«... БА ДОНИШ БА МАРДУМ РАСАД НА БА ЗАР»

Дар арафаи иди фархундаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро таҳти унвони «Пешвои хирадсолор», ки ба фаъолияти бесобиқаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, аз чоп баровард.

Дар арафаи иди фархундаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро таҳти унвони «Пешвои хирадсолор», ки ба фаъолияти бесобиқаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, аз чоп баровард.
Дар ин китоб масъалаҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ, ки ба фаъолияти роҳбари давлат алоқамандӣ доранд, ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд. Ҳар кадоми он барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба гузаштаи халқ, расидан ба қадри китобу осори гузаштагон ва боло рафтани ҳисси худшиносиву худогаҳии миллӣ нақши созгор мегузоранд.
Маллиф кӯшиш кардааст, ки саҳми пурарзиши Сарвари тоҷиконро дар таҳаввулоти мадание, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гардидаанд, тавзеҳ диҳад ва хидмати шоистаи ӯро баҳри пойдории фарҳанг, маънавиёт, маориф ва рушди илм бо мисолҳои равшан таъкид гардонад.
Дарҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои расидан ба сулҳи сартосарӣ заҳматҳои зиёд кашид, балки борҳо ҷони худро дар хатар гузоштаву баҳри мардумаш роҳи васеи фаъолият ва кору заҳматро боз намуд. 
– Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёди шоистаи пураҳамият, аз ҷумла баргузории ҷашнҳои бузургони миллатро ба роҳ монд, садҳо боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, китобхонаву қасрҳои маданиро бунёд намуд, – гуфт муаллифи китоб зимни рӯнамоии он дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд, ки худ ҳамзамон сафири ҷумҳурии бародарӣ дар Ӯзбекистон мебошад.
– Маҳз бо ташаббуси ӯ дар замони соҳибистиқлол озмунҳои фарҳангӣ баргузор гардид ва ҳамаи ин бешак, дар руҳияти хонанда, хусусан ҷавонон ҳисси китобдӯстӣ, ватанпарварӣ, дӯстиву бародарӣ ва миллатшиносиро мустаҳкам менамояд.
Абӯшакури Балхӣ байте дорад:
Хирадманд гӯяд, 
ки таъйиду фар,
Ба дониш ба мардум 
расад на ба зар.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: