БА ДАВРАИ НАВБАТИИ МАШВАРАТ-ТРЕНИНГҲО ИБТИДО ГУЗОШТА ШУД

Аз 12 июл то 8 август соли равон давраи дуюми семинар-машваратҳо, ки дар пояи Консепсияи таълими аъзои комиссияи интихобот андешида шуда, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ тасдиқ гардидааст, кори худро оғоз кард.

Аз 12 июл то 8 август соли равон давраи дуюми семинар-машваратҳо, ки дар пояи Консепсияи таълими аъзои комиссияи интихобот андешида шуда, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ тасдиқ гардидааст, кори худро оғоз кард. Барои таъмин сохтани тайёрии  пухта ба бозомӯзонии давраи мазкур 5-6 июл аз ҷониби коршиносони Академияи идораи давлатӣ (АИД) ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд машварат ва тренингҳо оид ба технологияи ба роҳ мондани машқҳои таълимӣ дар пояи кейсҳои муайян гузаронида мешавад.
Мақсади машварат-тренинг зиёд кардани дониш ва саводи мураббиёни ҷумҳуриявиву минтақавие ба шумор меравад, ки ба таълими номзадҳо ба аъзои комиссияҳои интихоботӣ, ки созмондиҳандагони асосии ҷараёни интихоботӣ маҳсуб меёбанд, ҳамчунин гурӯҳҳое, ки барои ба онҳо расондани кӯмакҳои услубӣ ва мониторинги сифати баланд бардоштани ихтисос дар минтақаҳо номзад мебошанд, ҷалб карда шудаанд.
Машварат-тренинг дар пояи барномаи таълимие, ки аз ҷониби гурӯҳи коршиносони Академияи идораи давлатӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд коркард шудааст ва маводи таълимие, ки дар асоси он омода гардидааст, гузаронида мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки аз 7 то 23 июни соли ҷорӣ дар машваратҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) барои иштирокдорони интихобот дар тамоми минтақаҳои мамлакат 32715 нафар номзад ба вазифаҳои раисон, муовини раисон ва котибони комиссияҳо таълим гирифтанд.
Дар давраи дуюми машварат-тренинг баланд бардоштани дониш ва саводи беш аз 32000 номзад ба вазифаҳои раис, муовини раис ва котибони комиссияи интихоботии қитъавӣ дар асоси нақша-ҷадвал пешбинӣ гардидааст.
Ғайр аз ин, бариловаи он контингенти асосии мураббиёни ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ташкил намудани курсҳои таълимӣ дар шаклҳои мухталиф барои раисони беш аз 9 ҳазор ҷамъомадҳои ноҳиявии шаҳрвандон, зиёда аз 9 ҳазор таҳлилгарон, беш аз 54 ҳазор мушоҳидони ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ мегардад. Ҳамин тариқ фарогирии умумии чунин тренингҳо зиёда аз 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Хидмати матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: