БА ХОДИМОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дӯстони азиз!

Муҳтарам ходимони тиб!
Шуморо, ки ҳаёти худро барои муҳофизат ва мустаҳкам намудани тандурустии одамон бахшидаед, намояндагони касби бошараф, ки рисолати баландатонро дареғ надошта, шуҷоатмандона иҷро менамоед, ба муносибати Рӯзи ходимони тиб, ки дар мамлакатамон васеъ ҷашн мегардад, аз таҳти дил табрик менамоям.
Фикр мекунам, ки суханони табиби бузурги қадим Ҳиппократ «Тиббиёт – воқеан аз тамоми  илму санъат шуғли бошарафтарин» моҳияти касби мураккаб ва ҳамзамон бошарафи шуморо комилан инъикос менамояд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳифз ва мустаҳкамсозии тандурустии аҳолӣ ин муҳимтарин вазифаест, ки барои ҳар як давлат ва ҷамъият аҳамияти ҳалкунандаро молик аст.
Дар сарзамини мо ҳанӯз дар даврони қадим бисёр муассисаҳои муолиҷа ва таълимии тиббӣ вуҷуд доштанд, рисолаҳои беназири илмии Абӯалӣ ибни Сино ва дигар уламо ва мутафаккирон, усулҳои дорусозӣ ва табобати онҳо дар тамоми ҷаҳон маъруфият пайдо намудаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гузаштагони мо барои илми дарки инсон ва тансиҳатии ӯ то чӣ андоза эътибори калон медоданд.
Беҳуда нест, ки дар ҷумҳурӣ бозсозии куллиро мо аз муҳимтарин самтҳои ҳаёти ҷамъиятамон – таъмини сулҳ ва оромӣ ва ҳамчунин муҳофизати саломатии аҳолӣ шурӯъ намудем.
Зеро сулҳ ва саломатӣ барои ҳар як инсон, барои тамоми халқамон давлати бузург ва воқеан беназир ба шумор меравад. Ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки танҳо инсони солим ва миллати солим ба кушоишҳои бузург қодиранд.
Пӯшида нест, ки дар баробари натиҷаҳои мусбии дар низоми тандурустӣ бадастомада боз чандин камбудӣ ва мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки ҳаллу фасли худро тақозо дорад. Аз ин рӯ дар се соли охир муроҷиат, мулоҳиза ва пешниҳодоти шаҳрвандонамон аз ҳар ҷиҳат омӯхта шуда, беш аз 170 ҳуҷҷати ҳуқуқӣ қабул гардид, ки барои ислоҳоти амиқи соҳаи тиб нигаронда шудаанд.
Аз он ҷумла, бинобар Фармон «Дар бораи чорабиниҳои маҷмӯӣ оид ба куллан такмил додани низоми тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» Консепсияи инкишофи низоми тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2025 ва барномаи марбут тасдиқ гардид.
Ин барои он ки инсон, ҳаёт ва саломатии вай воқеан дар тамоми низоми тандурустӣ бартарӣ пайдо намояд ва ҳамчунин барои баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ то дараҷаи стандартҳои байналхалқӣ дари имконоти навро боз менамояд.
Тавре ки маълум аст, чӣ барои хонавода ва чӣ барои давлат пешгирӣ намудани беморӣ ҳам муфид ва ҳам босамар, то ин ки табобат карда шавад. Аз ин рӯ дар мамлакатамон ба инкишофи тибби профилактика аҳамияти муҳим дода мешавад.
Дар баробари ин бо мақсади беҳсозии низоми ёрии тиббиву санитарӣ дар мамлакат 817 бунгоҳи тиббии деҳот, 798 поликлиникаи оилавии деҳот ва 178 чунин поликлиника дар шаҳрҳо бо иловаи машваратгоҳҳои занона ва кабинетҳои саломатии духтарон кушода шудаанд, кори панҷ самти касбии «маҳдуд», нуқтаҳои ёрии тиббии таъҷилии шабонарӯзӣ ва дорухонаҳои иҷтимоӣ ташкил гаштаанд.
Низоми ягонаи марказонидашудаи ёрии тиббии фавқулодда ва таъҷилӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки дар байни аҳолӣ ба онҳо эҳтиёҷ хеле зиёд аст. Миқдори бригадаҳои ёрии таъҷилӣ аз 818 то 1666 зиёд карда шуда, нуқтаҳои ҷойгиршавии онҳо ба маҳалҳои аҳолинишин наздик карда шудаанд. Барои навсозии парки нақлиёти автомобилии хидматрасонӣ беш аз 1500 мошин харид гаштааст.
Боз дар як самти муҳим барномаи миллӣ ба амал татбиқ мегардад, ки ин мустаҳкамсозии саломатии репродуктив, ҳифзи модар ва кӯдак мебошад. Дар минтақаҳо дар муассисаҳои табобатии кӯдакон шуъбаҳои нав – ҷарроҳии неонатал, ҷарроҳии дил, ҷарроҳии инвазив, гинекологияи наврасон ва аз рӯи чандин самти дигар кушода шудаанд ва ҳамчунин ҷарроҳиҳои мураккаб анҷом дода мешаванд.
Чунин бозсозиҳо барои мустаҳкамсозии саломатии занон, ба таври назаррас коҳиш додани муриши кӯдак ва навзод мусоидат менамоянд.
Ғайр аз ин дар асоси бархурди нав хидмати патронаж роҳандозӣ гаштааст. Бояд махсус таъкид кард, ки барои пурра фаро гирифтани одамони солхӯрдаи дасттанҳо, шахсони ногиро, занони синни таваллуд ва кӯдакон корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Ба туфайли омӯзиши вазъи саломатии аҳолӣ ба василаи аз ҷониби ҳамшираҳои тиббӣ ба амал ҷорӣ намудани мунтазам хабаргирии ҳар як хонавода дар ҷиҳати огоҳӣ аз бемориҳои гуногун, баланд бардоштани маданияти тиббӣ дар оилаҳо натиҷаҳои мусбӣ ба даст меоянд.
Тавре ки маълум аст, муассисаҳои махсуси тиббӣ асосан дар пойтахт ҷойгиранд, аз ин рӯ аҳолии вилоятҳо бисёр вақт роҳи дурро тай менамоянд, то ки мадади ногузир гирифта тавонанд.
Вақтҳои охир аз ҳисоби дар маҳалҳо васеъ намудани шабакаи марказҳои махсуси тиббӣ, аз он ҷумла, аз рӯи чунин самтҳо мисли аллергология, онкология, нефрология ва иваз намудани гурда, неврология, травматология ва ортопедия, нейрохирургия теъдоди онҳо ба 16-то расид. Дар минтақаҳо 310 шуъбаи махсус, 14 филиали марказҳои илмиву амалии тиббии махсуси ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд.
Имрӯз на танҳо дар пойтахт, балки дар Намангон, Хоразм, Фарғона, Бухоро, Қашқадарё ва дигар вилоятҳо мураккабтарин ҷарроҳиҳои кардиохирургия анҷом дода мешаванд, дар марказҳои пешқадами тиббӣ иваз намудани гурда ва ҷигар, бофтаҳои тана роҳандозӣ гаштааст.
Дар натиҷаи дар соҳа ба вуҷуд овардани имконоти васеъ барои инкишофи сектори хусусӣ миқдори муассисаҳои хусусии табобатӣ аз 5300 зиёд гардид.
Ғайр аз ин дар мамлакат дар муддати кӯтоҳ беш аз 100 клиникаи замонавии муштарак бо чунин мамлакатҳо мисли ИМА, Олмон, Русия, Ҳиндустон, Туркия кушода шуданд.
Ҳоли ҳозир бо тарбияи кадрҳои баландмалака барои соҳа 7 мактаби олии таълимии тиббии мамлакат ва 4 филиали онҳо ва ҳамчунин 22 факултаи байналхалқие, ки якҷоя бо муассисаҳои бонуфузи тиббиву илмии хориҷӣ таъсис ёфтаанд, машғуланд.
Саноати дорусозии ватанӣ низ муттасил тараққӣ намуда, механизмҳои босамари хариди дорувории арзон ва сифатнок ва ҳамчунин ташкили нархгузории онҳо таҳия мегардад.
Ҳаҷми таъмини молиявии низоми тандурустӣ якчанд маротиб афзуд, ки ба таъмини самарбахшии ислоҳот мусоидат менамояд. Барои мисол, агар соли 2017 ба соҳа 7,1 триллион сӯм сафарбар гардида бошад, соли 2019 ин нишондод ба 12,1 триллион сӯм расид. Ин дар муқоиса бо соли гузашта 1,6 баробар зиёд аст. Ҳаҷми маблағе, ки барои доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, сохтмон ва таъмири объектҳои тандурустӣ ҷудо карда мешавад, 3 баробар афзуд.
Дар се соли охир дар беш аз 1300 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмону таъмир анҷом дода шуда, танҳо дар тӯли соли ҷорӣ онҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ба миқдори умумии 100 миллион доллари ИМА муҷаҳҳаз гардонда шуданд.
Давлат барои муносиб қадр намудани меҳнати масъулиятноки духтурон, беҳсозии шароити кор ва ҳаёти онҳо, бо манзили замонавӣ таъмин намудан, дастгирии маънавӣ ва моддии онҳо ҳамеша эътибор медиҳад.
Ҳамватанони муҳтарам!
Амиқсозии ислоҳоти оғозёфтаи низоми тандурустӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии мадади тиббӣ, ба соҳа татбиқ намудани навгониҳои пешқадам ва азхуд намудани инноватсия пеш аз ҳама ба ӯҳдаи роҳбарони соҳа, олимон ва духтурон, ҳамшираҳои тиббӣ ва мутахассисон масъулияти бузург мегузорад.
Дар назди мо чунин вазифаҳои муҳим, мисли марҳала ба марҳала татбиқ намудани низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ, роҳандозии фаъолияти босамари Агентии хидматрасонии тиббиву иҷтимоии назди Вазорати тандурустӣ, минбаъд баланд бардоштани сифати таълими тиббӣ ва натиҷагирии фаъолияти илмӣ қарор доранд.
Боварӣ дорам, ки ходимони шуҷоатманди соҳаи тандурустии Ӯзбекистон аз ӯҳдаи ин вазифаҳои масъулиятнок бо истифода аз тамоми зарфият ва таҷриба, қувва ва имконот бошараф мебароянд.
Бешубҳа шумо, муҳофизони саломатии мо, ба боварии калони халқ бо дониш ва таҷриба, хидмати беғараз ва садоқатмандона ба инсонпарвартарин касб дар ҷаҳон сазовор мегардед.
Ходимони азизи соҳаи тиб!
Бори дигар аз таҳти дил шуморо бо ҷашни касбӣ табрик менамоям, барои ҳамаатон саломатӣ ва тавфиқи нав, бахт ва фараҳмандии оилавӣ таманно дорам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: