МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Даҳанат ғунчаву лӯълӯйи ту хуш меояд,
Атри сунбул саҳар аз сӯйи ту хуш меояд,
Ашки чашмам ба дилу хӯйи ту хуш меояд,
«Навбаҳорон зи гулам бӯйи ту хуш меояд,
Ҳамаро боғу маро рӯйи ту хуш меояд».
Ин қадар ҳарфи бад аз мо ту ба ағёр магӯй,
Коми дил беҳуда аз васли чунин ёр маҷӯй,
Дасти уммед ба оби шаби дидор машӯй,
«Ҳамчу наргис наниҳам чашм ба сарви лаби ҷӯй,
Ки маро қомати дилҷӯйи ту хуш меояд».
Ҳар ҷафое, ки ба мо мерасад аз ёр, қабул,
Соқиё мастиву девонагиям аз лаби мул,
Хандаат фораму шевост чу овози дуҳул,
«З-он ҳама ҳалқа, ки шамшод занад бар сари гул,
Бандаро ҳалқаи гесӯйи ту хуш меояд».
Ҷони мо садқа ҳамон кокули хушбофтаро,
Садқа бар холи лаби шаккари он дидадаро,
Суфтам аз дурри сухан байту ғазал, хону саро,
«Бӯйи гулзор хуш ояд ҳама касрову маро,
Накҳати хоки сари кӯйи ту хуш меояд».
Ҳусни ёр ойинаро суфта, биорояд хуш,
Шӯру исёни дилозурда бияфзояд хуш,
Чашми дунёи латофат ҳама бикшояд хуш,
«Печи сунбул ба чаман ҳеч намеояд хуш,
Пеши рӯйи ту хами мӯйи ту хуш меояд».
Рӯзгори мани дилдода пур аз шебу фароз,
Ҳамчу фӯлод гудозад тани ман сӯзу гудоз,
То кай аз мо ба канорӣ, маҳи ҳамрозу ниёз,
«Шеваи чашм чу наргис чӣ кунад ишваву ноз,
Шева аз наргиси ҷодуйи ту хуш меояд».
Қомати доли ман аз хотири абрӯйи ҳилол,
Шаҳди шаҳбайти ғазалҳои ман аз завқи висол,
Баҳри он аҳду вафоҳои басе поку ҳалол,
«Чашм накшуда ба рӯйи гул, аз он рӯй Камол,
Ки назар бар гули худрӯйи ту хуш меояд».
САМАРҚАНД.