Дӯстони азиз! Шуморо ба муносибати 50-умин солгарди таъсиси Маркази махсуси тиббии илмиву амалии саломатии модару кӯдаки ҷумҳурӣ – яке аз муассисаҳои машҳури тиббии мамлакат самимона муборакбод менамоям, ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқ ва орзуҳои накӯтарини худро изҳор мекунам.
Дар ин ҷашни хотирмон барои меҳнати фидокорона ҷамоаи дӯсту сермиллати марказ, шифокорон, олимон ва мутахассисони ба касби худ содиқ, ҳамшираҳои меҳрубонеро, ки дар чунин як кори муҳим барои Ӯзбекистони Нав, коре, ки пайи ҳифзи аслияти миллӣ, тарбияи насли навраси солиму бардам аз тариқи ҳифзи ҳамаҷонибаи саломатии модару кӯдак саҳми муносиб мегузоранд, аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунам.
Албатта, шубҳае нест, солҳои охир дар доираи барномае, ки ба таъмин сохтани манфиат ва шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, мо ба мустаҳкам кардани саломатии модару кӯдак эътибори махсус медиҳем. Ин масъалаест, ки оянда ва бахту саодати ҳар як инсон, ҳар кадом оилаи мамлакат ва кулли ҷомеаи мо аз он вобаста мебошад.
Ба ин мақсад соҳа дар пояи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва муносибатҳои замонавӣ ислоҳ гардид, иқтидори моддиву техникӣ, пойгоҳи илмиву услубӣ, имкониятҳои кадрӣ ва сохтори он куллан такмил ёфт.
Соли гузашта дар пойгоҳи се муассиса, ки таърих ва анъанаҳои худро доранд, таъсис ёфтани Маркази махсуси тиббии илмиву амалии ҷумҳуриявии саломатии модару кӯдак қадами муҳим гардид. Дар натиҷа дар мамлакат низоми ягонаи амудии идораи хидматрасонии босифати тиббии зиёда аз 9 миллиону 200 ҳазор занони синну соли таваллуд ва назорати саломатии насл ташкил ёфт, профилактикаи замонавии тиббӣ ва патронажӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ин маврид бояд таъкид кард, ки бори аввал дар кишвари мо аз тариқи ҳамшираҳои патронажӣ ва машварати занона ҳар як оила ба марказ вобаста ва барои ҳайати бригадаи тиббии зинаи ибтидоӣ 8500 нафар акушерҳо ҷудо карда шуданд.
Алҳол марказ 14 бахши минтақавӣ, 46 маркази перинаталии байниноҳиявӣ, зиёда аз 170 таваллудгоҳ ва 209 машваратхонаи занонаро муттаҳид мекунад, ки шаҳодати иқтидори азими он аст. Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти муассисаи мазкур пурсамар ҳамоҳанг карда, кори босифати хидмати патронажии муассисаҳои зинаи ибтидоӣ ба роҳ монда шавад, скрининги занони ҳомила, мониторинги доимии саломатии онҳо амалӣ шаванд, хулоса, амнияти модарон таъмин гардид.
Ҳамчунин он чиз сазовори эътибор аст, ки марказ бо марказҳои машҳури тиббии ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ монда, усулҳои ташхис ва табобати пешқадамро ба амалиёти клиникӣ васеъ ҷорӣ менамояд. Аз ҷумла, соле зиёда аз 1300 амалиёти ҷарроҳии соҳаи гинекологӣ гузаронида мешаванд, 36 навъи ҷарроҳиҳои баландтехнологӣ аз худ карда шуданд, ки вақт ва маблағи бисёр ҳамватанони моро сарфа мекунад, онҳоро аз ташвишҳои вобаста ба равуо барои табобат ба кишварҳои дигар озод менамояд.
Марказ дар байни муассисаҳои давлатии табобатии Ӯзбекистон аввалин шуда аз аккредитатсияи байналхалқӣ гузашт, ки шаҳодати афзудани обрӯйи он нафақат дар мамлакат, балки дар хориҷа низ мебошад.
Даврони мураккаби кунунӣ, дар замоне, ки таҳдид ба саломатии инсон, аз ҷумла ба саломатии модару кӯдак пурзӯр мегардад, дар назди мо вазифаҳои беш аз пеш муҳимро мегузорад. Дар навбати худ он аз мо саъю кӯшиши бештар, дарёфти қарорҳои зарурӣ ва сафарбариро тақозо менамояд.
Бовар дорам, ки шумо, намояндагони фидокори соҳа, аҳамияти ин вазифаҳоро амиқ дарк намуда, тамоми донишу таҷриба, ҳунару маҳорати худро ба хидмати кишвар ва халқамон беш аз пеш фаъолона сафарбар менамоед.
Давлат минбаъд низ ба рушди соҳа, сазоворона рағбатнок кардани меҳнати пуршарафи шумо эътибори махсус хоҳад дод.
Бори дигар шуморо бо санаи хотирмони имрӯза самимона муборакбод менамоям, ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, дар фаъолияти масъулатон комёбиҳо, дар хонаводаҳоятон сулҳу салоҳ ва бахту саодат орзу мекунам.
Шавкат МирзиЁев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.