БА ИШТИРОКДОРОНИ ҶАШНВОРАИ II БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНЪАТИ БАХШӢ

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Дӯстони азиз!
Хонумон ва ҷанобон!
Аз самими қалб шуморо бо кушоиши тантанавии Ҷашнвораи II байналмилалии санъати бахшӣ дар Ӯзбекистон, Қароқалпоқистони меҳмондӯст, шаҳри аҷоиби Нуқус, ки рӯз аз рӯз зеботар мегардад, муборакбод менамоям.
Ба меҳмонони олиқадр, ки аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мисли ЮНЕСКО, АЙСЕСКО, ТУРКСОЙ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази байналмилалии тадқиқоти ҳифз ва барқарорсозии ёдгориҳои фарҳангӣ ташриф овардаанд, беш аз 260 нафар намояндагони санъати халқӣ, арбобони фарҳанг ва санъат, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, ки аз саросари ҷаҳон омадаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Хуш омадед ба Ӯзбекистон!
Дӯстони азиз!
Санъати бахшӣ, ки фазилатҳои волои инсондӯстӣ ба мисли арзишҳои абадӣ, ба монанди сулҳ ва дӯстӣ, меҳрубонӣ ва адолатро ситоиш мекунад, яке аз қадимтарин намудҳои санъати халқии шифоҳӣ ба шумор меравад. Ва аз ин рӯ, аз қадимулайём дар саросари ҷаҳон достоннависон, бахшиҳо, оқинҳо, жировҳо ҳамчун ифодакунандагони арҷманди рӯҳи мардум гиромӣ дошта шуда кишварҳо ва миллатҳои гуногунро бо санъати худ муттаҳид месозанд.
Аҳамияти умумиинсонии ин падидаи беназири фарҳангиро бори дигар Ҷашнвораи I байналмилалии санъати бахшӣ, ки соли 2019 дар Тирмиз баргузор гардид, исбот намуд.
Ман эҷодиёти халқиро ҳамчун суруди зебое, ки аз ибтидои инсоният сарчашма гирифтааст, манбаи ҳаётбахши фарҳанги ҳар як халқ мешуморам. Софу безавол нигоҳ доштани ин сурудҳо, фароҳам овардани тамоми шароит барои рушди минбаъдаи ин санъати аҷиб ва ҷолиб на танҳо вазифаи мо, балки қарзи муқаддасамон аст.
Боварӣ дорам, ки имрӯз ифтитоҳи ҷашнвора барои расидан ба чунин ҳадафҳои наҷиб хидмат хоҳад кард.
Солҳои охир мо ба омӯзиши амиқи асосҳои илмию назарӣ ва амалии санъати бахшӣ эътибори махсус медиҳем. Кори муҳиме, ки олимон, фолклоршиносони мо дар ин самт оғоз кардаанд, пайваста идома дорад.
Маркази ҷумҳуриявии санъати бахшӣ ва Фонди рушди санъати бахшӣ, ки дар соли 2019 созмон дода шудааст, самарабахш фаъолият нишон медиҳад. Дастаҳои давлатии санъати бахшӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва Хоразм, дастаҳои ҳунарӣ – дар дигар минтақаҳо ташкил карда шуданд.
Дар ҳамаи мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат инчунин дар мактаби опера ва санъати бахшии Нуқус ин намуди фолклор амиқ омӯзонда мешавад. Дар Донишкадаи миллии санъати мусиқии ба номи Юнус Раҷабии Ӯзбекистон, ки ба қарибӣ таъсис дода шудааст, шуъбаи санъати бахшӣ кушода шуд. Барои омӯзгорони ин соҳа дар назди Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон курсҳои такмили ихтисос фаъолият доранд. Китобҳои дарсии «Достонҳои халқии ӯзбекӣ», «Сурудҳои халқии ӯзбекӣ» ва маҷмӯаи серҷилдаи «Фолклори қароқалпоқ» нашр шуданд. Илова бар ин сад ҷилди силсилаи китобҳои «Ёдгориҳои эҷодиёти даҳонакии халқи ӯзбек» нашр мешавад.
Ба мақсади васеъ оммавӣ гардондани эҷодиёти миллии фолклорӣ ба истифодаи самарабахши имкониятҳои технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ, телевизион ва интернет, сабтҳои аудиоҳо ва видео эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар айни ҳол корҳо оиди ба Руйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил кардани санъати миллии бахшӣ идома доранд. 
Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!
Он чиз маънои амиқ дорад, ки форуми имрӯзаи бонуфузи санъатро мо дар замини куҳан ва ҳамеша ҷавони қароқалпоқ баргузор менамоем.
Вақте ки мо дар бораи Қароқалпоқистон сухан меронем, пеш аз ҳама сарзамини беҳамтоеро тасаввур мекунем, ки дар он мардуми далер ва меҳнатдӯст, дорои саховати бузурги маънавӣ зиндагӣ мекунанд. Ёдгориҳои нодири таърихии Тупроққалъа, Аёзқалъа, Катта Гулдурсунқалъа, Элликқалъа, ки дар ин сарзамин ҷойгиранд, аз тамаддун ва фарҳанги қадимии ин ҷо шаҳодат медиҳад. Ҳар касе, ки ин ёдгориҳоро ҳадди ақалл дар умраш як бор дидааст, достон ва сурудҳои бахшӣ ва жировро, ки дар масофаҳои беохир садо медиҳанд, гӯш кардааст, то абад ин сарзаминро дӯст хоҳад дошт.
Ба ҳамаи мо хушнудӣ мебахшад, ки ба туфайли меҳнати фидокоронаи халқамон имрӯз Қароқалпоқистон ба яке аз минтақаҳои ободи Ӯзбекистон, маркази замонавии илм, фарҳанг ва сайёҳӣ, ҳоло бошад, санъати бахшӣ табдил меёбад.
Халқи боистеъдоди қароқалпоқ, ки мусиқа ва санъат, одамони эҷодкорро гиромӣ медорад, форуми мазкурро бо шавқу рағбати калон истиқбол менамояд.
Ба халқи меҳмоннавози Қароқалпоқистон, ҳамаи онҳое, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани ҷашни имрӯзаи фарҳанг ва санъат фаъолона меҳнат кардаанд, миннатдорӣ изҳор менамоям.
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони муҳтарам!
Боварӣ дорам, ки Ҷашнвораи II байналмилалии санъати бахшӣ, ки бо иштироки шумо кушода мешавад, дар байни форумҳои фарҳангии ҷаҳон ҷойи сазовор ишғол мекунад.
Ба шумо дар кори конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ, ки дар доираи фестивал ташкил карда шудааст, муваффақият таманно дорам.
Аз фурсат истифода бурда, ба сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ҷашни имрӯза иштирок мекунанд, миннатдории самимӣ баён мекунам.
Ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои нав таманно дорам!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: