БА ҶАМОАИ КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ «КОМБИНАТИ МАЪДАНИ КӮҲИИ НАВОӢ» ВА СОКИНОНИ ШАҲРИ НАВОӢ

Дӯстони азиз!

Шуморо бо 60-солагии таъсиси Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ ва шаҳри Навоӣ аз самими қалб муборакбод менамоям.
Дар давраи гузаштаи таърихан кӯтоҳ ба туфайли меҳнати фидокоронаи ҳазорҳо нафар коргарону мутахассисон дар биёбони Қизилқум маҷмӯи замонавии пурқуввати саноатӣ бо инфрасохтори пешрафтаи истеҳсолӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ки имрӯз на танҳо дар кишварамон, балки дар хориҷ машҳур мебошад, қад рост кард.
Сохтмони комбинат ба азхудкунии васеъмиқёси боигариҳои бузурги маъдании минтақа, ки барои иқтисодиёти мамлакат аҳамияти стратегӣ дорад, ибтидо гузошт.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки маҷмӯи саноатии мазкур барои 60 сол қабл дар ин ҷо бунёд намудани яке аз шаҳрҳои зеботарини замонавии мамлакат асос гузошт, ки ба шарафи шоири бузург ва мутафаккир Алишер Навоӣ номи ӯро гирифта, имрӯз ҷашни худро қайд менамояд.
Дар пойгоҳи раёсатҳои кон ва объектҳои бузурги истеҳсолӣ шаҳрҳои Учқудуқ, Зарафшон, Нуробод, Заркент ва Марҷонбулоқ низ бунёд ёфтанд.
Ин шаҳру деҳот, ки намунаи равшани шаҳрсозии замонавӣ ба ҳисоб мераванд, сол аз сол ривоҷ ёфта, обод ва шукуфон мегарданд.
Дар минтақа корхонаҳои нав сохта шуда, иқтидорҳои истеҳсолӣ, ки аз технологияҳои дараҷаи андозаҳои ҷаҳонӣ асос ёфтаанд, васеъ мегарданд.
Равобити шарикӣ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ имконияти ба роҳ мондани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти серхаридорро фароҳам оварда, кори босуботи тамоми соҳаро таъмин мекунад.
Имрӯз дар ба тамоми ҷаҳон эътироф гардидани сифати баланди тиллои Ӯзбекистон, зиёд шудани захираҳои тиллову асъори мамлакатамон ва нерӯи иқтисодии он хидмати ҷамоаи бисёрмиллатаи Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ, ки локомотиви иқтисодиётамон ба ҳисоб меравад, беназир аст.
Хурсандиовар аст, ки баробари азхуд карда шудани конҳои тилло, уран, маъданҳои нодир, ашёи хоми фосфорит комбинат барои саноати сохтмон ва дастгоҳсозӣ номгӯи зиёди маҳсулот, инчунин молҳои истеъмоли халқӣ истеҳсол менамояд.
Сазовори таҳсин аст, ки ҷамоаи бисёрҳазорнафараи корхонаи бузург дар дигаргунсозиҳои васеъмиқёси солҳои охири ҷумҳурӣ, навсозии куллӣ ва модернизатсияи иқтисодиёти миллӣ ва умуман мамлакат фаъол иштирок менамояд.
Давлат ба рушди ҳамаҷонибаи Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Аз ҷумла, дар доираи иҷрои барномаи рушди КМКН то соли 2026 зина ба зина қариб 30 лоиҳаи бузурги сармоягузории арзиши умумиашон беш аз 3 миллиард доллар татбиқ карда шуда, беш аз 30 ҳазор ҷойи корӣ созмон дода мешаванд.
Дар ин самт аллакай корҳои зиёд амалӣ гардиданд. Азхудкунии кони истихроҷи тиллои «Ауминзо-Амантой»,  дар пойгоҳи он бунёд намудани заводи гидрометаллургӣ, сохтани маҷмӯъ оид ба азнавкоркарди партовҳои техногенӣ, азхудкунии кони «Мурунтов» бо суръати баланд идома доранд.
Ба рушди инноватсионӣ ва технологии минтақа филиали навоигии Академияи илмҳои Ӯзбекистон, ки дар пойгоҳи комбинати Навоӣ ташкил карда шудааст, ҳиссаи бузург мегузорад.
Дӯстони муҳтарам!
Имрӯз вақте ки Ӯзбекистон ба зинаи нави ислоҳоти стратегӣ қадам ниҳод, чун дар назди ҳамаи халқамон, дар назди кормандони комбинат ва сокинони шаҳри Навоӣ вазифаҳои муҳим қарор доранд.
Инак, мо бояд дар ин ҷо як қатор истеҳсолоти нави баландтехнологиро ба роҳ монда, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазирро васеъ гардонем, иқтидори бузурги табиӣ, истеҳсолӣ, меҳнатӣ ва зеҳнии минтақаро пурра ба рӯйи об барорем.
Боварӣ дорам, ки ҷамоаи аҳл, боистеъдод ва соҳиби малакаи касбии Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ ва сокинони шаҳри Навоӣ, ки таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати баланд доранд, ба мамлакату халқ содиқ мебошанд, иҷрои вазифаҳои васеъмиқёсро бо шараф ӯҳда мекунанд.
Ба шумо, дӯстони азиз, самимона сиҳҳатии мустаҳкам, хушбахтӣ ва беҳбудӣ, дар кори бунёдгаронаатон баҳри фаровонии Ватанамон комёбиҳои нав таманно менамоям.

Шавкат МИРЗИЁЕВ
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: