БА КАСБИ ПУРШАРАФИ ОМӮЗГОРӢ МУНОСИБ БОШЕМ

Андешаҳо

Ҳар рӯз бо табъи болида ва тайёрии хуб ба мактаб меравам. Мехоҳам хонандагон аз ҳар як дарси ман, гуфтору рафтор, муносибат ва ҳатто либоспӯшиам сабақи ҳаёт гиранд. Чунки ман ҳам чунин сабақро аз бобоям, ки бо нони ҳалоли омӯзгорӣ умргузаронӣ кардаанд ва аз падари омӯзгорам гирифтаам. 
Субҳи содиқ чун ҳаррӯза ба ҳавлии мактаб даромадам ва дидам, ки хонандае ба муаллим чун ба рафиқи худ муносибат карда, ба ҳар як саволи ӯ дучанд зиёд дағалона ҷавоб медод. Ин саҳнаро дида беихтиёр давраи мактабхониам ба ёд омад, муаллимро ҳурмат мекардем, ҳатто аз ба чашми ӯ нигоҳ карда гап задан, истиҳола менамудем.
– Аз устоди тавоно номи нек мемонад, эй вой, ба ҳоли муаллимоне, ки ҳеҷ кас ёдашон намекунад,– гуфт  дар суҳбат омӯзгор Ҳикмат Султонзода.
Оре, аз қадимулайём омӯзгорро қадр намуда, устоди худ шумурдаанд ва ҳурматашро ба ҷо овардаанд. Шогирдон доимо дар хидмати устодон шудаанд. Устодон ҳар доим болонишини маъракаҳо гардидаанд. Одамон ба насиҳат ва маслиҳатҳои устодони закӣ ва хоксор гӯш андохтаанд.
Дар мамлакатамон ба масъалаи тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Волидайн фарзандони худро ба муаллим дода, «гӯшташ аз шумо, устухонаш аз мо», «олим нашавад ҳам, одам шавад», гуфтаанд. Ба донишмандии муаллим боварии комил доштаанд.
Истилоҳи «муаллим»  калимаи арабӣ буда, маънои  «шахси илмдиҳанда»-ро дорад. Аз ҳамин сабаб, шахсони аз ҳама доно ва обрӯнокро «муаллим» гуфтаанд.
Саволе бар миён меояд. Баъзе аз муаллимони имрӯза ба ин ном оё муносибанд?
Чаро имрӯз баъзе аз муаллимон ба шуҳрату ҳурмати омӯзгорӣ риоя накарда, ин касбро беқадр карда истодаанд? Омӯзгор ба хонанда, умуман ба ҷамъият намуна бояд бошад.
Албатта, ин савол муаллимони фидоиро ба фикркунӣ водор месозад. Мо инро дар давоми фаъолияти худ таҳлил намуда, сабабашро дар инҳо медонем: ба намуди зоҳирии худ эътибор надодан, паст будани маданияти либоспӯшӣ, маданияти нутқ, дуруст баҳо надодан ба навгониҳои дар ҷамъият рӯйдода, беандеша ҳарф задан, ҳангоми асабӣ шудан худро идора карда натавонистан, хонандагон ва волидони онҳоро ҳурмат накардан (ҳатто баъзе муаллимон хонандаро ҳақорат мекунанд), дар оилаи худ ҳурмату эҳтиром надоштан, боло гузоштани боигарии моддӣ аз маънавӣ, хислатҳои бад доштан, руҷӯъ кардан ба майнӯшиву кашидани сигор дар назди хонанда, ба дарс бетайёрӣ омадан ва бесамар ташкил намудани он, аз усулҳои нави педагогӣ ва технологияҳои компутерӣ истифода бурда натавонистан, паст будани савияи дониши касбӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии муаллим.
Шахсоне, ки чунин камбудиҳо доранд, симои муаллимии худро гум мекунанд, дар натиҷа ба номи пуршарафи омӯзгорӣ низ доғ меоваранд.
Мо, омӯзгорон бар зидди хислатҳои манфуре, ки боиси беобрӯӣ мегардад, мубориза бурда, ҳурмату эътиборамонро бояд ҳимоя намоем.
Имрӯзҳо аз ҷониби Сарвари давлатамон барои омӯзгорон ва мураббиён имкониятҳои бисёр фароҳам оварда шудаанд. Ғамхории ҳукуматамон аст, ки ҳар сол 1-уми октябр Иди омӯзгорон ва мураббиён пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Барои омӯзгорон нишони сарисинагии Аълочии таълими халқ, унвони Ходими хизматнишондодаи таълими халқ ва як қатор мукофотҳо таъсис ёфтаанд.
Ин гуна унвонҳо ба омӯзгорони фидоие, ки барои рушду равнақи ҷамъиятамон ҳисса гузоштаанд, дода мешавад.
Ҳамкасбони азиз! Биёед, аз он имкониятҳое, ки барои омӯзгорон муҳайё карда шудааст, пурсамар истифода барем. Барои ҷамъиятамон шогирдоне тайёр намоем, ки баҳри пешравии Ватан ҳисса гузоранд.
Хулоса, ба номи пуршарафи омӯзгорӣ муносиб бошем.

Ҳилол РӮЗИЕВ,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: