БА КОР АНДОХТАНИ ЛОИҲАҲО

Рушди иқтисодиёт барои бо кор бандкунии аҳолӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоиди зист хидмат хоҳад кард.

Рушди иқтисодиёт барои бо кор бандкунии аҳолӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоиди зист хидмат хоҳад кард.
Бахшида ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар ҳокимияти вилояти Ҷиззах муовини ҳокими вилоят, сардори садорати инвеститсия ва савдои хориҷӣ Азим Аҳмадхӯҷаев брифинг гузаронд.
Мавсуф гуфт, ки 15 феврали соли ҷорӣ дар назди роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев тақдимоти лоиҳаҳои инвеститсионии вилоятро якҷоя бо ҳокими вилоят Эргаш Солиев гузаронидем. Албатта, дар ташаккулдиҳии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҳамаи соҳаҳои вилоят ба инобат гирифта мешавад. Тӯли солҳои 2021-2023 ба нақша гирифта шудааст, ки 515 лоиҳа бо қимати 35,5 триллион сӯм амалӣ мегардад. Дар назар аст, ки ба туфайли танҳо дар соҳаи саноат пиёда гардидани 157 лоиҳа ба миқдори 25,5 триллион сӯм беш аз 15 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оянд. Ҳамчунин дар хоҷагии қишлоқ 169 лоиҳа бо ҳаҷми 9,3 триллион сӯм татбиқ хоҳад гашт, ки қариб шаш ҳазор ҷойи корӣ пайдо мешавад.
– Агар дар бораи самаранокии иқтисодӣ ҳарф занем, имконияти содирот дар ҳаҷми 310,9 миллион доллари ИМА ба вуҷуд меояд, – гуфт Азим Аҳмадхӯҷаев. 
Ӯ дар бораи комёбиҳои саноати мошинсозӣ таваққуф намуда, гуфт, ки дар панҷ моҳи соли 2020 заводи мошинбарорӣ сохта шуд ва ба фаъолият оғоз кард. Дар ин завод мошинҳои  РЕНО, КИА, Лада истеҳсол мегарданд. Боз дар назар аст, ки мошинҳои тамғаи «Wolksvagen» низ истеҳсол карда шаванд.
Ба ғайр аз ин дар ноҳияҳои Фориш ва Зафаробод корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, аз ҷумла семент ба роҳ монда мешавад.
Дар саноати бофандагӣ ва насосӣ низ се лоиҳаи истиқболнокро ба амал татбиқ намуданием. Ба туфайли аз худ гардидани 40,5 миллион доллари амрикоӣ маблағи кредит барои 2200 нафар ҷойи шуғл пайдо мешавад. Аз ҷумла, дар пойгоҳи корхонаҳои «Ҷиззах текстил», «Ҷиззах Тоштеппа текстил» ва «Пахтакор текс» корхонаҳои бофандагӣ ва калобаресӣ ташкил ёбанд.
– Дар умқи ин ғоя ва нақшаҳо фароҳам сохтани шароити мусоиди зист ба аҳолӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ ниҳон аст, – гуфт дар охир Азим Аҳмадхӯҷаев. – Мо барои ноил гардидан ба он ҳадафҳо мекӯшем.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: