БА ХОДИМОНИ СОҲАИ САНЪАТИ ТЕАТРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дӯстони азиз!

Дӯстони азиз!
Муҳтарам ходимони маданият ва санъат!
Ман аз он қаноатмандии самимии том ҳосил менамоям, ки аз таҳти дил шумо ва дар шахси шумо миллионҳо ҳаводорони санъатро бо Рӯзи байналхалқии театр, ки 27 март қайд мегардад, табрик менамоям ва эҳтироми амиқ ва таманноҳои беҳтарини худро изҳор месозам.
Ба ҳамаи мо нақши беназир ва аҳамияти санъати театрӣ дар ҳаёти инсон ва ҷамъият, ғанисозии олами маънавӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонамон хуб маълум аст.
Тавре ки маърифатпарвари маъруф Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ гуфтааст, театр ин воқеан маъбади санъат, тарбия ва маърифат мебошад.
Театр, ки яке аз намудҳои маъруфтарин ва мутаассиртарини санъати ҷаҳон ба шумор меравад, дар тӯли асрҳо одамонро ба некӣ ва инсонпарварӣ ҳидоят намуда, барои рушди сифатҳои нек, тарбияи эҳсосоти зебо, мустаҳкамсозии сулҳ дар ҷамъият, муҳити дӯстӣ ва мусолиҳа, тасбити принсипҳои ахлоқи ҳамида ва адолат мусоидат менамояд.
Дар ин рӯзи ҷашн, ки он дар беш аз 100 мамлакати ҷаҳон таҷлил карда мешавад, таъкид кардан бамаврид аст, ки санъати театрии Ӯзбекистон, ки таърихи пуршарафи он беш аз сад солро ташкил менамояд, молики мактабҳои эҷодии худ буда, анъана ва арзишҳои ғании худро ҳифз карда, имрӯз бо замон ҳамқадам буда, муттасил инкишоф меёбад.
Мехоҳам аз таҳти дил ба шумо барои меҳнати пурмашаққат ва шуҷоатнок, азизони ман – устодони маъруфи саҳна, драматург ва коргардонҳои маъруф, мусиқор ва оҳангсозон, актёрҳои ҷавон, рассомон ва ходимони техникие, ки содиқи касби худ, саҳна, алоқамандони истеъдоди худ мебошанд ва бо илҳом ба театр ба хотири мардуми бисёрмиллатамон хидмат менамоянд, миннатдорӣ изҳор намоям.
Дар шахси шумо мо инсонҳои шарафмандро мебинем, ки чунин маънавияти беназири бой чун санъати театрро эҳтиёткорона ҳифз менамоед  ва инкишоф медиҳед, то ки онро ба насли оянда бирасонед.
Фикр мекунам, барои шумо хуб маълум аст, ки солҳои охир мисли тамоми соҳаҳо, дар низоми маданият, аз он ҷумла дар ҳаёти театрҳоямон, бозсозиҳои куллӣ ба вуқӯъ меоянд.
Чандин фармон ва қарорҳое, ки дар ин самт қабул гаштаанд, ба инкишофи ояндаи соҳа, мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникии он ва потенсиали кадрҳо, баланд бардоштани эътибор ва таваҷҷӯҳ дар ҷамъият, дар навбати аввал дар байни ҷавонон, ба санъати театр нигаронда шудаанд.
Бояд таъкид кард, ки ба ин масъалаҳо дар қарорҳои ба қарибӣ қабулгардидаи Президент «Дар бораи Фонди мақсадноки дастгирии соҳаҳои маънавият ва эҷодкорӣ» ва «Дар бораи чорабиниҳо оид ба куллан такмил додани низоми кори маънавияту маърифат» эътибори бартаринок нигаронда шудааст.
Дар пойтахти зебои мо Тошканд, дар тамоми минтақаҳо объектҳои нави илм ва маданият, театр ва амфитеатрҳои замонавӣ бунёд мегарданд, дастаҳои эҷодии «клуби дӯстон» амал менамоянд, ки якҷоя бо ширкат ва бонкҳои калон ба вуҷуд оварда шудаанд.
Барои ба амал татбиқ намудани истеъдод ва иқтидори ҷавононамон, ки дӯстдори санъат мебошанд, озмун ва ҷашнвораҳои эҷодӣ баргузор гардида, муассисаҳои нави таълимӣ таъсис меёбанд. Дар минтақаҳо филиалҳои мактабҳои олии таълимии соҳаи маданият кушода шуда, теъдоди қабул ба онҳо меафзояд, ба духтарони оилаҳои камтаъмин имтиёзот пешниҳод мегардад.
Дар вақтҳои охир Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ, театри мақоми мусиқии шаҳри Марғилон таъсис дода шуданд.
Бо хушнудӣ эълом мекунам, ки ҳоли ҳозир дар пойтахт корҳои калони омодагӣ ба сохтмони бинои нави боҳашамат барои Театри драмаи академии миллии Ӯзбекистон, ки ҷавобгӯи стандартҳои баланди замонавитарини байналхалқӣ мебошад, оғоз ёфтааст.
Ҳамватанони муҳтарам!
Дар замони имрӯзаи зудтағйирёбанда худи ҳаёт дар пеши ҳамаи мо вазифаҳои хеле муҳим ва мураккаб мегузорад. Дар бобати ҳимояи мардумамон аз таҳдидҳои мухталиф, тарбияи насли навраси мутаносиб инкишофёфта дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, зидди ҷоҳилӣ бо маърифат мубориза бурдан аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Дар ин роҳ мо ба шумо, арбобони муҳтарами маданият ва санъат, истеъдод ва потенсиал, дониш ва таҷриба, сифатҳои неки шумо, мисли ин ки ба тамоми намояндагони зиёиёнамон, такя мекунем.
Мо минбаъд низ меҳнати машаққатнок ва ҷустуҷӯҳои эҷодии шуморо барои офаридани образҳои бадеии ҳамзамононамон, ки ба хотири бунёди Ӯзбекистони нав – мамлакати озод ва шукуфон бо шуҷоат ва аз рӯи виҷдон меҳнат мекунанд, васеъ дастгирӣ менамоем.
Масъалаҳои рағбатноксозии ҳамаҷонибаи намояндагони санъати театрӣ, чун ҳамаи ходимони маданият, ба вуҷуд овардани шароити меҳнат ва ҳаёт барои онҳо, дар маркази диққати мо қарор хоҳанд гирифт.
Дӯстони азиз!
Бори дигар шуморо бо ҷашни Рӯзи байналхалқии театр самимона табрик менамоям, барои ҳамаатон сиҳатмандӣ, нирумандӣ, муваффақиятҳои нави эҷодӣ таманно дорам.
Бигузор, дар саҳнаҳои театрҳо, дар ҷамоаҳои эҷодиатон чунин рӯзҳои хуш зиёд бошад!
Бигзор, дар хонаводаҳои шумо сулҳ ва субот, бахт ва фараҳмандӣ ҳукмрон бошад!

Бо эҳтироми амиқ,
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: