БА ҶАШН ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

Дар ноҳияи Сӯх барои 30-солагии таъсиси он омодагириҳо беш аз пеш вусъат пайдо кардааст.

Дар ноҳияи Сӯх барои 30-солагии таъсиси он омодагириҳо беш аз пеш вусъат пайдо кардааст. Ноҳияи Сӯх хоссатан дар давраи касби истиқлол хеле пеш рафт ва нашъунамо кард.
– Ҳоло барои баргузор намудани ҷашни 30-солагии таъсиси ноҳия пиёда кардани чорабиниҳои маънавию маърифатиро барномарезӣ кардаем. Умедворам, ки ин санаи барои мардуми он хеле муҳимро бо шукӯҳ ва шаҳомати хос таҷлил хоҳем кард, – мегӯяд ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Вай афзуд, ки барои татбиқи ин нақша корҳои таблиғотиву тарғиботӣ низ доман фарох намудаанд. Ба таъкиди ӯ дар ин кор кормандони ҳокимияти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои фермерӣ, корхонаҳои хусусӣ ва амсоли он саҳми калон мегузоранд.
– Дар барпо намудани чунин ҷашнвора бояд равшанфикрон, ба вижа кормандони муассисаҳои таълимӣ, аҳли қалам бештар ҳиссагузорӣ кунанд, – иброз намуд Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Вай маълум кард, ки барои баргузории ҷашни 30-солагии ноҳия гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аъзои ин гурӯҳ тибқи нақшае, ки зери даст доранд, домани омодагириҳоро фарохтар намуда, талош ба харҷ хоҳанд дод, ки ин ҷашнвора хубу гуворо гузарад.
Ҳанӯз вақти баргузории ҷашнвора дақиқ нашудааст. Интизор меравад, ки гурӯҳи корӣ дар рӯзҳои наздик ин санаи муҳимро эълон хоҳад кард.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: