БА ҶАМОАИ ҶАМЪИЯТИ САҲҲОМИИ «КОМБИНАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲИИ ОЛМАЛИҚ»

Дӯстони азиз! Шумо, тамоми ҷамоаи дӯсту сермиллати Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалиқ – ифтихори саноати Ӯзбекистонро бо 75-умин солгарди таъсисёбии он аз таҳти дил муборакбод менамоям.

Ба шарофати меҳнати фидокоронаи кормандони баландихтисос, мутахассисон, коргарон ва хидматчиён комбинати бисёрсоҳа, ки бо анъанаҳои пуршарафи худ дар ҷаҳон шинохта шудааст, дар баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кившари мо ва некуҳолии мардум саҳми бузург мегузорад.

Солҳои охир ба мақсади татбиқ намудани вазифаҳои бартаринок оид ба самарабахш истифода бурдани захираҳои мавҷудаи табиӣ ва рушди саноати миллӣ, ки ба технологияҳои пешқадам такя мекунад, дар комбинат бозсозии васеъмиқёс татбиқ гардид. 

Дар майдонҳои «Қалмақир», «Ангрен», «Чодак», «Хондиза» ва кони навкашфшудаи «Ёшлик-1» 6 корхонаи коркарди амиқи ашёи хом, 5 фабрикаи тозакунии маъдан, заводҳои мис  ва рухгудозӣ, иншооти инфрасохтори истеҳсолӣ бунёд карда шуданд.

Ҳамаи мо, бешубҳа, аз он ки бинобар ин тағйироти муҳим комбинат дар сафи сӣ маҷмӯъҳои бузургтарини ҷаҳон оид ба истеҳсоли мис мақом дорад, ифтихор менамоем.

Ҳоли ҳозир дар ин ҷо сохтмони фабрикаи 3-юми мистозакунӣ, ки иқтидори солонааш коркарди 60 миллион тонна маъдан мебошад, анҷом меёбад. Ба қарибӣ, ҳангоми сафар ба Олмалиқ, мо якҷо бо шумо ба сохтмони фабрикаи 4-уми миссофкунии дорои чунин иқтидор оғоз бахшидем. Баъди ба истифода супурдани ин истеҳсолот комбинат метавонад соле 160 миллион тонна ашёи хомро коркард кунад. Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар таърихи саноати Ӯзбекистон мебошад.

Он чиз сазовори эътибор аст, ки ба ин тариқ дар комбинат ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти Тошканд фароҳам оварда мешаванд. Ҳамаи ин натиҷаи мушаххаси кори якҷояи мо бобати рушди соҳаҳои муҳаррики саноат ва беш аз пеш ба роҳ мондани имкониятҳои минтақаҳо аст.

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки шумо медонед, мо ба масъалаҳои ҷалби сармояҳои бузург бинобар аз худ кардани захираҳои табиӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои саноат эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Дар ин бобат мо аз Мактаби муҳандисӣ, ки дар таркиби комбинат созмон дода шудааст ва дар пояи таҷрибаи пешқадам, аз ҷумла, барномаҳои таълими дуалӣ кор мекунад, умеди калон дорем. Ҳамчунин саҳми бузурги бахшҳои олмалиқии Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Маскавро дар иҷрои вазифаҳои мазкур бояд таъкид кард. Мо кори мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва таълимиву методии мактабҳои олии мазкурро идома медиҳем.

Дар доираи таъмин кардани манфиатҳои ҳаётии инсон ба рағбатноксозии меҳнати душвори коргарон ва хидматчиёни комбинат, беҳтар намудани шароити кор ва истироҳати онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Минбаъд корҳо дар ин самт,  бешубҳа, ба дараҷаи баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Аз фурсат истифода бурда, гурӯҳи коргарон ва хидматчиёни маҷмӯъро, ки ба муносибати ҷашни имрӯза сазовори мукофоти олии Ватан гардидаанд, аз таҳти дил муборакбод мекунам.

Муҳтарам иштирокдорони тантана!

Ба шумо дар таҳкими нақш ва аҳамияти чунин корхонаи бузурги саноатӣ, чун Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалиқ, бунёди Ӯзбекистони Нав – давлати дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ, ки қисми муҳиму ҷудонопазири истеҳсолоти ҷаҳонӣ мегардад, комёбиҳои беш аз пеш орзу дорам.

Бори дигар шуморо бо санаи хотирмони кунунии ҳаёти комбинат, ки дирӯзи шуҳратёр ва ояндаи дурахшон дорад, муборакбод менамоям, ба ҳамаи шумо ғалабаҳои нави меҳнатӣ, саломатии мустаҳкам ва дар оилаҳоятон фаровонӣ орзу мекунам.

Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: