БА ҶАВОНОН ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН ҶУДО КАРДА ШУД

Гурӯҳи 18-нафарии ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қушчӣ»-и ноҳияи Фурқати вилояти Фарғона соҳиби қитъаи замин шуданд.

Ин иқдом ҷавоб ба қарори Президент аз 5 апрели соли равон «Дар бораи чораву тадбири афзоиш додани даромади ҷавонон бо роҳи ба онҳо ҷудо карда додани қитъаҳои замин ва таъмин кардани онҳо ба кор» арзёбӣ гардид.
Ин қитъаҳои замин аз ҳисоби майдонҳои навкораме ҷудо карда шудааст, ки муддати дароз бекор мехобиданд ва ҳоло мавриди обёрӣ қарор гирифтаанд.
– Ҳар як довталаби ҷавон ният дорад, ки аз қитъаи замини барояш додашуда оқилона ва самаранок истифода мебарад ва дар оянда даромади оилаи худро афзоиш медиҳад. Ба ҷавононе, ки издивоҷ хоҳанд кард, то 100 миллион сӯмӣ қарзи имтиёзнок низ ҷудо карда мешавад. Ин ҷавонон дастаҷамъона ба Сарвари давлатамон барои фароҳам овардани чунин имконият ва ғамхории беназир арзи сипос карданд, – гуфт ноиби ҳокими ноҳия оид ба корҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва маънавӣ-маърифатӣ Алимардон Аъзамов. 
Вай афзуд, ки як гурӯҳ мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба ҷавонон оид ба кишту парвариши навъи зироатҳои гуногун ва нигоҳубини он, истифодаи босамари агротехника ва мавсими обёрӣ маълумоти лозима ироа намуданд.
Бояд гуфт, ки қитъаҳои ҷудошуда на танҳо ба таъмини ҷавонон бо шуғл мусоидат менамояд, балки барои фаровонии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ саҳми калон мегузорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: