БА ХОНДАНИ «ОВОЗИ ТОҶИК» ДАЪВАТ МЕКУНАМ

29 сол боз омӯзгорам.

Баъзан чакидаҳои қалами худро ба саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳияамон «Чуст ҳақиқати» ва ягона рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» мефиристонам. Аксари онҳо чоп мешаванд. Бинобар ин, ба ин нашрияҳо ҳусни таваҷҷӯҳи хосса дорам.
Мо ҳаёти имрӯзаи худро бе матбуот тасаввур карда наметавонем. Рӯзномаҳо барои хабардор кардани мардум аз навгониҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, воқеаву ҳодисаҳои муҳими рӯз, дастовардҳои илму маориф, адабиёту санъат ва ғайра саҳми калон доранд. Воситаҳои ахбори оммавӣ моро аз бозсозӣ ва бунёдкориҳое, ки дар мамлакатамон рӯй медиҳанд, хабардор мекунанд.
Шукргузорем, ки дар қатори дигар рӯзномаву маҷаллаҳо «Овози тоҷик» ҳам чоп мешаваду ба дасти  ҳамзабонони сершуморамон мерасад. Солҳои зиёд аст, ки ба  он мунтазам обуна мешавам. Вақтҳои охир дар саҳифаҳои он хабару мақола ва навиштаҳои яке аз дигаре беҳтару сермазмун, муҳимаш хонданӣ рӯйи чопро мебинанд. Барои ин мо, муштариён, аз ҳайати таҳрири рӯзнома беҳад миннатдорем.
Оилаи моро метавон сулолаи рӯзномахонон гуфт, зеро бобоям пахтакор бошанд ҳам, бо воситаҳои ахбори оммавӣ ошноӣ доштанду аз мутолиаи он завқ мебурданд, падари омӯзгорам Тӯхтаназар Тӯйчиев низ. Ман ҳам ба онҳо пайравӣ карда, бо падарам ҳамкасбу рӯзномахон шудам. Шукр, ки фарзандону наберагон низ аз пайи мо мераванд. Мо баҳри инкишоф додани маънавияту маърифати аҳли оила ва шогирдон аз рӯзномаҳо, бахусус «Овози тоҷик» зиёд истифода мебарем.
Ман дӯстдорони забону каломи ноби тоҷикӣ, ҳаммиллатони баору нанг ва худогоҳу худшиносро ба рӯзномахонӣ, хусусан ба «Овози тоҷик»-хонӣ даъват мекунам. Зеро он овози мо, розгоҳи мо, боиси нозу ифтихори мост.

Муҳаббат ТӮЙЧИЕВА,
муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии № 50 деҳаи Варзики ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: