Сару садоҳо дар бораи пирамидаи молиявии Аҳмадбой, фирефташавии ҳазорҳо нафар шаҳрвандони кишвар ва ба даст афтодани Аҳмадбой Турсунови чинозӣ ҳанӯз поён наёфта, боз як “пирамида”-чиёни молиявӣ дар шаҳри Тошканд боздошт шудаанд.
Сару садоҳо дар бораи пирамидаи молиявии Аҳмадбой, фирефташавии ҳазорҳо нафар шаҳрвандони кишвар ва ба даст афтодани Аҳмадбой Турсунови чинозӣ ҳанӯз поён наёфта, боз як “пирамида”-чиёни молиявӣ дар шаҳри Тошканд боздошт шудаанд. Дар ин бора масъули Департаменти тафтишоти корҳои махсуси Вазорати дохилии Ӯзбекистон ба хабарнигорон маълумот ироа намуд.
Бино ба ин манбаъ як гурӯҳи ҷиноии панҷнафарӣ, ки се нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷа ташкил мекард, баъди пайгарди қонунӣ аз тарафи кормандони умури интизомӣ даст гирифта шуданд.
– Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ дар пойтахт худро таъсисгарони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи хориҷии “Golden Cahs story” муаррифӣ намудаанд. Онҳо ба ҷои умдафурӯшии маҳсулоти гуногун даст ба корҳои ғайриқонунӣ задаанд ва ба ин васила пирамидаи молиявиро ташкил намудаанд. Оҳиста ба доми онҳо мардуми зиёд афтодаву молу амволи зиёди худро ба ихтиёри онҳо супурдаанд, – гуфт муфаттиши Департаменти тафтишоти корҳои махсусан муҳими Вазорати дохила Маъмурҷон Раҳматуллоев. – Тавассути шабакаҳои интернетӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бурдаанд ва ба мардум эълон кардаанд, ки агар маҳсулоти заргариашонро ба сифати инвеститсия ба корхонаи онҳо супоранд, дар муддати кӯтоҳ дивиденд ё фоидаҳои калони гӯшношунид ба даст меоранд.
Мувофиқи ваъдаи онҳо “сармоягузорон” ҳафтае 2,3 фоиз, солона аз 40 фоиз то 262 фоиз соҳиби пул мегарданд. Ба кормандони умури интизомӣ маълум шуд, ки арзиши маҳсулоти заргарии шахсони гумроҳу фирефташудае, ки амволи гаронқимати худро ба сифати сармоя ба корхонаи “Golden Cahs story” супурдаанд, аз 100 то 10 ҳазор доллариро ташкил менамояд. Ҳатто, дар қадами аввал, барои ҷалби бештари мизоҷони нави ба домашон афтода аз ҳисоби маблағи онҳо ба картаи мизоҷони собиқадори худ миқдори муайяни пул интиқол додаанд ва ба ин васила боз ҳам бештар мавриди эътимоду боварии онҳо қарор гирифтаанд.
Аз гуфтаҳои муфаттиш бармеояд, ки аъзои ин гурӯҳ дар муддати кӯтоҳ ба одамон даромадҳои гӯшношунид ваъда кардаанд ва бо фирефтани ҳазорҳо нафар маблағи худро ба ҳисобсуратҳои худ дар хориҷа интиқол додаанд. Инчунин бар ивази маблағи калон дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон (шояд берун аз он низ) сарвати зиёди ғайриманқул ҷамъоварӣ кардаанд.
– Дар айни ҳол ба муқобили ин панҷ нафар парвандаҳои ҷиноӣ боз гардидаанд ва онҳо дар боздоштгоҳи бозпурсиҳои муқаддамотӣ ба сар мебаранд, – иброз намуд Маъмурҷон Раҳматуллоев.
Шаҳрванди Украина М.М. дар шаҳри Тошканд ба таъсиси корхонаи хориҷии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Golden Cahs story” шурӯъ намудааст ва дар атрофи худ шарикони содиқаш – В.К., С.Т., А.С. ва Х.Ш.-ро гирдиҳам овардааст. Ба онҳо дастур медодааст, ки кадом вазифаҳоро бояд иҷро кунанд ва теъдоди ҳарчи бештари мизоҷонро фаро хонанд.
– Ин корхона аввал ба савдои умдафурӯшии маҳсулоти гуногун машғул шудааст. Аммо бо гузашти вақти кӯтоҳ ба роҳандозии фаъолияти ғайриқонунии худ камар бастаанд, – мегӯяд М.Раҳматуллоев.
17 ноябри соли гузашта Садорати тафтишоти назди Сарсадорати корҳои дохилии шаҳри Тошканд аз рӯи бандҳои гуногуни моддаи 188-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаҳои ҷиноӣ боз намудааст ва дар айни ҳол тафтиш бо суръат идома дорад.
– Баъди боздошти аъзои гурӯҳ маълум шуд, ки онҳо бештар аз ҳама сокинони шаҳри Тошканд, вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Намангон, Қашқадарё, Бухоро, Хоразм ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро ба доми фиребу найранги худ даровардаанд ва аз ҳисоби мардуми гумроҳ сарвати зиёд ҷамъоварӣ намудаанд. Зимни анҷоми корҳои кофтуков дар дафтарҳои кории минтақавии ин гурӯҳи ҷиноӣ маҳсулоти зиёди заргарӣ мусодира гардидааст. Онҳо вақт наёфтаанд, ки ин маҳсулоти гаронбаҳоро ба фурӯш расонанд ва пулашро ба хориҷа интиқол диҳанд, – мегӯяд Раҳматуллоев.
– Хеле ҷолиб аст, ки аъзои гурӯҳи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии худ аз таҷрибаҳои фаровони пирамидаҳои молиявии қаблӣ истифода намудаанд. Аслан ин гуна гурӯҳҳои ҷиноӣ бо усули ягона фаъолият мекунанд ва аз як гурӯҳи одамони гумроҳ гурӯҳҳои бештар месозанд, – гуфт дар ин нишасти матбуотӣ судяи Суди ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошканд Толибҷон Обидов. – Онҳо касро гипноз мекунанд ва кас намедонад, ки чӣ тавр ба доми онҳо меафтад. Гузашта аз ин, касе аз фирефташудагон фикр накардааст, ки чӣ гуна як сӯми вай дар муддати хеле кӯтоҳ метавонад ба чанд баробар афзоиш ёбад ва ӯ дивидендҳое ба даст оварад, ки гӯшношуниданд. Ба доми ин гуна ҷинояткорон аслан одамони ҳарис ва ночор меафтанд: гурӯҳи аввалӣ мехоҳад як сӯмашро ба таври муфт ду сӯм кунад, дувумӣ дар пайи он мешавад, ки пуле ба даст ораду зиндагиашро беҳбуд бахшад. Вале ҳарду тоифаи ин одамон гумроҳ мешаванд.
Маълум шудааст, ки миқдори хисороти молии гурӯҳ бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил менамояд. Аммо маблағҳои ҳанӯз тасбитношуда низ метавонад вуҷуд дошта бошад, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ ҳамчун луқмаи тайёр фурӯ бурдаанд.
Гуфта мешавад, ба аъзои гурӯҳи ҷиноии пирамидаи молиявӣ бо сардории шаҳрванди Украина М.М. мувофиқи қисми 2-юми бандҳои “в,г”-и моддаи 188(1) айб эълон шудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.