Муҳтарам иштирокдорони намоишгоҳ! Роҳбарони корхона, ширкат ва созмонҳои асосии Туркманистон!
Муҳтарам иштирокдорони намоишгоҳ!
Роҳбарони корхона, ширкат ва созмонҳои асосии Туркманистон!
Дӯстони азиз!
Тамоми иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳи миллии Туркманистонро, ки дар Тошканд дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, бо қаноатмандии бузург ва самимона хайрамақдам мегӯям.
Ӯзбекистон ва Туркманистон шарикони стратегӣ мебошанд. Моро риштаҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, умумияти таърихӣ, динӣ ва забонӣ, маданият, урфу одат ва анъанаҳо ба ҳам мепайванданд.
Ба шарофати иродаи қатъии сиёсӣ ва муштаракона дар амал татбиқ сохтани шартномаҳое, ки ҳангоми вохӯриҳои пурмаҳсули дараҷаи олӣ ба имзо расидаанд, ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву туркманистонӣ пайваста ривоҷ ёфта, бо мазмуну муҳтавои мушаххас пурра мегарданд.
Бидуни шубҳа, соҳаи тиҷорату иқтисодиёт самти бартариноки ҳамкориҳои тарафайн ба шумор меравад. Дар давраи кӯтоҳи гузашта мо воқеан ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Бори аввал тӯли солҳои охир ҳаҷми савдои тарафайн бо суръати баланд инкишоф меёбад. Кооператсияи байни корхона ва ташкилоти мамлакатҳои мо дар он соҳаҳои иқтисодиёт, ки чун анъана якдигарро ғанӣ месозанд, беҳтар мешаванд.
Сухан пеш аз ҳама дар бораи лоиҳаҳои маҷмӯи сӯзишвориву энергетикӣ, мошинсозии кишоварзӣ, бозсозии нақлиёти роҳи оҳан ва бисёр соҳаҳои дигар меравад.
Мо ҳамкориҳои муфиди тарафайнро, ки ба рушди коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва самарабахш ба роҳ мондани иқтидори азими транзитии ду давлат ва тамоми минтақаи мо нигаронида шудаанд, вусъат медиҳем.
Бояд зикр сохт, ки алҳол дар ҷараёни робитаҳои муттасили корчаллонии байни ҷомеаҳои тиҷоратии мо дар доираи мустаҳкам шудани робитаҳои байниминтақавӣ пешомадҳои бузург боз мегарданд.
Дӯстони муҳтарам!
Моҳе қабл дар Ашқобод бо дастгирии бевоситаи Президенти Туркманистон Намоишгоҳи саноати миллии Ӯзбекистон бомуваффақият баргузор шуд, ки дар байни шарикони туркманистонии мо рағбати зиёд пайдо кард.
Имрӯз мо ба Намоишгоҳи миллии Туркманистон, ки дар маркази эътибори нафақат доираҳои корчаллон, балки ҷомеаи кишвари мо қарор дорад, оғоз мебахшем.
Дар майдончаҳои маҷмӯи намоишгоҳ имкониятҳои бузург ва комёбиҳои азими иқтисодиёти Туркманистони кунунӣ, захираҳои ғановатманди табиӣ, илмӣ ва зеҳнӣ, технологияҳои замонавӣ васеъ пешниҳод гардидаанд.
Баробари ин, намоишгоҳ моро бо маданият ва урфу одатҳои қадимиву нодири халқи бародари туркман аз наздик ошно мекунад.
Мехостам махсус таъкид намоям, ки тамоми комёбиҳои Туркманистон натиҷаи сиёсати амиқ андешида ва самарабахши аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ эътирофшудаи муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич Бердимуҳамедов мебошад.
Иштирокдорон ва меҳмонони азизи намоишгоҳ!
Шуморо бори дигар аз таҳти дил бо воқеаи фаромӯшнопазири муносибатҳои дуҷонибаи мо – кушоиши Намоишгоҳи миллии Туркманистон дар пойтахти Ӯзбекистон муборакбод менамоям.
Муътақидам, ки дар натиҷаи он қарордод ва муоҳидаҳои нави тиҷоратӣ бобати татбиқ сохтани лоиҳаҳои пешомадноки кооператсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба имзо мерасанд ва ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайни ду мамлакат ба манфиати халқҳои бародари мо хидмат мекунанд.
Иҷозат диҳед ба ҳамаи шумо кори пурмаҳсул, гуфтушунидҳои бомуваффақият ва дар сарзамини меҳмоннавози Ӯзбекистон кайфияти хуш орзу намоям.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон