БА ИШҚАМ БО НИГОҲИ ШӮХӢ МАНГАР...

Шаҳзоди Кенҷазода беш аз 22 сол надорад, аммо умри шеърҳояш ангор аз назари пухтагиву тасовиру сохтори забон бештар аст.

Шаҳзоди Кенҷазода беш аз 22 сол надорад, аммо умри шеърҳояш ангор аз назари пухтагиву тасовиру сохтори забон бештар аст. Чаро, ки ашъораш бо забони фасеҳу сохтори муҳкам суруда шудаанд. Кенҷазода коллеҷи банкиро хатм кардаву муддате дар банки халқии шаҳраш низ машғули кор ва фаъолият будааст. Дар ҳоли ҳозир донишҷӯйи Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд ва ходими “Овози Самарқанд” асту шеърҳояш дар рӯзнома, маҷалла ва маҷмӯъаҳо ба чоп расидаанд. 
Бунмояи ашъори вайро мазомини ошиқона, иҷтимоиву фалсафӣ ташкил додааст. Аносирсозандаи ашъораш мутанаввеъ ва аз батни ҷомеаву муҳити атрофи зиндагии худи вай бархостааст. 
Тулӯи партави ҳуснат бароям доварӣ дорад,
Хушо, ки дидани рӯйи ту меҳри ховарӣ дорад.
Ба ишқам бо нигоҳи шӯхӣ мангар, эй малаксимо,
Дилам бар ваъдаи барбоди ту чун боварӣ дорад. 
Вай шаҳри таърихияш – Самарқандро дӯст медорад: 
Бароям, эй сабо, овардӣ пайғоми Самарқандам,
Ки дурам ман, чӣ зебо гуфтиям номи Самарқандам.
Агар амсоли онро ман кунам таъриф, куҷо дорад,
Чу нону обу себу ноку бодоми Самарқандам?!

Барои шоири ҷавон дар пасту баланди роҳи шеър комёбиҳои беназир таманно дорем. 
Инак, ду шеър аз ин шоири ҷавон ба алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони рӯзнома пешниҳод мегардад.
Рустами АҶАМӢ,
устоди Академияи миллии улуми Тоҷикистон
.
***
Ғамгинтарин одам дар ин ғамхонаам, шодӣ магар?
Дар байни ин зулму ситам, ту раҳбари додӣ магар?
Чашмам, ки медид, эй дареғо, кош он гулҳои тар,
Дар дидаам ашк асту ман – зиндонӣ! Озодӣ магар?
Дар чорчӯби зиндагӣ, аз ҳар кӣ меҷӯям наҷот,
Эй модари меҳрофарам, зиндониям зодӣ магар?
Дилро куҷо бурдӣ зи ҷо, он сон, ки мехоҳам варо,
Бо ин ҳама шӯридагӣ, фармонбари бодӣ магар?
Он қиссаи деринаро кай кардаӣ дигар, аҷаб
Ман Хусравам, эй дилбарам, Ширини Фарҳодӣ магар?
Аз ҷинси оҳувонӣ худ, чашмонат ошиқам намуд,
Хуш омадат, бар ман бигӯ, ойини сайёдӣ магар?
Ман як диле дорам, ки он, ҳатто зи пар нозуктар аст,
Ман меравам, месабзӣ ту, аз насли шамшодӣ магар?
Боз аз куҷо ҳамчун туйе, пайдо кунам, ҷононаам,
Бо ин ҳама бегонагӣ, дилдори Шаҳзодӣ магар?

***
Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам ёди туро ҷонон?
Дилам гӯяд макун қаҳру бирав созиш бикун бо он.
Намегӯям, намегӯям, чунин ҳастам, чунон ҳастам,
Ҳазорон дардро дар кунҷи қалбам кардаам пинҳон.
Куҷо хуршед метобад, намебинам, чаро, эй дил?
Бароям осмон абрист, ҳар дам мезанад борон.
Касеро ман намехоҳам, намедонам, чӣ мехоҳам?
Туро ман дӯст медорам, туӣ наздиктарам аз ҷон.
Ба рӯят ҷуз тағофул чизи дигарро намебинам,
Агар рӯзе бимирам аз фироқат, мешавӣ ҳайрон?
Бирав, эй марди доно, нест инҷо ҷойи хомӯшӣ,
Аз ин девонагӣ ҳосил гирифтам, гаштаам сарсон.
Бипурсидам зи бас, шояд касе инро намедонад,
Куҷо оғоз шуд ин қисса, кай пайдо кунад сомон?
Тамоми умри кӯтоҳам, ба ҳиҷри чеҳраи моҳат,
Гузашт, эй меҳрбон, о, ин дилам бар ҳоли худ гардон!

Шаҳзод  Кенҷазодаи САМАРҚАНДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: