Одилҷон ТОҶИЕВ, ҷонишини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шумоёнро ба муносибати айёми шод, яъне ҷашни садсолагии рӯзномаи “Овози тоҷик», ки рамзи матбуоти тоҷики Ӯзбекистон мебошад, аз таҳти дил муборакбод менамоям!
Дар сад соли гузаштаи таърих мумкин аст таҳририяти рӯзнома баробари рӯзҳои неку хуш, мушкилоту машаққатҳоро паси сар намуда бошад, аммо комилан аён аст, ки Шумо ва мисли шумо бо қудрати қалами худ тавонистед ҷаҳонро тағйир диҳед.
Бояд эътироф намуд, ки рӯзномаи “Овози тоҷик» ба қисми ҷудонопазири матбуоти ӯзбеку тоҷик табдил ёфтааст. Ӯ чун оинаи тафаккури ҷамъият, ба сифати нашрияе, ки мушкилоти замонаамонро инъикос менамояд, аз қалби муштариён ҷой гирифт. Рӯзнома дар давоми фаъолияти садсолаи худ хонандагонро нафақат бо воқеаву ҳодисаҳое, ки дар саросари дунё рух медиҳанд, шинос намуд, балки онҳоро рӯҳбаланд кард, ба тафаккур намудан водор сохта, ба азму саъй сафарбар намуд.
Ҷамоаи рӯзномаи “Овози тоҷик»-ро ба муносибати солгарди муътабар аз таҳти дил табрик мегӯям! Меҳнати пурмашаққат, садоқат ба журналистика ва касб шуморо сазовори таҳсин мегардонад. Шумо танҳо рӯзноманигор нестед, пуштбони ҳақиқат, пуштбони озодии сухан ва меъморони афкори ҷамъият ҳастед.
Мо барои садоқат, азми қавӣ ва шуҷоатмандиатон ташаккур мегӯем, меҳнати шуморо қадр мекунем ва ифтихор мекунем, ки дар журналистика чунин мутахассисони соҳибмалака дорем!
Ба шумо комёбиҳо, дастовардҳои нав ва илҳоми беҳад таманно дорем. Қаламатон ҳамеша бурро, овозатон баланду шево ва назаратон ҳушёр бошад. Ҳар як саҳифаи “Овози тоҷик» пур аз маъно, ҳақиқат ва меҳру накӯӣ бошад!