Садорати адлияи вилояти Самарқанд барои ҷавононе, ки ба масъулони ин сохтор вобаста карда шудаанд, корҳои шоёнро анҷом медиҳад.
Дар ин самт таъмини шуғл, омӯхтан ва ҳал намудани мушкилоти онҳо вазифаи устувор мебошад. Аз ҷумла, 10 нафар ҷавонони маҳаллаи Тадбиркори ноҳияи Пахтачӣ, ки ба замин ниёз доранд, ба Маркази хидматҳои давлатии ноҳия вобаста карда шуданд.
Роҳбарияти марказ чораҳои зарурӣ андешида, барои иштирок дар музояда имзои рақамиро ба даст овард. Ба 10 нафар ҷавононе, ки дар музоядаҳои онлайн ғолиб омадаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Онҳо метавонанд дар ин заминҳо дар асоси тамоюли «Як мавзеъ — як маҳсулот» сабзавот, картошка, зироати лӯбиёгӣ, гулу гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулотро парвариш намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки 60 ҳазор гектар замини захираи ҳокимияти ноҳияҳо ба музоядаҳои электронии онлайн гузошта шуда, барои ташкили хоҷагиҳо ба ҷавонон ба иҷора дода мешаванд.
Ғолибони музояда имкон доранд, нархи қитъаи заминро бо қисмҳои баробар дар мӯҳлати 10 сол бидуни фоиз пардохт кунанд.
Чунин ислоҳоти мақомоти адлия дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба таъмини шуғл ва афзоиши даромади онҳо хизмат мекунад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.