Ба иштирокдорони ҷашнвораи рақси «Лазгӣ»

Муҳтарам иштирокдорони ҷашнвора!

Меҳмонони азиз!

Хонумон ва ҷанобон!

Мухлисони санъат!

Аз таҳти дил шуморо бо маросими кушодани Ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ» – иди бузурги санъат, зебоӣ ва нафосат табрик менамоям, ки бори аввал дар сарзамини қадимаи Хоразм баргузор мегардад ва ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқи худро изҳор менамоям.

Аз фурсат истифода намуда, инчунин мехоҳам, ки миннатдории самимии худро ба сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар тантанаи имрӯза ҳозир ҳастанд, изҳор намоям.

Ба Ӯзбекистон хуш омадед, меҳмонони азиз!

Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

Тавре ки маълум аст, ҳар як халқ воқеан бо мероси мадании худ ифтихор менамояд, ки он дар тӯли асрҳо ташаккул ва такмил ёфта, аз насл ба насл таҳвил мегардад. Ба ин маънӣ санъати рақси ғанӣ ва пурҷилои ӯзбекӣ чун ҷузви ҷудонопазири хазинаи нодири маънавиамон, эҳсоси наҷиби ба халқамон хос, кирдор ва кӯшиши неки ӯро ҷило медиҳад. Рақси «Лазгӣ», ки дар таърихи санъати рақси миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорад, ба таври образнок бигӯем, гули сари сабади он аст, бо фалсафаи амиқи ҳаётӣ, услуби нотакрори иҷро на танҳо дар мамлакатамон, балки дар хориҷ низ шуҳратёр гаштааст. Бинобар маълумотҳо, таърихи рушди ин санъати наҷиб, ки бо даҳои ҳунарии халқамон эҷод гаштааст, беш аз ҳазорсола мебошад. Он чиз, ки дар хусуси пайдоиши вай бисёр ривоят ва афсонаҳо эҷод гаштаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Дар зарфи садсолаҳо дар ҳамоҳангӣ бо пазироии зебоипарастӣ, анъана ва арзишҳои халқамон чандин самт ва намудҳои рақси «Лазгӣ» ба вуҷуд омадаанд, ки композитсияи ягонаи рақсро ба вуҷуд оварда, асари мукаммали санъат гаштааст. Бо сеҳру кашиш ва ранги пурҷилои худ рақси «Лазгӣ» саҳнаи ҷаҳониро низ ишғол намуд ва чун намунаи олии санъати ҳақиқӣ зоҳир гардида, халқҳои мухталифро муттаҳид намуд. Инро инчунин он чиз собит менамояд, ки 12 декабри соли 2019 ЮНЕСКО рақси «Лазгӣ»-и хоразмиро ба Руйхати мероси мадании ғайримоддии башарият дохил намуд.

Солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав дар қатори дигар самтҳои маданият ба ҳифзи намудҳо ва жанрҳои гуногуни санъати рақси миллӣ, муттасил инкишоф додани анъанаҳои нодири мактабҳои эҷодӣ эътибори калон дода мешавад.

Бо ин мақсадҳо соли 2020 ба имзо расидани қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд рушд додани санъати рақси миллӣ» ва «Дар бораи чорабиниҳои куллан такмил додани низоми омодагии кадрҳои баландмалака ва рушди минбаъдаи потенсиали илмӣ дар соҳаи санъати рақс» қадами муҳими амалӣ гардид. Вақте ки дар бораи ин сухан меравад, махсус бояд таъкид кард, ки эҳёи ансамбли рақси «Баҳор» ба номи Мукаррама Турғунбоева дар ҳаёти мадании мо рӯйдоди бузург гардид, ки он дар замони худ дар ҷаҳон чун рамзи санъати рақси миллии ӯзбек муваффақияти бузург ва эътироф касб намуд. Дар Ӯзбекистон дар бобати омӯзиши амиқи илмии нақши санъати рақси миллӣ, аз он ҷумла рақси «Лазгӣ», дар маданияти ҷаҳон, тарбияи иҷрогарони соҳибистеъдоди ҷавон корҳои назаррас ба амал татбиқ мегарданд. Бо ин мақсад дар мамлакат академияи хореография таъсис гаштааст, ки фаъолияти он бинобар асоси куллан нав ташкил гаштааст. Дар баробари он низоми таълими бетанаффус дар соҳаи санъати рақс роҳандозӣ гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии томактабӣ дарси рақс ҷорӣ гаштааст. Дар мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагон миқдори синфҳои рақс афзуда, Мактаб-интернати махсуси хореографии ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст, ки барои муайян ва тарбия намудани истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.

Инчунин ба масъалаҳои дастгирии ҳамаҷонибаи дастаи маъруфи  суруд ва рақси «Лазгӣ», ба вуҷуд овардани шароити ногузир барои ҳунарпешагон эътибори муҳим дода мешавад. Ҳамин тариқ, соли гузашта дар Театри калони академии давлатии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дар ҳамкории эҷодӣ бо ҳунарпешагони Олмон спектакли балет гузошта шуд, ки аз тариқи талқини бадеӣ таърихи қадим ва нафосати бетакрори «Лазгӣ» зоҳир карда шуд. Ин асари аҷиб натанҳо мавриди таваҷҷуҳи бинандагони ватанӣ, балки алоқамандони хориҷии санъати рақс низ қарор мегирад.

Аз ин пас дар шаҳри Хева дар ду сол як маротиба Ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ» баргузор мегардад, ки бешубҳа барои ҳифзи эҳтиёткорона ва оммавӣ сохтани ин намуди нодири санъат, минбаъд васеъ намудани алоқаҳои мадании байналхалқӣ имконоти васеъ фароҳам меорад. Имрӯз дар маросими тантанавии ифтитоҳи ҷашнвора беш аз 175 устоди санъати рақс, дастаҳои касбии рақс, олимони санъатшинос, арбобони намоёни маданият ва ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ аз 30 давлат ширкат менамоянд, ки аз таваҷҷуҳи зиёди ҷаҳониён ба мамлакатамон ва санъати халқамон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳоло ҳозир минбаъд амиқ омӯхтани таърих ва хусусияти санъати рақси миллӣ, бештар ҷалб намудани ҷавонон ба он масъалаи муҳим ба шумор меравад. Анҷумани байналхалқии илмиву амалие, ки бо номи «Ҷойгоҳи рақси миллии ӯзбек дар санъати рақси ҷаҳон» дар доираи ҷашнвора баргузор мегардад, дар ин самт низ аҳамияти муҳимро молик аст.

Аз фурсат истифода намуда, дар кори анҷуман тавфиқ мехоҳам.

Иштирокдорони муҳтарами ҷашнвора!

Боварӣ дорам, ки Ҷашнвораи байналхалқии рақси «Лазгӣ», ки имрӯз дар шаҳри қадима ва боҳашамати Хева оғоз меёбад, бо иштироки шумо дар оянда дар қатори анҷуманҳои бонуфузи ҷаҳонии санъат ҷойгоҳи мустаҳкам пайдо менамояд. Барои ҳамаи шумо тансиҳатӣ, илҳом ва дастовардҳои нави эҷодӣ таманно дорам.

 

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: