Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд

  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд
  • Ба ҷавонони фаъол мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд

Дар арафаи Рӯзи ҷавонон бинобар фармон ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи ҷавонони фаъол, ки ба рушди мамлакатамон саҳми муносиб гузоштаанд, бо медалҳои «Келажак бунёдкори» ва мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» тақдир гардиданд.

28 июн дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими супурдани ин мукофотҳо баргузор гардид. Дар аввали баромади худ роҳбари давлат ҷавононро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуд ва ба онҳо таманноҳои беҳтаринро изҳор кард.

– Бо дастовардҳо, мақсадҳо ва нақшаҳои ҷавононамон шинос гардида, ман неру ва илҳоми зиёд мегирам. Мамнунам, ки мо чунин имконоти калони сохтмони Ӯзбекистони Навро моликем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ҳоло дар ҳар соҳаи ҳаёт – дар идораи давлатӣ, иқтисодиёт, илм ва таълим, варзиш ва маданият – ба ҷавонон эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Дар палатаҳои Олий Маҷлис парлумонҳои ҷавонон кор мекунанд. Дар ҳар як муассисаи мамлакатамон мушовир оид ба корҳои ҷавонон амал мекунад.

Давлат ва ҷамъият ба туфайли ҷавонони маънан ва ҷисмонан рушд намуда, ки дониш ва технологияҳои замонавиро касб намудаанд, муқтадир мебошанд. Аз ин рӯ, низоми таълим куллан инкишоф меёбад. Мактабҳои президентӣ, мактабҳои эҷодӣ ва махсус, муассисаҳои таълими олӣ барои тарбияи кадрҳои баландмалака хидмат мекунанд. Дар IT-паркҳо, паркҳои эҷодӣ ва технопаркҳо, марказҳои маданӣ ва варзишӣ ҷавонон бо кори дӯстдоштаи худ машғуланд ва иқтидори худро рушд мебахшанд.

Ҷавонон, ки ин шароитро босамар истифода менамоянд, дар илм, варзиш, маданият, санъат ва дигар соҳаҳо Ӯзбекистони Навро ба тамоми ҷаҳон шарафманд намуда, муваффақиятҳои бузургро ноил мегарданд.

Танҳо соли гузаштаи таҳсил 55 нафар хонандагонамон 8 медали тилло, 15 нуқра ва 32 биринҷиро дар олимпиадаҳои бонуфузи байналхалқӣ оид ба математика, кимё, биология, физика ва информатика соҳиб гардиданд.

Дар озмунҳои бонуфузи байналхалқӣ оид ба маданият ва санъат 383 нафар ҷавононамон ҷоизаҳои асосиро ба даст оварданд, қариб 1400 нафар ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.

Дар ду соли охир варзишгаронамон беш аз 900 медали тилло, беш аз 550 медали нуқра ва 731 медали биринҷиро дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ба даст оварданд. Ба қарибӣ дар Ҷоми Осиё оид ба футбол дар Қатар ҷамоаи мунтахабамон бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ гардид.

– Бо дастовардҳои худ шумо таърихи навро менависед. Бовар дорам, ки якҷоя бо музаффариятҳои бузурги халқамон, ин натиҷаҳо қисме аз таърихи Ӯзбекистони Нав ва Эҳёи сеюм хоҳад гардид, – таъкид кард Президент.

Сиёсати давлатии ҷавонони мамлакатамон боиси эътирофи байналхалқӣ мегардад. Барои мисол, соли гузашта Ӯзбекистон чун яке аз мамлакатҳои зуд рушдёбанда дар соҳаи сиёсати ҷавонон бинобар Индекси рушди ҷавонон эътироф гардид. Беш аз 60 ташаббус оид ба дастгирии ҷавонон, ҷалби онҳо ба идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ карда шуданд.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳри нозанини Самарқанд Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон баргузор мегардад. Ин низ аз эътирофи байналхалқӣ гувоҳӣ медиҳад.

Пас аз он Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷавонон мукофотҳои давлатиро супурд.

– Дастовардҳои шумо ин оғози роҳи дароз мебошад. Давлат метавонад шароит фароҳам оварад, касе метавонад кумак кунад. Аммо ояндаи шумо фақат аз шумо вобаста аст. Тамоми ҷавононамонро дар ин роҳ дастгирӣ намуда, дар роҳи орзу тавфиқ таманно дорам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тақдиршудагон ба роҳбари давлат барои боварӣ ва эътибори баланд, барои имконоти ба ҷавонон фароҳамоварда изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар таълим ва кор боварии халқамонро сазовор гардида, ба муваффақиятҳо ноил мегарданд.

Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, зиёиён ва падару модарон иштирок намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: