Дар Кодекси замин возеҳ гуфта шудааст, ки қитъаҳои замини ба иҷора додашуда наметавонад объекти фуруш, туҳфа, иваз кардан шавад ва қитъаҳои замине, ки ба ихтиёри хоҷагиҳои фермерӣ дода шудааст, хусусӣ гардонида, савдо, туҳфа ва иваз карда намешавад.
Инчунин, фурўши ҳудуди ба қитъаи замини обёришаванда ё як қисми он тааллуқдошта ё ба шахси дигар ғайриқонунӣ додан бар асоси моддаи 229, банди 6-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷиноят дониста мешавад.
Аз ҷумла, варақаи иҷроияи суди ноҳияи Бахмал аз 11.03.2024 дар бораи ситонидани ҷарима ба фоидаи давлат ба маблағи 43 миллион сӯм аз ҳисоби А.И., ки бо моддаи 229 прим 6 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳкум шудааст, ба шуъбаи Бюрои ноҳияи Бахмал омада расид.
Дар асоси ин ҳуҷҷати иҷро нисбати қарздор парвандаи иҷро оғоз гардида, нусхаи он ба тарафҳо фиристода шудааст.
Дар натиҷаи чораҳои иҷро пурра ситонидани ҷарима ба маблаги 43 миллион сӯм аз А.И. таъмин карда шуд.
Ин ҷарима ба шаҳрванд А.И. ва барои дигарон ибрат буда, хубтар мешуд фаҳманд, ки аз замин пурмаҳсул истифода бурдан зарур аст ва бо ин гуна кирдорҳои ҷинояткорона машғул шудан ба оқибатҳои вазнин оварда мерасонад.