Дӯстони азиз!
Роҳиоҳанчиёни муҳтарам!
Шумо, коргарон ва хидматчиён, сохтмончиён ва муҳандисон, мошинистон ва ходимони вагон, собиқадорони соҳа, тамоми ҷамоаи бисёрҳазорнафараи ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари»-ро, ки ба рушди мамлакатамон ҳиссаи муносиб мегузоред, бо Рӯзи кормандони нақлиёти роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқ ва таманноҳои нек изҳор менамоям.
Шумо бо меҳнати пурмаҳсул, фидокорона, дониш ва таҷрибаи ғанӣ, садоқататон ба касби худ дар ҷамъиятамон сазовори обрӯву эътибор гардидед.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки баробари давлати соҳибистиқлоламон соҳаи ватании роҳи оҳан роҳи бузурги рушдро паси сар намуд. Дар тӯли чоряк асри гузашта дар асоси стратегияи амиқ андешидашуда, ки барои истиқболи дарозмӯҳлат пешбинӣ шудааст, дар ин самт корҳои бузурги созандагӣ амалӣ гардиданд.
Аз рӯзи таъсис ёфтани ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» тавассути нақлиёти роҳи оҳан 1,5 миллиард тонна бор ва 370 миллион мусофир кашонда шуда, ҳаҷми боркашонӣ 2,1 баробар, мусофиркашонӣ – 2 баробар афзуд. Ҳамаи ин миқёси корҳоеро, ки шумо амалӣ намудаед, нишон медиҳад.
Дар доираи Стратегияи амалиёт оид ба рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 чун дар дигар соҳаҳо дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан низ ислоҳоти куллӣ гузаронда мешавад.
Факти имрӯз дар мамлакат ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан кашонда шудани беш аз 60 фоизи борҳо ва беш аз 70 фоизи мусофирон аз он далолат медиҳад, ки соҳаи мазкур дар рушди иқтисодиёт чӣ гуна нақш мебозад.
Корхонаҳои саноатии соҳа бо технологияҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯз муҷаҳҳаз гардонда шуда, дар онҳо вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ ва боркашонӣ истеҳсол карда мешаванд. Роҳиоҳанчиён дар соҳаи нақлиёти мошинсозии мамлакат, ки пайваста ривоҷ меёбад, нақши муҳим мебозанд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳае, ки ба рушди пойгоҳи таъмирии таркиби ҳаракаткунанда, ташкили истеҳсолоти вагонсозӣ ва таҷдиди рехтагарӣ нигаронда шудааст, дар корхонаи «Заводи рехтагариву механикӣ» барои васеъ гардондани истеҳсолот ва таъмири асосиву барқароркунии вагонҳои боркаш ва контейнерҳои калонҳаҷм имкониятҳои нав фароҳам оварда мешаванд.
Роҳҳои оҳани Ӯзбекистон – чун звенои муҳими даҳлези нақлиёти трансконтиненталӣ – имрӯз дар низоми боркашонии байналхалқии роҳи оҳан ҷойи муносибро ишғол менамояд. Корҳои назарраси дар ин соҳа татбиқгардида бобати ба натиҷаҳои баланд мувафақ гардидани иқтисодиётамон хидмат мекунад. Дар солҳои истиқлолият роҳиоҳанчиёни мамлакат беш аз 1500 километр роҳҳои нави оҳанро кашида, 1800 километр хати роҳи оҳанро электрикониданд, ки барои навсозии мамлакат қадами муҳим гардид.
Аз ҳама муҳимаш, чунин дигаргуниҳо натиҷаҳои мусбати амиқ мебахшанд ва пайваста идома меёбанд.
Аз ҷумла, дар айни ҳол дар Тошканд дар самтҳои Сергелӣ – Олмазор, Дӯстлик – Роҳат – бозори Қуйлуқ сохтмони хати ҳалқагини метрои рӯизаминии дар Осиёи Марказӣ ягона бо суръати баланд идома дорад.
Ҷамоаи бисёрмиллатаи ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» бино бар рушд, такмил додан ва таҷдиди коммуникатсияи нақлиёти роҳи оҳан, таъмин кардани бехатарии боркашониву мусофиркашонӣ корҳои назаррасро амалӣ менамояд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки баҳрабардории роҳҳои нави оҳан барои рушди минбаъдаи нерӯи иқтисодии минтақаҳои мамлакат, азхудкунии маҷмӯгии захираҳои ғании конҳои минералӣ, нафт ва газ, маъданҳои ранга, масолеҳи бинокорӣ ва ашёи хоми дигари табиӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад, аз ҳама муҳимаш, шуғли ҳазорҳо нафар одамонро таъмин менамояд.
Электропоездҳои тезгарди «Афросиёб»-и истеҳсоли ширкати машҳури испании «Талго» аз пойтахт ба чунин шаҳрҳои таърихӣ мисли Самарқанд, Бухоро, Қаршӣ мусофир мекашонад. Дар муҳлати кӯтоҳ электропоездҳои мазкур ба эътибору боварии ҳам сокинони мамлакатамон ва ҳам меҳмонони хориҷӣ сазовор гардид.
Ба мақсади баланд бардоштани сифати хидматрасонии нақлиётӣ дар ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба бозсозӣ ва навсозии таркиби ҳаракаткунанда, бо локомотивҳои замонавӣ, баландмаҳсул ва вагонҳои барҳаво муҷаҳҳаз гардондани парк эътибори алоҳида дода мешавад.
Дар мамлакат дар асоси талаботи замонавӣ 16 вокзали нави роҳи оҳан сохта ва 10 вокзали роҳи оҳани дарамал таҷдид карда шуданд, дар стансияҳо мувофиқи сифати андозаҳои байналхалқӣ технологияҳои баланд истифода мегарданд.
Барои рушди коммуникатсияи нақлиёти роҳи оҳан ва инфрасохтор беш аз 8 миллиард доллар, аз он ҷумла 2,6 миллиард доллар сармояҳои хориҷӣ равона карда шуданд.
Роҳиоҳанчиёни мо боз дар як самт – азнавҷиҳозонии техникӣ ва навсозии саноати ангишт, баланд бардоштани самарабахшии ангиштканӣ, ба соҳа ҷорӣ кардани технологияҳои захирасарфакунанда ва пешқадам, ба аҳолӣ расонда додани маҳсулоти ангишт салоҳияти баланди худро намоиш медиҳанд.
Он чиз сазовори баҳои баланд аст, ки шумо, дӯстони азиз, бо меҳнати фидокоронаи худ ба сохтмони роҳҳои васеву ҳамвор, даҳҳо кӯпрукҳои замонавӣ дар Тошканд ва дигар минтақаҳо, ободонии умуман мамлакатамон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ менамоед.
Баробари ин мехостам бо қаноатмандии бузург корҳои некеро, ки кормандони соҳаи роҳи оҳан дар доираи барномаи «Деҳаи обод», «Маҳалаи обод», аз ҷумла бино бар расондани оби ошомиданӣ ба минтақаҳои шароитҳои табиату иқлимашон мураккаб, ободонии деҳоту маҳаллаҳо, баланд бардоштани сифати ҳаёти аҳолӣ, сохтмони манзилҳои арзон, муассисаҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ, маданият ва варзиш амалӣ менамоянд, таъкид намоям.
Қайд кардан мехоҳам, ки ояндаи соҳаи роҳи оҳани Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, аз ба соҳа васеъ ҷалб намудани мутахассисони ҷавоне, ки соҳиби донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунар буда, технологияҳои пешқадамро комилан азхуд намудаанд, ба Ватану халқи худ содиқ вобаста мебошад.
Барои рушди минбаъдаи соҳа ҳар сол 3 коллеҷи касбу ҳунари роҳи оҳан, литсейи академӣ ва Донишкадаи муҳандисони нақлиёти роҳи оҳани Тошканд беш аз 3 ҳазор мутахассисони ҷавонро тайёр менамояд.
Дар айни ҳол баробари баланд гардидани ҳаҷми боркашониву мусофиркашонӣ дар назди роҳиоҳанчиён бино бар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба минбаъд баланд бардоштани нерӯи иқтисодии минтақаҳо, ба таври маҷмӯгӣ азхуд намудани захираҳои ғании минераливу ашёи хом, созмон додани ҷойҳои нави корӣ, тайёр намудани мутахассисон барои корхонаҳои соҳа, қонеъ гардондани эҳтиёҷоти зиёдшавандаи иқтисодиёт ва аҳолӣ ба маҳсулоти ангишт нигаронда шудаанд, вазифаҳои муҳим қарор доранд.
Боварӣ дорам, ки беш аз 87 ҳазор роҳиоҳанчиёни баландихтисос, ба кори худ содиқ, фидокори Ӯзбекистон тамоми донишу малака, қувваву ғайраташонро сафарбар намуда, минбаъд низ вазифаҳои бузурги ба зиммаашон гузошташударо бошараф иҷро менамоянд.
Муҳтарам кормандони нақлиёти роҳи оҳан!
Бори дигар аз самими қалб шуморо бо иди касбиатон муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо сиҳҳатии мустаҳкам ва дар коратон комёбиҳои нав, дар оила хушбахтӣ ва фаровонӣ таманно менамоям.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон