БА ДИЛИ ШОГИРДОН РОҲ ЁФТААСТ

Духтарчаам Шаҳнура ҳар рӯз аз мактаб хушҳол ба хона бармегардад.

 Аммо ҳамон рӯз табъаш аз ҳаррӯза болидатар буд. Ман дар як гӯшаи ҳавлӣ ба коре банд будам ва аз ғиҷирроси дарича  дидам, ки вай бо хушҳолӣ вориди ҳавлӣ шуд. Аввал тозон ба назди модараш рафт, ки нонҳои гарми аз танӯр кандаашро ба сабад мечид. 
Шаҳнура ҳадаҳа сумкаашро кушода, аз он рӯзномаашро берун кард.
– Ана, модарҷон, имрӯз боз дуто панҷ гирифтам, – аз хурсандӣ мегуфт ба модараш ӯ.
Ин манзараро дидаму корамро як сӯ гузошта, зуд ба назди завҷааму духтарчаам шитофтам.
– Офарин, Шаҳнураҷон! – ӯро ситоиш кардам ва ба модараш рӯй оварда гуфтам: – Ана дидӣ, духтарамон аълохони синф шудааст.
Инро гуфтаму аз пешонии духтарчаам нарм бӯсидам ва хостам ӯро бештар рӯҳбаланд кунаму хушҳолиашро афзоям. Чашмони Шаҳнура аз шодӣ дурахшиданд. 
– Ҳамаи ин натиҷаи ҳаракатҳои муаллими синфашон Маъмурҷон Мирзоев аст. Мегӯянд, ки вай бо ҷидду ҷаҳд ба шогирдон дарс мегӯяд, – гуфт завҷаам.
– Бале, Маъмурҷон беҳуда ин касбро интихоб накардааст. Аллакай солҳои мактабхонӣ соҳиби ин касб шуданро орзу мекард, – тасдиқ кардам ҳарфҳои завҷаамро. 
Аён буд, ки ин ҳарфҳои ману модараш дар қалби Шаҳнураи хурдакак ҳисси ифтихорро бедор намуд. Вай хурсандона барои иваз кардани либосҳояш вориди хона шуд. 
Дарвоқеъ, дар мактаби рақами 4-уми ноҳияи Сӯх теъдоди омӯзгороне, ки бо масъулият ба касбу кори худ машғуланд, хеле зиёданд. Маъмурҷон Мирзоев аз шумори ҳамин гуна омӯзгорони мактаби деҳаамон аст. Вай беш аз бист сол инҷониб ба ин кори пурзаҳмату бошараф машғул аст.
Ёд дорам, Маъмурҷон ҳамин мактабро, ки ҳоло дар он ҷо кор мекунад, бо шаҳодатномаи имтиёзнок хатм кардааст. Баъд ба омӯзишгоҳи омӯзгории Косонсойи вилояти Намангон рафта, ин даргоҳро низ бо дипломи имтиёзнок ба анҷом расондааст.
– Аввал маро шӯъбаи таълими халқи ноҳия ба мактаби рақами 2-юми деҳаи Янгиариқ ба кор таъин кард. Дар он ҷо ҳафт сол ба синфҳои ибтидоӣ дарс додам. Сонӣ ба мактаби рақами 4-уми деҳа ба кор гузаштам. Аз соли 2004 то ҳол ба фарзандони аҳли деҳ дарс медиҳам, – мегӯяд Маъмурҷон Мирзоев.
Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев сол аз сол барои боло рафтани  нуфузи омӯзгорон шароити беҳтару мусоид муҳайё мекунад. Зиёд шудани маоши омӯзгорони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ аз ҳодисаҳои хурсандибахши се соли охир мебошад.   
М. Мирзоев соҳиби чаҳор нафар фарзанд аст ва барои дар роҳи рост тарбия кардани онҳо низ донишу маҳорат ва таҷрибаи зиндагиашро сарф менамояд. Дар бораи Маъмурҷон Мирзоев директори мактаби рақами 4-ум Мадаминҷон Усмонов, мудири қисми илмӣ Ойбек Давронов ва омӯзгорони мактаб Одилҷон Мирзобеков, Масъуд Сатторов, Додомелӣ Мелиев ва дигарон низ  суханҳои хубу самимӣ изҳор карданд.
– Маълумоти Маъмурҷон миёнаи махсус аст, вале дар айни ҳол шогирдонаш аз донишомӯзони беҳтарин ва пешқадами мактабамон ба шумор мераванд. Зеро вай пайваста меомӯзад ва аз таҷрибаҳои пешқадам, технологияҳои замонавӣ фаровон истифода мебарад. Ҳоло талош дорад, ки соҳиби маълумоти олӣ шавад, – изҳор кард М. Усмонов.
Вақте пурсидам, ки аз рӯзномаҳо кадомаш ба дилу дидаи ӯ наздиканд, Маъмурҷон пеш аз ҳама номи “Овози тоҷик”-ро ба забон овард. Ба гуфтаи ин омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи “Овози тоҷик” чоп шудани мақолаҳои методӣ, илмиву оммавӣ ва нақшаҳои кории омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ хеле ба мақсад мувофиқанд.
– Омӯзгорӣ пешаи хубу шарафнок аст. Он фанду фиреб ва найрангро намепазирад. Ҳар соати дарсро бояд аз рӯи виҷдон тадрис кард ва маошро ҳаққу ҳалол карда гирифт, – мегӯяд Маъмурҷон.
— Духтарчаам Шаҳнура мегӯяд, ки муаллимашон ҳамеша ба онҳо бо забони нарм ва меҳрубонӣ муомила мекунад, ҳаргиз тунд намегӯяд ва дар сурати ба миён омадани ягон хатогӣ сабукак ба онҳо танбеҳ медиҳад. Дар синфашон аълочиён низ хеле зиёд будаанд. Аз ин бармеояд, ки Маъмурҷон ба дили шогирдони худ роҳ ёфтааст, ҳамчунин бо самимият ва фазилатҳои некаш дар байни роҳбарияти мактаб, ҷамоаи омӯзгорон ва падару модарон сазовори эҳтиром  гаштааст.

Эназарҷон ЭНАЗАРОВ,
деҳаи Сарикандаи
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: