбекистонро бо ҳамроҳ шуданаш ба Барномаи генералии бартариҳои «GSP+»-и Иттиҳоди Аврупо муборакбод намоям. Ин натиҷаи иродаи сиёсии Президент Шавкат Мирзиёев аст, ки солҳои охир ислоҳоти васеъмиқёсро татбиқ менамояд. Дар мамлакати шумо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёт, ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи меҳнат ва ҳифзи муҳити атроф тағйироти мусбат ба назар мерасанд.
Муътақидам, ки воқеаи мазкур ба фаъол гардидани ҳамкориҳои ӯзбекистониву фаронсавӣ мусоидат менамояд. Аз ин он чиз шаҳодат медиҳад, ки сафари нахустини Президент Шавкат Мирзиёев ба Аврупо маҳз ба Фаронса буд. Ҳамчунин барои шаҳрвандони Фаронса режими бидуни равододи дохил шудан ба кишвари шумо муқаррар гардид.
Мехостам қайд намоям, ки ин иқдом қадами муҳими навбатии Ӯзбекистон дар роҳи қаробат ба Созмони умумиҷаҳонии савдо аст.
Депутати Аврупо, раиси Ҳайати Парлумони Аврупо бинобар робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Фулвио МАРТУШЕЛЛО:
– Солҳои охир муносибатҳои аврупоиву ӯзбекистонӣ ҷиҳати васеъ ва фарогир пайдо карданд.
Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкории муфиди тарафайн бо Ӯзбекистон, ки шарики муҳими Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар минтақаи мазкур нақши бузург дорад, эътибори махсус медиҳад.
Ҷониби Ӯзбекистон барои ба даст овардани мақоми «GSP+» аз ибтидои соли 2020 шурӯъ карда буд. Баъд аз анҷоми ҷараёни ҳамраъйии дохили давлатӣ моҳи июни соли 2020 Ӯзбекистон ба Комиссияи Аврупо аризаи расмӣ пешниҳод кард.
Мувофиқи регламенти Иттиҳоди Аврупо ариза дар тӯли 6 моҳ баррасӣ мегардад, вале аризаи Ӯзбекистон аз ҷониби Комиссияи Аврупо пеш аз муҳлат маъқул дониста шуд.
Дар мавриди қабул кардани қарор Комиссияи Аврупо ба ҳисоботи гурӯҳҳои мониторингие, ки аз ҷониби Ӯзбекистон риоя шудани 27 дастури баённомаи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, меъёрҳои меҳнатӣ, муҳити атроф ва идоракунии самарабахшро тасдиқ карданд, такя намуд. Ҳамаи инҳо талаботи асосии Иттиҳоди Аврупо барои пешниҳод намудани мақоми «GSP+» ба шумор мераванд.
Ӯзбекистон баённомаи мазкурро бомуваффақият тасдиқ намуд ва барои самарабахш иҷро кардани ӯҳдадориҳояш бинобар он чораҳои зарурӣ меандешад. Ҳукумати мамлакат бобати қонунгузории миллиро ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ сохтан корҳои васеъмиқёсро амалӣ менамояд.
Ман мехостам таъкид кунам, ки ба низоми «GSP+» ҳамроҳ гардидани Ӯзбекистон дар муносибатҳои дуҷониба ҳодисаи муҳим гардид. Ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Бешубҳа, Ӯзбекистон барои татбиқ сохтани содирот ба кишварҳои Аврупо соҳиби шароити мусоид шуд, баробари ин ба истеъмолгарони аврупоӣ низ дар мисоли зиёд шудани номгӯй ва сифати молҳо дар бозорҳо имконияти зиёд фароҳам омад.
Бовар дорам, ки ин нафақат ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи аврупоиву ӯзбекистонӣ хидмат мекунад, балки боз ба халқҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон манфиат меоварад.
Директори генералии ширкати «Solinta»  Карл РЕНТЕС (Нидерландия):
– Метавон бо эътимод гуфт, ки мақоми «GSP+» ба Ӯзбекистон нафақат дар соҳаи савдо бо Иттиҳоди Аврупо, балки бинобар мубодилаи технология, дониш ва кашфиётҳо имкониятҳои бузург фароҳам меоварад.
Ширкати мо низ имконият пайдо мекунад, ки дар ин раванд фаъолона иштирок намояд. Мо бо парвариши картошкаи гибридӣ машғул ҳастем ва медонем, ки ин маҳсулотро дар Ӯзбекистон низ бисёр қадр мекунанд.
Ҳоли ҳозир мо бо шарикони ӯзбекистонӣ бинобар истеҳсоли тухмии дар шароити кишвари шумо мувофиқтар ҳамкории фаъол дорем.
Муътақидам, ки вусъат додани ҳамкориҳо дар байни Ӯзбекистони нав ва Иттиҳоди Аврупо ба ғанӣ гардидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои тарафайн, татбиқ шудани лоиҳаҳои наҷиб ва муваффақ гардидан ба дастовардҳои нав хидмат мекунад.

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: