БА ХОДИМОН ВА АЪЗОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам ходимон ва фаъолони иттиҳодияҳои касаба!
Аз таҳти дил шумо ва дар шахси шумо миллионҳо аъзои ин ташкилоти воқеан халқиро ба муносибати Рӯзи иттиҳодияҳои касабаи Ӯзбекистон, ки дар мамлакатамон васеъ ҷашн мегардад, табрик намуда, ба ҳамаатон эҳтироми амиқ ва беҳтарин таманноҳоро изҳор менамоям. 
Саҳми муносиби иттиҳодияҳои касаба дар муттасил баргузор намудани ислоҳот ва таъмини натиҷаҳои амалии он дар мамлакатамон дар роҳи сохтмони  ҷамъияти демократӣ, ҳаёти озод ва фараҳнок шоистаи эътирофи баланд аст. 
Дар фаъолияти иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, ки қариб соҳиби таърихи 120-сола мебошад, давраҳои парвоз ва афтидан вуҷуд дошт, аммо ин ташкилот ҳеч гоҳ аҳамияти худро аз даст надод. Муболиға намегардад, агар бигуем, ки дар солҳои охир дар ҳаёти иттиҳодияҳои касаба марҳилаи нав шурӯъ гардид.
Ҳоло ҳозир дар системаи иттифоқҳои касабаи мамлакат беш аз 34 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ босамар фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 6700 ходим ва қариб 300 ҳазор фаъол меҳнат мекунанд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии аъзои иттифоқи касаба, дастгирии иҷтимоиву иқтисодии меҳнаткашони ҷамоаҳои меҳнатӣ дар солҳои охир дар низоми иттифоқҳои касаба чорабиниҳои вусъатнок ба амал татбиқ мегардад. 
Дар давраи гузашта бо кӯшиши ходимони соҳа ҳуқуқи меҳнатии 5425 коргар ва хизматчӣ барқарор карда шуда, ба фоидаи онҳо қариб 11 миллиард сӯм ситонда шуд, ки дар амал нақши муҳими иттиҳодияҳои касабаро дар таъмини қонунгузории меҳнатӣ собит менамояд.
Ҳамзамон дар 932 корхона ва ташкилот бартараф гардидани беш аз 5 ҳазор ҳолати  поймол гардидани талаботи ҳифзи меҳнат аз самаранокии системаи бавуҷудоварда гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҳолатҳо метавонистанд шароите ба вуҷуд оваранд, ки ҳаёт ва меҳнати коргаронро зери хатар гузорад. 
Бояд таъкид кард, ки дар мавсими тобистона аз ҷониби фаъолони иттиҳодияҳои касаба фароғати беш аз 400 ҳазор нафар кӯдакон дар лагерҳои ҷумҳурӣ, дар фароғатгоҳҳои зеридоравӣ дар асоси имтиёз истироҳати беш аз 143 ҳазор нафар кормандон ва аъзои хонаводаи онҳо, барқарор намудани саломатии беш аз 300 нафар собиқадорони ҷанг ва фронти меҳнатӣ ташкил карда шуд. 
Имсол дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона лагери замонавии бачагона, дар ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд санаторияи нави «Заркент» сохта шуданд. Ба баҳрабардорӣ супурдани санаторияи «Севарсой» дар минтақаи сайёҳии «Чимён»-и ноҳияи Бӯстонлиқ ба Рӯзи иттифоқҳои касаба барои меҳнаткашони мамлакат армуғони ҳақиқӣ гардид.
Собиқ маркази маданияти нодир дар Тошканд, ки таърихи бештар аз як асрро дорад ва аз саҳнаи он борҳо истеъдоди дурахшон ва нотакрори худро арбобони маъруфи санъати миллӣ ва маданияти ҷаҳон нишон додаанд, ҳоло ҳусни нав касб намуда, дубора чун «Қасри иттифоқи касаба» барқарор гардид. Боварӣ дорам, ки бо кӯшиши иттифоқҳои касаба қаср ба чунин кори шарафнок, мисли рушди маданият ва санъати Ӯзбекистон, баланд бардоштани маънавияти насли ҷавон саҳми муносиби худро мегузорад. 
Таъсиси Академияи меҳнат ва муносибати иҷтимоии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон аз ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландмалака ва тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи муносибати меҳнатӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. 
Солҳои охир иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бо ташкилотҳои ҳамсоҳаи давлатҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналхалқӣ алоқаҳои шарикиро инкишоф медиҳанд, ки ин барои мустаҳкам намудани нуфузи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ хидмат менамояд. Аз он ҷумла, Шӯрои иттиҳодияҳои касабаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ташкил гаштааст, нақши мисли Шӯрои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чун вазифаи ба худ хоси майдони гуфтугӯ барои рушди муттасили муносибати ҳамсоягии некро аз рӯйи принсипҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, манфиати ҳамдигар ва эътимоди байни меҳнаткашони мамлакатҳои минтақа адо мекунад. 
Бояд таъкид кард, ки ҳоло ҳозир нақш ва нуфузи иттиҳодияҳои касаба дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат рӯзафзун мегардад. Мебинем, ки омили муҳим дар ин бобат пеш аз ҳама наздик сохтани ташкилот бо аҳолӣ, муайян намудани вазифаи бартариноки он ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои меҳнаткашон, хидмат ба манфиати халқ ва мамлакат ба шумор меравад. 
Дар давраи гузашта бо вазоратҳо, идораҳои масъул, ҳокимиятҳо бинобар низоми «Дафтари занон» якҷоя кор карда, иттиҳодияҳои касаба ташаббускорӣ ва фаъолнокиро дар омӯзиш ва ҳалли мушкилоти қариб 1,5 миллион нафар занон дар асоси муносибати алоҳида зоҳир намуданд. Қариб 130 ҳазор муроҷиати занон, ки ба телефони боварии федератсия «1211» расидааст, мусбӣ ҳал гардид.
Бинобар роҳандозии 924 лоиҳа доир ба паҳн намудани таҷрибаи соҳибкорӣ бинобар усули ҳамкорӣ беш аз 100 ҳазор нафар одам бо кор таъмин гардида, дар байни онҳо 73 ҳазор нафар занон ҳастанд. 
Аз фурсат истифода намуда, ба шумо, азизони ман, самимияти худро барои иштироки фаъол дар корҳои ҷорӣ дар мамлакат доир ба таъмини ҳуқуқ ва озодӣ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дастгирии иҷтимоиву иқтисодии аҳолии қишри заиф ва аъзои ҷамоаҳои меҳнатӣ изҳор менамоям.
Дӯстони муҳтарам!
Тавре ки маълум аст, иттиҳодияҳои касабаи мамлакатамон калонтарин ташкилоти ҷамъиятӣ ба шумор меравад, ки дар сафи худ беш аз 5,5 миллион кормандро муттаҳид намудааст. Ва миқдори он торафт меафзояд. Аз ин рӯ, ҳамаи кормандон ва хизматчиёни ҷумҳурӣ Рӯзи иттиҳодияҳои касабаро чун санаи муҳими аҳамиятнок васеъ қайд менамоянд. 
Дар амал сиёсати муттасиле, ки дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав муайян гаштааст, татбиқ намуда, ки ба ҳимояи шараф ва қадри инсон чун арзиши олӣ нигаронда шудааст, пешниҳод мекунам, ки ба Рӯзи иттиҳодияҳои касабаи Ӯзбекистон мақоми ҷашни меҳнаткашон, иди умумихалқӣ дода шуда, 11 ноябр рӯзи истироҳат муқаррар гардад. 
Замони мураккаб ва шиддатноки имрӯза минбаъд мустаҳкам намудани низоми таъмини ҳуқуқӣ касбӣ, меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандонро дар корхонаҳо ва ташкилотҳо тақозо менамояд ва ман умед дорам, ки шумо дар ин бобат фаъолнокии ҳамаҷониба зоҳир менамоед. 
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам кормандони иттифоқҳои касаба!
Давлат ва ҷамъиятамон минбаъд низ тамоми имконотро барои дастгирии ҳамешагии коргарон ва хизматчиён, таъмини ҳуқуқи меҳнатии онҳо, баланд бардоштани ҳаҷми музди меҳнаташон сафарбар менамоянд. 
Зеро меҳнати босамар, натиҷаҳои он ин мазмуни ҳаёти ҳар як инсон мебошад.
Аз иттиҳодияҳои касаба ва фаъолияти босамари онҳо аз бисёр ҷиҳат татбиқи вазифаҳои бузург ва шарафноке, ки дар наздамон ҳастанд, вобаста мебошад, то ки дар ҳар як корхона ва ташкилоти мамлакат принсипи муҳими эҳтироми шараф ва қадри инсон таҳким ёбад, то ки меҳнат манбаи фараҳмандӣ ва хушбахтӣ гардад. 
Бори дигар ҳамаи шуморо бо ҷашни аҷоиби имрӯз – Рӯзи иттиҳодияҳои касабаи Ӯзбекистон самимона табрик намуда, дар меҳнати масъулиятнок ва бошарафатон муваффақият, саломатӣ, сулҳ ва фараҳмандиро барои хонаводаҳоятон таманно дорам. 

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: