БА ҶОИ ТӮЙИ БОКАРРУФАР ДАСТУРХОНИ ЭҲСОН

Халқи мо, ки ёфтаашро бо хешу ақрабо ва ҳамсоягон бо ҳам мебинад, бо тӯйҳояш машҳур аст.

Дар ин тӯйҳо мероси маънавӣ ва маданияти ғании халқамон инъикос меёбад. 
Сад афсӯс, ки имрӯз дар баъзе мавридҳо маросими никоҳ ба ҳашами барзиёд табдил меёбад. Маросимҳо аз ҳад зиёд бодабдаба гузаронда мешаванд. 
Ҷавонони мо тӯйи арӯсиро на аз рӯйи урфу одати миллӣ, балки дар асоси одатҳои ғайритабиии хориҷӣ баргузор мекунанд. Авҷ гирифтани иллатҳое мисли тӯйҳои боҳашам, ба исрофкорӣ роҳ додан дили касро хира мекунанд.
Онҳое низ ёфт мешаванд, ки дар тарабхонаи қимат тӯй барпо мекунем, фалон санъаткоронро даъват мекунем, гуфта ба назди падару модарашон шарт мегузоранд. Соҳиби тӯй барои хароҷоти калон қарздор мешавад ё кредит мегирад. Аз пушти ҳамин моҷароҳои оилавӣ, низоъҳо, ҷудошавӣ, байни қудоҳо сардмуомилагӣ зиёд мешавад. Ҳол он ки дастурхони аз ҳад зиёд пур, хароҷоти ба тӯй сарфшударо кам карда, рӯзгори оилаҳои ҷавонро обод намудан мумкин.
Идораи мусулмонони Ӯзбекистон бобати мӯъҷаз кардани маросими тӯй, ба дабдаба роҳ надодан чорабиниҳои гуногун мегузаронад. 
–Дабдабаи тӯю маросимҳо, таърифҳои сохта, гапҳои маҳалла, ҳар қадар зебо намояд ҳам, ин аввало, исрофи калон ва дар дини мо мафҳумҳои бегона мебошанд,–мегӯяд имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Ал-Ҳудайбия» Муродуллоҳ Хуназаров. – Дар маъракаву маросимҳо бояд панҷ хел ё баъзан ҳафт хел таом кашида шавад, гуфтан аз он дарак медиҳад, ки мо инсонҳо дар ғами шикам хеле амиқ фурӯ рафтаем. Таомҳо, маҳсулот, бахусус, нон аз тӯй зиёдатӣ карда, аз чӣ бошад, ки ҳеҷ касро ба тааҷҷуб намеоранд. Гуноҳ будани исрофкориро ба хотир ҳам наовардем. Исроф дар дини мо хеле сахт сиёҳ карда шудааст. Дар ин бобат дар Қуръони карим ва аҳодиси Пайғамбар (с) нишондодҳое мавҷуд аст, ки мусулмонҳоро ба огоҳӣ даъват мекунанд.
Бо ташаббуси намояндагони Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ба маросими тӯйи арӯсии келину домоди ҷавон, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, танҳо ба воситаи даъват кардани инсонҳои имконияташон маҳдуд, дили онҳоро хурсанд кардан ҳадаф қарор гирифта буд. Чорабинии хайрияи мазкур дар кошонаи «Версал»-и шаҳри Тошканд баргузор шуд.
–Дар ҳар кор бояд меъёр ва эътидол мавҷуд бошад. Ана дар чунин ҳолат ба исрофкорӣ роҳ дода намешавад. Ин ду чиз болоне мебошад, ки ба ҳавои нафси инсон гузошта шудааст. Тӯй гуфта, албатта, дастурхон кушода, даъват кардани тӯда-тӯда одамонро набояд фаҳмид. Ба шахсони камбағал, муҳтоҷ таом ё маблағи зарурӣ додан савоби хеле калон аст. Дар байни мо ҷавонони зиёде низ ҳастанд, ки инро дарк кардаанд. Як нафар ҷавоне, ки дар ноҳияи Яшнобод бо соҳибкорӣ машғул аст, ба назди ман омада гуфт, ки оиладор шудан мехоҳад, аммо тӯйи никоҳиашро бодабдаба гузаронданӣ нест. Ӯ бо нияти савоб гирифтан ба беш аз сад нафар инсонҳое, ки камтаъминанд ё имконияташон маҳдуд аст, дастурхон кушод. Ба дили ғуссадори онҳо такон додан, дуояшонро гирифтан аз тӯйи бодабдабаву маҳобот ҳазор маротиба беҳтар аст,–мегӯяд М. Хуназаров.
Ҷамъомадагон ба осудагии кишвари мо шукрона гуфта, дар ҳаққи домоду арӯс дуо карданд.

Хуршед ҚОДИРОВ,
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: