БА ИЛМИ МУСИҚӢ УСТОДИ КУЛ БУД

Имрӯзҳо ҳар як самарқандӣ ва меҳмонони Самарқанд дар ҳар сари қадам бо осоре дучор меоянд, ки аҷдод дар тӯли асрҳо бунёд кардаву барои ояндагон ба ёдгор гузоштаанд.

Имрӯзҳо ҳар як самарқандӣ ва меҳмонони Самарқанд дар ҳар сари қадам бо осоре дучор меоянд, ки аҷдод дар тӯли асрҳо бунёд кардаву барои ояндагон ба ёдгор гузоштаанд. Далели фикри мо майдони Регистон, Шоҳи Зинда, осорхонаи Мирзо Улуғбек, Гӯри Мир, масҷиду қалъаҳо, қабристон ва боқимондаи истеҳкомҳо мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки дар сояи лутфу меҳрубониҳои сарвари давлат ва саъю кӯшиши мардум ин ҳама обод мегарданд.
Чанде пеш хона ва ҳавлии санъаткори машҳури самарқандӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, ки бо баъзе сабабҳо аз даст ба даст гузашта, хароб шуда буд, ба хона-музей табдил дода шуд.
Ҳарчанд 31-уми январи соли 1969 Шӯрои Вазирони Ӯзбекистон таҳти рақами 56 оиди абадӣ гардонидани хотираи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов қарори махсус қабул карда буд, вале сад дареғ, ки хидматҳои санъаткори номдор қадр наёфт ва номи ин марди шарифро ба ёд наоварданд.
Хидматҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз дар тарғибу ташвиқи «Шашмақом» хеле калон аст. Вай дар замони худ ба авҷу таркибҳои «Шашмақом» — «Ду наср», «Уззол», «Зебопарӣ», «Авҷи турк», «Сегоҳ», «Дебоча», «Ушшоқи Самарқанд», «Қурбон шавам» ва ғайра рӯҳи тоза бахшид. Шояд аз ҳамин сабаб Устод Айнӣ, нависандагон Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Абдурофеъи Рабеъ, журналистон Отахон Латифӣ, Шоҳқаҳҳори Муҳаббатзод, Шералӣ Сокин ва дигарон дар бораи ӯ асарҳои ҷолиб иншо намудаанд.
Дар ҷилди 11-уми асарҳои Садриддин Айнӣ «Санъаткори бузург» ном очерк дарҷ гардидааст, ки дар бораи санъат, ҳунар ва тарҷумаи ҳоли Хоҷӣ Абдулазиз нигоштаи ҷолиби диққат мебошад. Аз ҷумла Устод Айнӣ таассуроти хешро чунин иброз доштааст:
«Ман мусиқиро бисёр дӯст медорам, садои ларзишдори дутор бо нолаи пуршӯри танбӯр, дили аламдидаи маро, ки аз ғояти ҳасрат ва андӯҳ маҷоли ҳаракаташ намондааст, дар ларзиш ва шӯриш меоварад. Ҳар гоҳ ин нолаи шӯрангез ва суруди ларзишомез аз нохун ва гулӯи мусиқашиноси куҳансоле сар барзад, ҷӯшу хурӯши дили ҳасраткашидаам дучандон мегардад. Зеро ҳар нағма ва суруде, ки дар ин ҳолат навохта ва суруда мешавад, чунон ки сурати айёми шабоб ва саргузашти рӯзҳои ҷавониам аз пеши назарам ягон-ягон мегузаранд, инчунин гиреҳҳои дили хунгаштаамро, ки монанди ғунчаи лола тан ба тан доғ барҳам бастаанд, ба пеши чашмам варақ-варақ мекушоянд...»

Чаро «Шашмақом» гӯянд?

Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» калимаи «Шашмақом» чунин шарҳ дода шудааст: «Шашмақом» – силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик, ки дар як низоми муайян мураттаб гардидааст. «Шашмақом» мероси мусиқии мардуми тоҷик буда, аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст. «Ҳар мақом қисматҳои созӣ – «Мушкилот» ва овозӣ – «Наср»-ро дар бар мегирад».
Дар ғанӣ гардидани ганҷинаи пурбаҳои мусиқии «Шашмақом» хидмати ҳофизону навозандагони машҳур Ҳусайнӣ, Саидаҳмади Ғиҷҷакӣ, Шодии Самарқандӣ, Кавкабии Бухороӣ ва дигарон бузург аст. Ба рушди санъати мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Левӣ Бобохонов, Содирхони Бобошариф, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, академикҳо Юнус Раҷабӣ, Мухтор Ашрафӣ, Мутеъулло Бурҳонов хидмати шоиста кардаанд. Сарояндагони хушовоз Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Комилҷон Отаниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Муноҷот Йӯлчиева ва дигарон дар ин олам шоҳроҳи худро доранд. 
Ширкати «Граммафон»-и Рига соли 1909 роҳи тӯлониро тай намуда, барои навишта гирифтани садои ҳофизони машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Левӣ Қандов, ки истеъдоди нотакрор доштанд, ба Самарқанд омада буд. Пешвоёни дин ва ҳасудон ба сабти овоз садди роҳ шуданд. Аммо бо тарғибу ташвиқоти дӯстони дурандеш ба меҳмонони хориҷӣ муяссар мегардад, ки овози ҳар ду сарояндаро сабт намоянд. Дертар, яъне солҳои 1933-1935 заводи «Грампластика»-и Тошканд дар иҷрои Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ бисёр шуъбаҳои мақомро ба навишта гирифтан муяссар мешавад. 

Дар сари қабри ҳофиз

Рости гап, то ба наздикиҳо қабрҳои шоир Пайрав Сулаймониву ҳофиз Ҳоҷӣ Абдулазиз хароб буданд. Соли 1990 журналист Шералӣ Сокин дар маҷаллае аз ҳоли табоҳи гӯри Ҳоҷӣ Абдулазиз навишт. Сипас собиқ роҳбарони шаҳр барои обод гардонидани оромгоҳ чораҳои фаврӣ андешиданд. Дар тахтасанги оромгоҳаш байтҳои зерини шоири самарқандӣ Тамҳид сабт ёфтаанд:
Ҳайф аз он лаҳни 
тарабхези латиф,
Ҳасрато аз он адои 
дилнишин.
З-он лабу дандони 
илҳонихтироъ,
З-он навои 
маҳбатангези сурур.
Ҳам фараҳбахши қулуби 
сомеин,
Ногаҳон бигзашт аз 
рӯйи ҷаҳон.
Зери хоки тира шуд 
охирмакин,
Ҷустуҷӯ кардам басе 
Тамҳидваш.
Соли фавти ӯ зи аҳли 
дурбин,
Гуфт: шуд дилгир аз 
аҳли ҷаҳон,
Ҷо ба Ҳоҷӣ гашт
 фирдавси барин. 
Моддаи абҷади қитъаи таърихи Тамҳиди Самарқандӣ соли 1355 ҳиҷриро ифода мекунад, ки баробари соли 1936 милодӣ мебошад. 
Ҳоло марқади ҳофизи нотакрор зиёратгоҳи санъаткорон мебошад. Масалан, ҳар гоҳ устод Ҷӯрабек Муродов ба шаҳри мо ташриф оварад, албатта,  қабри Ҳоҷӣ Абдулазизро зиёрат мекунад. 
– Устод Ҳоҷӣ Абдулазиз  ҳанӯз дар қайди ҳаёт будан аз ҷониби аҳли замон эътироф шудааст, – иброз дошт боре Ҷӯрабек Муродов. – Вай на танҳо адабиёти классикии форс-тоҷик ва ӯзбек, инчунин мероси мусиқию адабии халқҳои Осиёи Миёна, мусиқии халқҳои арабро хуб медонист. Ӯ ба ҳар як порчаи «Шашмақом» матни чандин шоири классик ва муосирашро ворид намуда, бо услуби хосса сурудааст. 
– Оё шумо медонед, ки ҳунари баланди Ҳоҷӣ Абдулазиз дар чист? – гуфта буд муҳаққиқи эҷодиёти ӯ Равшан Ҳамроқулов. – Дар дарк намудани мазмуну мундариҷаи оламгири шеърҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мирзо Бедил ва дигарон аст. Чуноне ки Устод Айнӣ таъкид кардаанд, ҳар як шунаванда аз овози ширадори ин булбули чаманистони ҳунар ва нолаҳои муассири дутори ӯ ба тарабу нишот меомадаанд. Аз ҳама муҳимаш, ӯ дар «Шашмақом» тағйироти ҷиддӣ дароварда тавонист, ки мутахассисону донишмандони ин соҳа эътироф кардаанд. Шояд шоири маъруфи мо Низомии Ганҷавӣ фармудааст:
Аз ӯ хушгӯтаре дар 
лаҳни овоз,
Надид ин чангпушти 
арғунунсоз.
Боиси хурсандист, ки  имрӯзҳо дар Самарқанд як гурӯҳ ҳофизон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз мактаби хоссаи ӯ баҳра бурда, шашмақомхонӣ кунанд. Далели фикри мо Мардони Мавлон, Асадуллоҳи Атоуллоҳ, Қаноат Оқилова, Баҳодури Танбӯр, Ҷӯрақул Солеев, Ҳазратқул Ҳамроқулов, Баҳодур Рӯзиқулов, Ихтиёр Султонов, шогирди Барно Исҳоқова – Шӯҳрат Қаюмзодаи оҳаликӣ ва дигарон мебошанд. 

«Намедонам чӣ шуд аспам?!»

Санъаткори номдори самарқандӣ вақте ба мамлакатҳои Шарқи Наздик азми сафар кард, ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ беасар намонд. Ҳангоми боздид аз Маккаю Мадина, Мисру Искандария ва дигар кишварҳои ҷаҳон бо қадами мубораки худ ва санъати сеҳрангезаш ба мардуми таҳҷоӣ ғизои маънавӣ бахшид. Аз ҳама муҳимаш ҳунари волои хешро сайқал дода, аз ҳамкасбон сабақ мегирифту дарси мусиқӣ медод. 
Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон Асадуллоҳи Атоуллоҳ дар бораи Ҳоҷӣ Абдулазиз нақли аҷибе дорад:
– Боре Ҳоҷибобо ба як деҳаи дурдаст аспсавор рафта хидмат мекунанд. Вақт аз пешин гузашта бошад ҳам, дар тӯйхона садои ҳофизи номдор танинандоз мегашт. Меҳмонону мизбонон «ай дӯст!», «боз якта шавад!» гӯён боисрор суруд хонданашро талаб мекарданд.
Бечора Ҳоҷибобои гуруснаву хасташуда замзама мекунад:
Аз он рӯзе, 
ки ман ҳофиз,
Ҳазор лаънат 
ба ин касбам,
Худам аз гушнагӣ 
мурдам,
Намедонам чӣ шуд 
аспам?!
Соҳиби тӯй, ки марди ҳушёр ва рамузфаҳм будааст, ба маънои суруд сарфаҳм рафта аз ӯ хиҷолатомез узр мепурсад ва таом меоварад.

Дар осорхонаи устод

Дар як гӯшаи Самарқанд Хона-музейи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба расмият кушода шудааст. Дар шафати дарвозаи бағдодӣ чунин ҷумла сабт ёфтааст: «Дар ин ҳавлӣ Ҳофизи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов зиндагӣ кардааст».
Ҳар касе, ки вориди ҳавлӣ шавад, беихтиёр, вуҷудашро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Зеро ин манзил барои бисёр санъаткорону адибон ва арбобони давлатӣ даргоҳи муқаддас буд. Устод Айнӣ ҳангоми дар дами марг будани ҳофизи номдор бо мақсади ҷамъоварии мавод барои китоби «Намунаи маданияту санъати тоҷик» чанд бор ба аёдати ӯ омадааст. Вале ҳофиз, ки солхӯрда (82 сол дошт) буд, аз таъсири дарду бемадорӣ зуд монда мешуду гап заданаш душвор мегашт. Бо вуҷуди ин, Устод Айнӣ бисёр нақлҳои аҷиби ӯро ба қайд гирифта буд. Шогирди вафодори ӯ Юнус Раҷабӣ маҳз дар ҳамин ҷо садои ӯро дар пардаҳои «Шашмақом» ба нота гирифт. 
Хонаи дигарро аксҳои фарзандону наберагон ва меҳмонон зеб медиҳанд. 
– Нақшаҳои мо хеле бисёр, – нақл намуд роҳбалади мо Рамиз Аҳрорӣ, ки масъули осорхона аст. – Ниятамон доир ба сароянда мавод ҷамъ овардан мебошад. Дар ин кори хайр ба кӯмаки мардум ниёз дорем. Бале, кори хайр ҳамеша дастгирӣ пайдо мекунад:
Ба ҳар коре, 
ки ҳиммат баста 
гардад,
Агар хоре бувад, 
гулдаста гардад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: