БА КИШВАРИ ОСОИШТА ҶАШНҲО МЕЗЕБАД

Дар Нуқус ба муносибати 11 ноябр – Рӯзи иттифоқҳои касаба аз ҷониби Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қароқалпоқистон таҳти шиори «Барои шаъну шарафи инсон, барои саодати мамлакат!» бо иштироки собиқадорони меҳнат ва фаъолони иттифоқҳои касаба чорабинии идона барпо гардид.

Дар чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қароқалпоқистон корҳои дар моҳҳои гузаштаи соли 2024 анҷом додашуда ҷамъбаст карда шуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби Ҷоқарги Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон як қатор фаъолон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Инчунин, ба муносибати ид ба як қатор кормандон ва собиқадорони меҳнат барои саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнаткашон ва барқарор намудани саломатии онҳо, инкишоф додани маданият ва спорт, фаъолиашон дар фаъолияти иттифоқҳои касаба ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
– Ин гуна идҳо ба мамлакати осоишта мезебанд, — мегӯяд собиқадори меҳнат X. Ермагамбетов. – Бо ташаббуси Президентамон дар тамоми мамлакатамон Рӯзи иттифоқҳои касаба васеъ қайд карда мешавад. Имрӯз иттифоқҳои касаба ба системае табдил ёфтаанд, ки ба таври ҳаққонӣ ба боварии халқ сазовор мегарданд. Бар замми ин, сохтори нави дар Ӯзбекистони Нав ташаккулёфта худашро пурра сафед мекунад. Чорабинӣ бо барномаи консертӣ дар иҷрои ҳунармандон идома ёфт.

Довуд АБИБУЛЛОЕВ, мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: