Устод Садриддин Айнӣ чун бунёдгузори рӯзномаи «Овози тоҷик» пас аз бо шуғлу вазифаҳои муҳими ҷамъиятиву давлатӣ банд гардидан, бо он алоқаи худро канда накардааст.
На фақат замони зиндагии худ, балки пас аз вафот низ меросдорони устод бо рӯзнома робита доштаанд ва бозёфтҳои худро аз осори падар ба унвони «Овози тоҷик» фиристодаанд, ки баъзеашон ҳанӯз дар ҷое нашр нагашта будаанд.
Ин як мактуб, ки 55 сол қабл аз ин аз номи духтари устод Холида Айнӣ ба номи муҳаррири рӯзнома навишта шудааст, аз он гувоҳӣ медиҳад. Фарзанди Устод Айнӣ бо вуҷуди он ки падари бузургвораш асосгузори ин рӯзнома буданд, хоксорона ва бо фурутанӣ падари худро «дӯстдори газетаи шумо ва хонандаи ҳамешагии он буданд» навиштаанд:
«Муҳтарам, рафиқ муҳаррир!
Падарам Садриддин Айнӣ дӯстдори газетаи шумо ва хонандаи ҳамешагии он буданд.
Ба хотири он чанд ғазали он касро, ки аз дафтари ашъори пешазинқилобиашон пайдо шуд ва он то ҳол дар ҷое интишор наёфтааст, ба Шумо фиристодам.
Аз Шумо хоҳиш дорам, агар муносиб ёбед, дар рӯзҳои ҷашни 90-солагии падарам онҳоро истифода баред.
Агар ин шеърҳо барои Шумо лозим набошанд, хоҳишмандам, ки он нусхаро ба ман... пас гардонед.
1 X.68. ш. Душанбе.
Бо салом Х. Айнӣ».
Табиист, ки чанде аз ин 14 шеър ҳамон сол (1968) ба муносибати ҷашни 90-солагии адиб дар «Овози тоҷик» чоп шудаанд ва ҳоло дар ин рӯзи солгарди Устод Айнӣ боз чанде аз он шеърҳои ишқиро ба хонандагон ва алоқамандони ашъори устод ҳавола мекунем.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
муовини сармуҳаррир.
Садриддин АЙНӢ
АЗ ДАФТАРИ АШЪОР
Хун шуд, охир, зи ғаму ғусса дили мо бе ту,
Дида гардид зи андӯҳи ту дарё бе ту,
Ту ба ағёр шудӣ, бода кашидӣ бе мо,
Мо ғаму дард кашидем зи мино бе ту.
Шаби ялдои ман аз рӯйи ту будӣ чун қадр,
Рӯзи ман гашт сияҳ чун шаби ялдо бе ту.
Корвони ғаму андӯҳу алам кард нузул,
Ба маконе, ки нишастам мани шайдо бе ту.
Хонаи дарду сарои аламу меҳнат шуд,
Чу нишастам мани савдозада ҳар ҷо бе ту.
Ба висоли ту, ки ҷуз давлати дидорат нест
Ҳар муроде, ки намоем таманно бе ту.
Намакобе шуда дар доғи дили хастаи мо
Таънаҳое, ки рақибон зада бар мо бе ту.
Нангу номусу қарору хирадам рафт ба бод,
Қисса кӯтоҳ, ки Айнӣ шуда расво бе ту.
***
Э боди саҳаргоҳ, вазидӣ зи куҷо, гӯй!
Дорӣ хабар аз ёр агар, баҳри Худо, гӯй!
Бадаҳдии дилдор маро сахт забун кард,
Аз баҳри Худо, нуктае аз меҳру вафо гӯй!
Ҳарчанд даво нест ба озори муҳаббат,
Аз баҳри тасаллои дили хаста даво гӯй!
Хуни ҷигар аз дидаи мо рафт, ҳадар рафт,
Ҷону дилу орому хирад низ ҳабо гӯй!
Айнӣ, агар он шӯх ҷафо кард, вафо кун!
Дашном агар дод туро ёр, дуо гӯй!
***
Кистам? – Бечораи аз васли
ҷонон бенасиб,
Бекасу беғамгусору беқарору бешикеб.
Ҳуши ман барбод дод он наргиси
бебода маст,
Дини ман тороҷ кард он наргиси
зоҳидфиреб.
Дарди моро бедаво будан магар зоҳир
шудаст,
Мегазад ангушт пинҳонӣ, ҳаме гиряд табиб.
Нури чашмам, гарчи маҳҷурам,
ғубори роҳи дӯст,
Қиблагоҳам, гарчи маҳрумам,
сари кӯйи ҳабиб.
Аз ҷафои дӯст кай нолам,
вале аз рашки ғайр
Айниосоям ба дод, оҳ аз рақиб,
оҳ аз рақиб.
Ба чоп тайёркунандагон Салоҳат АЙНӢ ва Холида АЙНӢ.
Муҳаммад ШОДӢ
ҒИЖДУВОН, ДЕҲАИ СОКТАРЕ
(Баҳори соли 2012)
Зи нав бар ҳавлии ту меҳмонам,
Туро таъзим, эй бобои ҷонам.
Дилам бисёр мехоҳад сари худ,
Ба пои ёдгории ту монам.
Ҳаёт Айнӣ – ҳамон зиндаст номаш,
Ба таърихи куҳан пайваст номаш.
Азиз ин ҷо зи сад донишгаҳи нав,
Агарчи «Мактаби куҳна»-ст номаш.
Саҳаргоҳон кӣ бикшояд дари ӯ?
Нигоҳубин кӣ созад пайкари ӯ?
Таҳи чангу ғубору гард бобост,
Кӣ созад сила дар пирӣ сари ӯ?
Ба ҷон ҳис карда дарди нимпайкар,
Намоям пок гарди нимпайкар.
Халад яхпора гӯё бар дили ман,
Кашад чун оҳи сарде нимпайкар.
Чи сон теғе диламро чок бинмуд,
Ба монанде бюст идрок бинмуд –
Гирифт Айнӣ зи дастам рӯймолча,
Сиришки дидаамро пок бинмуд.
Ту, эй ҷони падар, фарзанди миллат?
На! Айнӣ мешумар фарзанди миллат.
Биё бар Ғиждувону з-ӯ хабар гир,
Ту мебошӣ агар фарзанди миллат!
БУХОРО
Ту зарринтоҷу сар – устод Айнӣ,
Зи ту фархундафар – устод Айнӣ.
Чу пӯшондӣ дариро ҷомаи зар,
Туро дасти ҳунар – устод Айнӣ.
Бухоро, боғи сарсабзи тамаддун
Туиву бар ту бар – устод Айнӣ.
Бухоро, гар ту ҳастӣ шеърбунёд,
Бухорои дигар – устод Айнӣ.
Падар ин миллати пуршаъну шонро,
Туро фарзанд агар устод Айнӣ.
Натанҳо дар дилу дар хотири мо,
Ҳамон пеши назар – устод Айнӣ.
Агарчи хоб дар хоки Лучоб аст,
Зи мо бедортар – устод Айнӣ.
Бадахшони сухан то лаъл дорад,
Ҳамоно лаългар – устод Айнӣ.
Ҷавондори сухан дар куҳнадунёт,
Ҳамон пиронасар устод Айнӣ.