БА ХОДИМОНИ МАТБУОТ ВА ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ

Дӯстони азиз!

Дӯстони азиз!
Хеле хушҳолам, ки ҳамаи шуморо бо Рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ – 27 июн табрик менамоям ва бароятон эҳтироми амиқ ва таманноҳои беҳтаринро изҳор мекунам.
Аз фурсат истифода намуда, ба шумо барои он ки сарфи назар аз вазъияти мураккаб ва машаққатҳои кунунӣ, ки аз сабаби паҳн гардидани пандемия ба вуҷуд омадааст, аз рӯи виҷдон қарзи касбии худро дар бобати ба аҳолӣ таъҷилона ва муътамад расондани ахбор, ҳамаҷониба равшан намудани ислоҳоти ҷории демократӣ дар мамлакатамон адо менамоед, миннатдории амиқ изҳор менамоям.
Муҳтарам ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ!
Чи хеле ки ба шумо маълум аст, имрӯз дар марҳалаи нави инкишофи мамлакатамон ба ислоҳоти куллӣ ва такмили ҷанбаи иттилоот низ эътибори ҷиддӣ нигаронда мешавад.
Инро он нукта низ собит месозад, ки дар се соли охир беш аз 10 ҳуҷҷати қонунгузорӣ дар самти мазкур қабул гаштааст. Аз ҷумла, бинобар қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои минбаъда оид ба таъмини истиқлолияти воситаҳои ахбори оммавӣ ва инкишофи фаъолияти хидматҳои матбуоти мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ» дар ин соҳа низоми нав ташаккул ёфтааст.
Соли гузашта бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ хидматҳои матбуоти бисёр вазорат ва идораҳо бинобар талаботи замон бозсозӣ шуда, дар 201 ҳокимияти ноҳия ва шаҳр чунин хидматҳо бори аввал ташкил гардиданд.
Барои пешниҳод намудани маълумоти боварибахш дар бораи ҷараёнҳои ҷории ҷамъият ин хидматҳо нишастҳои матбуотӣ, брифинг, медиатурҳо ташкил менамоянд, дар заминаи мушкилоти ҳассос ва рӯйдодҳо аз он ҷумла дар веб-сайтҳои худ, шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳои мобилӣ оҷилона тафсирот пешниҳод мекунанд.
Дар солҳои охир қариб 290 нашрияи интернетии хусусӣ ва идоравӣ ташкил гардиданд. Онҳо ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ дар баробари маводи дигар муҳимтарин иттилооти расмӣ, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиро паҳн мекунанд.
Аз ҳама муҳимаш, воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ, ҷараёнҳои доманфарохи бозсозии мамлакатро аз ҳар ҷиҳат таҳлил намуда, диққати идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятро ба мушкилоти иҷтимоӣ ва камбудиҳо дар маҳалҳо менигаронанд.
Табъан, имрӯз мо дар ҷустуҷӯи роҳи рушди тамоми ҷанбаҳо, аз он ҷумла соҳаи иттилоот қарор дорем. Табиист, ки ҳамзамон дар баробари муваффақиятҳо кӯтоҳӣ ва камбудиҳо дучор мегарданд.
Вақте ки дар ин бобат сухан ба миён меояд, бояд эътироф кард, ки фош намудани талаботи сахт ва тамоилҳои муҳими имрӯз, таҳлили танқидӣ, боҷуръатона ба муҳокимаи ҷамъият гузоштани мавзӯъҳо ва мушкилоти боиси ташвиши одамон ҳанӯз дар фазои матбуоти миллӣ бартарият касб нанамудаанд. Мутаассифона дар аксарият воситаҳои ахбори оммавӣ маводе бартарият дорад, ки молики аҳамияти баланди иҷтимоӣ набуда, дар рӯҳи ҳисоботиву баландпарвозӣ таҳия гаштаанд.
Боз як масъалаи муҳим: ҷамъиятро дараҷаи пасти дониш ва профессионализм, маданияти баҳси баъзе аз журналистон ва блогерҳо дар ташвиш гузоштааст. 
Бинобар ин вазифаи асосӣ омӯзиши амиқ ва бартарафсозии чунин камбудиҳо, гузаштан аз нишондодҳои миқдорӣ ба сифатӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори оммавӣ, баланд бардоштани самаранокии кори онҳо ба шумор меравад.
Имрӯз дар ҳоле ки давлати демократии ҳуқуқбунёд месозем, мо бояд ба талаботи қатъӣ ва маҳакҳои журналистика, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф гаштааст, риоя намоем. Муҳимтарин принсипҳои  ин – объективӣ ва эътимоднокӣ. Ҳар касе, ки дар фазои иттилоот фаъолият менамояд – хоҳ журналист, хоҳ блогер ба ин қоида бояд риоя кунад.
Мо ба он нукта эътибор бояд диҳем, ки журналистони оянда соҳиби дониши амиқ ва истеъдоди касбӣ, соҳиби мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ буда, дар баробари забони модарӣ забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро балад бошанд.
Агар мо ба мероси ғании маънавии мардумамон такя намуда, чунин кадрҳои баландмалакаро тарбия намоем, ин кор боз ҳам босамар хоҳад гардид. Хусусан мероси ҷадидон, аз он ҷумла мактаби миллии журналистикаи олим ва публисисти маъруф Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки соли ҷорӣ 145-солагии ӯ васеъ ҷашн гирифта мешавад, аҳамияти калонро молик аст.
Бинобар ин таъсис намудани стипендияи ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудиро барои донишҷӯёни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон пешниҳод менамоям, ки барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ғояи миллӣ хидмат менамояд.
Мо инчунин таҷрибаи маъруфтарин ширкатҳои расонавии ҷаҳонро дар ҷиҳати тарбия ва кор бо кадрҳо, васеъ намудани табодули таҷриба бо журналистони хориҷӣ, ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа амиқ омӯзем.
Муҳтарам ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ!
Бори дигар аз таҳти қалб шумо ва тамоми ҳаводоронатонро бо ҷашни имрӯза табрик менамоям.
Барои ҳамаатон тансиҳатии мустаҳкам, муваффақияти нав, хушбахтӣ ва барои хонаводаҳоятон фараҳмандӣ орзумандам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: