БА ИШТИРОКДОРОНИ АВВАЛИН КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «ИРТИБОТИ ТАРАФАЙНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ДАРВОЗАИ УМУМӢ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР»

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Иштирокдорони конфронс!
Хонумон ва ҷанобҳо!
Ҳамаи иштирокдорони аввалин Конфронси «Иртиботи тарафайни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дарвозаи умумӣ барои рушди устувор»-ро самимона хайрамақдам мегӯям.
Ман аз он зиёда қаноатмандам, ки ба Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва амнияти сиёсӣ ҷаноби Ҷозеп Боррел, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони созмонҳои машҳури байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, ки дар ин анҷуман иштирок доранд, миннатдории махсус изҳор менамоям.
Конфронси байналхалқии кунунӣ чун ҳамоиши нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба наздикӣ ба вуқӯъ пайваст, саъю кӯшиши ҷиддии ҷонибҳоро ба ҳамкории стратегӣ равшан намоиш медиҳад. Мо мунтазам баргузор кардани чунин вохӯрӣ ва мубоҳисаҳоро, ки ба муносибатҳои мо нирӯ ва фаъолнокии бештар медиҳанд, зарур мешуморем.
Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ!
Ҷараёнҳои мураккаб ва ҷиддии геосиёсие, ки алҳол дар ҷаҳон рух медиҳанд, зиддиятҳои мухталиф, номуътадилии ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодӣ, хуруҷҳои замонавии пайдарҳам рӯзмаррагии ҳамкории муфиди тарафайни минбаъдаи байни минтақаҳо ва кишварҳоро собит месозанд.
Иттиҳоди Аврупо Стратегияи нави оид ба Осиёи Марказиро қабул кард, вале, мутаассифона, бинобар пандемия, ки санҷиши мураккаб гардид, мо алҳол наметавонем бигӯем, ки нақшаҳои бузурги пештар андешидашуда, вазифаҳои муҳими рӯзномаи умумии мо бо ҳамкорони аврупоӣ пурра иҷро шуданд.
Вобаста ба ин конфронси мо, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, аҳамияти фавқулода муҳим дорад, зеро бояд мулоқоти байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро фаъолтар бикунад, ҳамкориҳои моро бо барнома ва лоиҳаҳои амалӣ ғанӣ созад, низоми муносибатҳои кушод ва самарабахши байниминтақавиро ташаккул диҳад, шарикии бисёрҷанбаро беш аз пеш амиқтар намояд.
Мо фикр мекунем, ки ба мақсади таҳкими муносибатҳои ду минтақаи муҳими мунтазам ривоҷёфтаистода, куллан татбиқ намудани ташаббусҳои «Дарвозаи умумӣ» бояд ба чунин самтҳои бартаринок, аз ҷумла трансформатсияи рақамӣ, иртиботи тарафайни нақлиётӣ ва лоиҳаҳои рушди «сабз» эътибори махсус дода шавад.
Пеш аз ҳама самарабахш ба роҳ мондани иқтидори бузурги Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва рушди инклюзив дар соҳаи трансформатсияи рақамӣ аҳамияти бузург дорад.
Мо нақшаҳо ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупоро, ки ба сохтмони гузаргоҳҳои васеи оптикию нахӣ нигаронида шуда, минтақаи моро бо Иттиҳоди Аврупо мепайванданд, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамиро дар идоракунӣ ва соҳаи иҷтимоӣ, саноат, нигаҳдории тандурустӣ, таълим, сектори молия ва хоҷагии қишлоқ дастгирӣ мекунем.
Ғайр аз ин, диверсификатсияи хатсайрҳои нақлиётӣ барои тамоми кишварҳои минтақаи мо баробар рӯзмарра ба шумор меравад, татбиқ сохтани онҳо барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, иштироки фаъол дар равандҳои қаробати ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ имкониятҳоро фароҳам меоваранд.
Муътақидам, ки як қатор ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо дар самти мазкур ба таъсис додани инфрасохтори мусоид ва самарабахши транзитӣ, ҳамчунин логистикӣ хидмат хоҳад  кард.
Рушди хатсайри мултимодалии Наздикаспий бобати минбаъд амиқсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Аврупо бо Осиё, баромадани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозорҳои хориҷӣ аз тариқи гузаргоҳи мусоидтари нақлиётӣ саҳми бузург мегузорад.
Баробари ин Иттиҳоди  Аврупо дар рушди «сабз» ҳамкори асосии мо ба шумор меравад.
Бобати васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои самарабахши энергетикӣ ва каммасраф, рушди кишоварзии «ақлӣ», пурра истифода бурдани иқтидори манбаъҳои нави энергия дар минтақаи мо, бешубҳа, ба таҷрибаи пешқадам ва замонавитарини кишварҳои Аврупо, ки намояндагони онҳо дар ин ҷамъомад ҳузур доранд, такя мекунем.
Бидуни шубҳа, нармтар кардани оқибатҳои тағйироти иқлим, гузаштан ба афзоиши инклюзиви «сабз», истифодаи сарфакорона, таъмин намудани амнияти экологӣ минбаъд низ афзалиятҳои ҳамкориҳои бисёрҷанбаи мо боқӣ мемонанд.
Бовар дорем, ки конфронси байналхалқӣ оид ба муҳити атроф ва захираҳои об дар шакли «Иттиҳоди Аврупо –  Осиёи Марказӣ», ки соли оянда дар Рим баргузор хоҳад шуд, имкон медиҳад дар самти мазкур ба натиҷаҳои мушаххаси амалӣ муваффақ шавем.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Саъю кӯшишҳои муштараку қатъии мо бинобар таҳкими робитаҳои байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳатман натиҷаҳои мусбат хоҳанд дод.
Умедворам ҷамъомади мазкур дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» мунтазам мегузарад, дар иҷлосияҳои он оид ба мавзӯъҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои мо мубоҳисаҳои самарабахш баргузор мешаванд, тамоюлҳои муштарак ва ҳуҷҷатҳои бисёрҷанбаи барномавие, ки ба муносибатҳои байниминтақавӣ дахл доранд, коркард мешаванд.
Муътақидам, ки тамоми масъалаҳои муҳим, муоҳидаҳои бадастомада ва лоиҳаҳои мушаххас дар Баённомаи Самарқанд, ки имрӯз қабул хоҳад шуд ва «харитаи амалиёт»-и васеъмиқёс, ки тасдиқ мегардад, ҳамаҷониба инъикос меёбанд.
Аз фурсат истифода бурда, ба тамоми иштирокдорони конфронс сиҳату саломатии мустаҳкам, бахту саодат ва дар фаъолияти шумо комёбиҳо орзу менамоям.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: