БА ДОНИШҶӮЁНИ МАРКАЗҲОИ БОЗОМӮЗИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ СУБСИДИЯ МЕДИҲАНД

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Вазорати технологияҳои рақамӣ оиди имконият ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби ҳукумат барои бозомӯзии технологияҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудаанд, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Интернет олами пур аз ахбору дониш аст, ки ҳар кас метавонад мувофиқи талабу эҳтиёҷи худ дар фурсати дилхоҳ аз он самаранок истифода барад. Ба воситаи он ба бисёр адабиётҳои соҳаҳои гуногун дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст. Инчунин имконоти омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва санъатҳои гуногунро низ дорад.

Ҳоло ҷиҳати бартараф кардани норасоии барномаҳои таълимии иловагие, ки ба ҷавонон имконияти омӯхтани соҳаи IT-ро медиҳад, ташкил кардани марказҳои таълимии технологияҳои рақамӣ, ба онҳо ба таври ройгон омӯзондани барномасозӣ ва тиҷорати электронӣ, офаридани лоиҳаҳои стартап дар соҳаи IT саъю ҳаракатҳо пурзӯр мегарданд.

Соли ҷорӣ чандин маркази таълими IT дар ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба истифода супурда шуд. Дар ин ҷо ҷавонони 14-30 сола метавонанд дар курсҳои ройгон бинобар тиҷорати электронӣ, барномасозӣ ва асосҳои кибер-варзиш таҳсил гиранд. Дар натиҷа ҷавонон касбҳои замонавиро мисли веб-дизайнер ва барномасозӣ аз худ мекунанд, ба офаридани замимаи мобилӣ шурӯъ карда, дар ин соҳа тиҷорати худро роҳандозӣ месозанд.

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Вазорати технологияҳои рақамӣ оиди имконият ва имтиёзҳое, ки аз ҷониби ҳукумат барои таҳсили IT пешбинӣ шудаанд, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он директори Маркази рушди таълими рақамӣ Шуҳрат Сатторов таъкид кард, ки ҳоло дар мамлакатамон беш аз 65 ҳазор нафар писарону духтарон дар 600 маркази таълими IT таҳсил мегиранд. Дар пойгоҳи қарорҳои роҳбари давлат аз 1 феврали соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди дастгирии фаъолияти омодасозии мутахассисони бомалака дар соҳаи рақамисозӣ» ва «Дар бораи чораҳои дастгирии фаъолияти омодасозии мутахассисони бомалака аз рӯи самтҳои экспорти хидматҳои IT» ва мувофиқи қарори Девони Вазирон аз соли ҷорӣ барномаи «IT-iste’dod» эътибор пайдо кард.

Барномаи «IT-iste’dod» лоиҳаест, ки ба ҳавасмандгардонии рушд ва тавсеаи фаъолияти ташкилотҳои таълимии ғайридавлатӣ нигаронида шуда, мутахассисони соҳаро барои ширкатҳои содиркунандаи хидмати резидентҳои IT-park омода мекунад.

Мувофиқи қарор, вақте ки хатмкунанда ба созмони содиротии хидматҳои IT ба кор дохил мешавад, ба ӯ ба андозаи 75 баробари миқдори базавӣ, яъне то 25 миллион ва дар вақти ба кор дохил шудани хатмкунандаи ногиро ба ӯ ба андозаи 105 баробари миқдори базавӣ, яъне то 35 миллион сӯм субсидия ҷудо карда мешавад.

Барои тақдими субсидия ба ташкилотҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки резиденти IT-park мебошад, системаи махсуси иттилоотии crm.digital.uz офарида шуда, аз моҳи марти соли ҷорӣ фаъол гаштааст.

Дар ин системаи махсуси рақамӣ 485 нафар резидентҳои таълимӣ сабти ном шуда, дар бораи 1281 курси таълимӣ маълумот ворид карда шудааст. Ин курсҳоро 26800 нафар донишҷӯён бомуваффақият хатм намуда, зиёда аз 5600 нафар донишҷӯён таҳсил мегиранд.

Беш аз 11 000 нафар хатмкунандагон бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки 467 нафари онҳо дар ташкилотҳое, ки хидматрасониҳои IT-ро содир мекунанд, фаъолият мебаранд.

Дар рафти чорабинӣ бо суоле муроҷиат кардам, ки азбаски ҳамаи маҳаллу деҳоти мамлакатамон бо интернет ба дараҷаи кофӣ таъмин нестанд, ба онҳо хидматҳои IT чӣ гуна расонида мешавад? Роҳбари садорати кор бо ташкилотҳои таълимӣ Алишер Рапиев ҷавобан гуфт, ки дар солҳои наздик қадри имкон нафақат дар ҳар маҳаллу деҳот хидматҳои компутер ташкил мешавад, инчунин дар мактабҳои таълимӣ нақшаи солонаи фанни информатика аз нав тағйир ёфта, синфҳои компутер бо Wi-Fi пайваст мешаванд ва бо шабакаи интернети баландсуръат таъмин мегарданд.

Далер АЗИЗОВ, хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: