БА ХАТМКУНАНДАГОНИ МАРКАЗҲОИ ТАЪЛИМИ КАСБӢ ИМКОНИЯТҲОИ ВАСЕЪ ДОДА МЕШАВАД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ҳамкории Вазорати муносибатҳои меҳнат ва таъмини шуғл таҳти мавзӯи «Омӯзонидани ҷавонон ба касбу ҳунари замонавии дар бозори меҳнат серталаб, ташаккул додани фазилатҳои меҳнатдӯстӣ ва маҳорати соҳибкорӣ дар онҳо ва вазифаҳои устуворе, ки барои рӯйи об баровардани ташаббусҳои онҳо нигаронида шудааст» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ҳамкории Вазорати муносибатҳои меҳнат ва таъмини шуғл таҳти мавзӯи «Омӯзонидани ҷавонон ба касбу ҳунари замонавии дар бозори меҳнат серталаб, ташаккул додани фазилатҳои меҳнатдӯстӣ ва маҳорати соҳибкорӣ дар онҳо ва вазифаҳои устуворе, ки барои рӯйи об баровардани ташаббусҳои онҳо нигаронида шудааст» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Ҳоло дар сартосари мамлакат 15 мономарказ, 136 маскани таълими касбу ҳунари маҳаллаҳо фаъолият мебарад, ки дар онҳо имконияти дар давоми як сол бо 40 намуди касбу кор фаро гирифтани зиёда аз 45 ҳазор нафар аҳолии бекор мавҷуд аст.
Чи тавре ки муовини директори мономаркази «Ишга марҳамат»-и ноҳияи Яшнободи пойтахт Ҳ. Халилова маълумот дод, соли 2019 бо мақсади омӯхтани касбу ҳунар зиёда аз 2 ҳазор ариза қабул карда шуд, ки 64 фоизи он аз ҷавонон буд, дар давоми соли гузашта бошад, дар чунин марказҳо ба 52,2 ҳазор нафар шаҳрванд касбу кор омӯзонида шуд. Дар давоми 3 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ин шумора ба 43,9 ҳазор нафар расид. То охири соли ҷорӣ таҳсил гирифтани наздик ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар чунин марказҳо мадди назар гирифта шудааст. 
Дар ин марказҳо ғайр аз касбу ҳунар забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзонида мешавад, ки ин барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар хориҷи кишвар кор кунанд, кӯмак мерасонад.
Дар нишасти матбуотӣ ба суолҳо оиди гурӯҳҳои кӯтоҳмуддате, ки дар 15 рӯз ё ки 1 моҳ баъзе касбҳоро меомӯзонанд,  ҷавоб дода шуд. Гуфта шуд, ки гувоҳномае, ки шаҳрванд оиди хатми маркази таълими касбӣ  мегирад, ба дипломи таълими миёнаи махсус баробар дониста мешавад. Дониш ва малакаи онҳо аз тарафи мутахассисони ташкилотҳое, ки ба ин касбу ҳунар талабгоранд, санҷида мешавад.
Дар мономарказ ё марказҳои омӯзиши касбу ҳунар дар навбати аввал чораҳои бо шуғл таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар дафтари ҷавонон ё занон ба рӯйихат гирифта шудаанд, андешида мешавад.   
Хатмкунандагони марказҳои таълими касбӣ, ки бори аввал ба кор ҷалб мегарданд, то шаш моҳ аз пардохти андози даромади меҳнат озод карда мешаванд.
Бо мақсади омода кардани кадрҳои ботаҷриба таҳсил дар марказҳои таълими касбӣ 30 фоиз дар шакли назариявӣ ва 70 фоиз дар шакли амалӣ дода мешавад.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: