БА ДЕҲАИ МО ОЕД!

Ёд аз бачагии дур, пазмонии зодгоҳ дар қалбҳо ҳамеша оҳангҳои дерину қаринро бедор менамоянд.

Ёд аз бачагии дур, пазмонии зодгоҳ дар қалбҳо ҳамеша оҳангҳои дерину қаринро бедор менамоянд. Дар пеши назар симои инсонҳои неку самимӣ ва оддие, ки дар саҳро кор мекунанд, падид мегардад.
Алҳол ба кадом як деҳаи кишвари мо наравед, дар ҳама ҷо шоҳиди корҳои созандагӣ мегардед. Симои деҳот куллан дигаргун мешавад. Бунёди манзилҳои замонавӣ, фароҳам овардани шароитҳои хуб ба таъмин сохтани некӯҳолии ҳамзамонони мо нигаронида шудаанд. Барои баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ, беҳтар намудани инфрасохтори деҳот ва маҳаллаҳо барномаҳои «Обод маҳалла» ва «Обод қишлоқ» нақши бузург доранд.
Дар натиҷаи корҳои таъмиру тармим симои маҳаллаи Узумзори деҳаи Соҳилободи ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон низ куллан тағйир ёфт. Барои сокинони маҳаллӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Дар доираи барномаҳо барои аз байн бардоштани як қатор мушкилот, ки тӯли солҳои дуру дароз ҳаллу фасли худро интизор буданд, беш аз 9 миллиард сӯм равона гардид.
Аз ҷумла, 3,5 километр роҳ дар кӯчаҳои Барҳаёт, Соҳил, Коинот ва Ёшлар асфалтпӯш карда шуданд, дар қитъаи роҳи дарозиаш 5 километр шағал хобонда шуд. Барои беҳтар кардани таъминоти барқ 90 симчӯби нақли электрӣ, нуқтаи нави трансформатор устувор карда, 2,5 километр хати нақли электр кашида, 28 адад шабчароғ гузошта шуданд.
Солҳои зиёд дар маҳалла норасоии оби тозаи ошомиданӣ мушоҳида мегардид. Дар доираи татбиқ сохтани барнома чоҳи нав кофта, шабакаи нақли оби ошомиданӣ дар дарозии 9 километр кашида шуд. Барои ин 2873,5 миллион сӯм харҷ гардид.
Дар бинои бекорхобидаи поликлиникаи оилавии «Соҳилобод» ба маблағи 558 миллион сӯм таъмири умумӣ гузаронида шуд. Акнун аҳолии ду маҳалла, ки беш аз чаҳор ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, метавонанд аз назорати комили тиббӣ гузаранд. Ба мақсади баланд бардоштани сифати хидмат ба аҳолӣ ба муассиса автомобили кумаки таъҷилии тиббӣ дода шуд.
Бинои ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 32 куллан тармим  гардид, барои ин 3 миллиарду 236 миллион сӯм равона шуд. Ҳоли ҳозир корҳои бинокориву монтажӣ анҷом меёбанд. Дар натиҷаи ин гунҷоиши муассиса аз 120 ба 180 нафар афзуд. Аз 240 нафар бачагони синнашон аз 3 то 7 200 нафарашон бо таълими томактабӣ фаро гирифта шуданд, ки ин 83,3 фоизро ташкил медиҳад. Баробари ин, бо назардошти он ки дар муассисаи таълими томактабии  ғайридавлатии «Диёрабону», ки 50 нафарро қабул карда метавонад, ҳоли ҳозир 40 кӯдак тарбия меёбанд. Метавон хулоса кард, ки фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар маҳалла алҳол 100 фоизро ташкил медиҳад.
Шӯғли асосии рушди иқтисодиёти маҳаллаи Узумзор, ки 1740 нафар аҳолӣ дорад, ангурпарварӣ ва боғдорӣ ба шумор мераванд. Мева ва сабзавоте, ки меҳнатдӯстони саҳро парвариш мекунанд, нафақат дар мамлакати мо, балки дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ харидоргир мебошанд.
Дар ҳудуди маҳалла 546 токзор мавҷуд аст. Соли гузашта 118 гектари ин ҳудуд аз нав таҷдид карда, дар онҳо навъҳои машҳури «кишмиши сиёҳ», «ангушти фаришта», «дастаи каланд», «ҳусайнӣ» нишонда шуданд. Дар натиҷа тӯли сол 3 ҳазор тонна ангури содиротии навъи «кишмиши сиёҳ» ва 2 ҳазор тонна меваҷоти хушсифат рӯёнида шуданд.
Роҳбарони секторҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ аз хонаи сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Узумзор» Нилуфар Эгамова, ки бесаробон мондааст, боздид ба амал оварданд. Ҳокимиятҳои вилояти Намангон ва ноҳияи Тӯрақӯрғон ба модаре, ки як худаш се нафар кӯдаконро тарбия мекунад, туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Н.Эгамова, ки ба ин ҷо 22 сол муқаддам омадааст, гуфт, ки мушкилоти таъминоти об танҳо ба наздикӣ аз байн бардошта шуд. Ӯ хурсандии самимии худро аз симои кунунии деҳа ва маҳалла пинҳон намекунад. Воқеан, ба мавзеи шукуфон табдил додани ҳудуди токзор нафақат барои сокинони маҳаллӣ, балки барои ҷомеаи ноҳия ва тамоми вилоят низ хурсандии ҳақиқӣ гардид.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: