Ба иштирокдорони Ҷашнвораи байналхалқии кинои Тошканд «Дурдонаи Роҳи абрешим»

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Меҳмонони азиз!
Хонумон ва ҷанобон!
Ҳамаи шумо – ҳунармандон ва коргардонон, наворбардор ва рассомон, продюсер ва олимони киношинос, намояндагони маъруфи маданиятро бо ифтитоҳи Ҷашнвораи XIII байналхалқии кинои Тошканд «Дурдонаи Роҳи абрешим» самимона табрик менамоям.
Ба шаҳри бошукӯҳ ва зебои Тошканд – дарвозаи Шарқ, ба сарзамини қадимии Ӯзбекистон хуш омадед!
Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ нақш ва аҳамияти кино чун аз оммавитарин ва мутаассиртарин навъҳои санъат дар наздиксозии мардумон ва маданиятҳои мухталиф, пешбурди ғояҳои сулҳ, дӯстӣ ва инсонпарварӣ меафзояд.
Дар Ӯзбекистони Нав, ки мо имрӯз бунёд менамоем, ба рушди ҳамкории босамар бо мамлакатҳои хориҷии наздик ва дур дар соҳаи маданият, чун дар тамоми соҳаҳои дигар эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар ин самт эҳёи Ҷашнвораи байналхалқии кинои Тошканд, ки молики таърих ва анъанаи беш аз 50-сола аст, бо номи нави «Дурдонаи Роҳи абрешим» ва баргузор намудани он зери шиори «Ба хотири сулҳ, маърифат ва тараққиёт» қадами калони амалӣ ба шумор меравад. 
Анҷуман бо иштироки беш аз 300 устоди санъат, ситорагони кинои ҷаҳон қариб аз 50 мамлакат, бешубҳа, майдони хеле муҳими гуфтугӯ барои таҳлили амиқи ҷараёнҳои рушди имрӯзаи соҳа, ҷустуҷӯи эҷодӣ ва табодули таҷриба, муайянсозии истиқболи ҳамкорӣ ва ҳамчунин барои киносозони ҷавон дарси ба худ хоси маҳорат мегардад.
Ба шумо хуб маълум аст, ки санъати кинои Ӯзбекистон, бо таърихи ғанӣ ва беш аз садсола ва асарҳои дурахшони худ, ки дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ офарида шудаанд, дар кинематографияи ҷаҳон ҷойгоҳи муносиби худро дорад.
Дар солҳои охир дар мамлакатамон дар баробари дигар соҳаҳо ба инкишофи кинематография аҳамияти бартаринок дода мешавад, ки дар он чунин принсипҳои демократӣ, мисли озодии эҷод, рақобати солими эҷодӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ фаъолона татбиқ мегарданд.
Кор дар бобати мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникӣ ва потенсиали кадрҳои киностудияҳо, вогузоштани имтиёз ва преференсия ба онҳо, ба вуҷуд овардани асарҳои аз лиҳози бадеӣ баланде, ки ҷавобгӯйи ниёзи бодиққаттарин тамошобин аст, оммависозии санъати кино ба дараҷаи сифатан нав бардошта шудааст.
Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Дар замони имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон муносибат ба воқеияти иҷтимоӣ, маҳак ва нигоҳҳо ба кино ва санъат низ ҳамеша тағйир меёбад. Бешубҳа, ин ҳам ба рушди кинематография, чун инъикосгари холиси ҷараёнҳои мазкур ва умуман ҳаёт, бо тазод ва мураккабиҳои он таъсири худро мебахшад.
Бовар дорам, ки Ҷашнвораи байналхалқии кинои Тошканд, ки эҳё мегардад ва дар таърихи худ саҳифаи навро боз менамояд, дар рӯҳи баланди таваққӯи бадеӣ баргузор мегардад, ки онро худи замона ба пеш мегузорад.
Умедворам, ки Ҷашнвораи XIII байналхалқии кинои Тошканд ҷашни ҳақиқии санъат барои мардуми сермиллати Ӯзбекистон гардида, ном, истеъдодҳои навро ифшо намуда, ба ходимони соҳа ва тамоми алоқамандони кино таассуроти дурахшон ҳадя  менамояд.
Дар доираи ҷашнвора шумо метавонед дар шаҳрҳои қадима ва замонавии мамлакатамон буда, бо намояндагони соҳа ва ҷанбаҳои гуногун вохӯрда, бевосита бо бозсозиҳои доманадоре, ки дар Ӯзбекистони Нав ба вуқӯъ мепайванданд, шинос мегардед.
Бори дигар ҳамаи шуморо  самимона табрик намуда, тандурустӣ, тавфиқи эҷодӣ ва ба ҷашнвора кори муваффақиятнок мехоҳам.

Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: